ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ФАРХОР (НАТИҶАИ ТАҲҚИҚОТ)

Соли 2023 Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар доираи татбиқи лоиҳаи илмии ­­­­­­­­­­­­­­­­­«Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (барои солҳои 2021-2025) мавзуи «Таҳқиқи вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ» мавриди омӯзиш қарор дод. Муҳаққиқон бо мақсади татбиқи нишондоди ин мавзуъ дар Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Фархор ба номи Муқаддас Набиева тавассути пурсишномаи «Сатҳи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим (пурсишнома барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии соҳаҳои фарҳанг ва санъат)» таҳқиқот доир намуданд. Дар таҳқиқот афкору андешаҳои 10 нафар омӯзгор омӯхта шуданд. Таҳлили натиҷаи пурсишномаҳо нишон дод, ки кормандони Мактаби бачагонаи санъат дар фаъолияти омӯзгории худ технологияи иттилоотӣ-коммуникатсиониро (минбаъд ТИК) самаранок истифода менамоянд. Маълум гардид, ки омӯзгорон дар раванди фаъолияти кориашон шабакаи Интернетро, бештар ҷиҳати чопи маводи ёрирасон барои гузаронидани дарсҳо ва барои ба хонандагон пешкаш намудани сабти сурудҳо пайваста истифода мебаранд. Илова бар ин, омӯзгорон бо истифода аз телефонҳои мобилии худ низ маводи заруриро пайдо намуда, мавриди истифода қарор медиҳанд. Муайян шуд, ки омӯзгорон дорои собиқаҳои гуногуни корӣ (яъне аз 2 сол то 34 сол) буда, ба толибилмон аз фанҳои  таълимии «Фортепиано», «Рассомӣ», «Рубоб», «Ғиҷҷак», «Рақс», «Скрипка», «Суруд» ва «Таърихи санъат» дарс медиҳанд. Ҳамаи омӯзгорон (100%) дар пурсишнома қайд намудаанд, ки дар шароити имрӯза дар фаъолияти касбии худ аз Интернет ҳар рӯз истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар фаъолияти касбии худ ТИК-ро бо мақсадҳои пажуҳиш ва интихоби маълумоти иловагӣ (100%), ҷамъоварии маълумот тавассути лабораторияҳои компютерӣ (100%), муаррифии компютерии маърӯза дар дарс (90%), чопи маводи ёрирасон барои дарсҳо (100%), таъсиси базаи маълумот барои фанни таълимӣ (100%), таҳия ва гузаронидани дарсҳо бо истифода аз ТИК (80%), истифодаи Интернет барои ҷустуҷӯи маълумот ва худомӯзӣ (100%), истифодаи донишномаҳои мусиқӣ ва барномаҳои таълими мусиқӣ (100%), доштани вебсайт ё саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ (80%) истифода мебаранд. Омӯзгорон барои расидан ба ҳадафҳояшон ҳар кадоме вобаста ба фанни таълимии худ якчанд васоити ТИК-ро истифода мебаранд, аз ҷумла,

–  муҳаррири матн –6 нафар (60%)           

–  дискҳои мултимедиявӣ –2 нафар (20%)          

–  пойгоҳи маълумотҳои электронӣ –8 нафар (80%)     

–  барномаҳо барои таҳияи муаррифиҳо (презентатсия) –2 нафар (20%)    

–  барномаҳо барои кор ба видео, садо ва санъати графикӣ –9 нафар (90%)

–  форуми интернетӣ –2 нафар (20%)           

–  донишномаҳои рақамӣ ва луғатҳо –9 нафар (90%)  
– асбобҳои рақамӣ (сканерҳо, камераҳои рақамӣ ва видеоӣ, микроскопҳо, клавиатураҳои мусиқӣ ва ғайра) –1 нафар (10%)       
–  почтаи электронӣ –10 нафар (100%). 

Ҳамзамон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳ тавассути пурсишномаи «Вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон» (пурсишнома барои китобдорон)» дар Китобхонаи марказии ноҳияи Фархор ба номи А. Ҷомӣ ва Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Фархор таҳқиқоти сотсиологӣ доир намуданд.

Омӯзиш нишон дод, ки Китобхонаи марказии ноҳияи Фархор бо таҷҳизотҳои замонавӣ, аз ҷумла компютер – 38 адад, принтер – 1 адад ва дастгоҳи нусхабардорӣ – 1 адад таъмин аст. Аммо аз ҳисоби 38 компютер ҳамагӣ 9 адад коршоям мебошад. Фонди умумии китобхона 35692 нусха адабиёти гуногунсоҳаву гуногунмазмунро ташкил медиҳад. Захираи ҳуҷҷатҳои электронии китобхона бошад аз 1100 нусха иборат аст, ки аз ин ҳисоб 100 нусха китобҳои электронӣ мебошад. Дар китобхона 56 нусха донишнома, 84 нусха луғат, 40 нусха маълумотнома, 2 нусха тақвим, 4 нусха роҳнамо, 4 нусха ёддошт ва 12 нусха дастури библиографӣ мавҷуд аст. Мутаассифона дар китобнона ягон намуди феҳристу картотека тартиб дода нашудааст. Китобхона ба шабакаи Интернет пайваст нест.

Ҷиҳати муайян намудани вазъи истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти Китобхонаи марказӣ бо иштироки 10 нафар китобдор таҳқиқот гузаронида шуд. Таҳқиқот муайян намуд, ки дар Китобхонаи марказии ноҳия ТИКро танҳо барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ва чопи ҳуҷҷатҳо истифода мебаранд. Ба саволи «Барои такмили фаъолияти китобхона дар самти истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бояд кадом корҳоро сараввал иҷро намуд?» бештари пурсидашудагон чунин посух доданд:

– бояд китобхона бо компютерҳои наву замонавӣ таъмин ва ба шабакаи Интернет пайваст бошад;

– дониши китобдоронро дар самти ТИК баланд намуда, барои корбарӣ бо барномаҳои китобдорӣ омода намудан лозим аст;

– захираи китобхонаи ҳуҷҷатҳои электронӣ бунёд карда шавад;

– дар радифи феҳристҳои чопию баргавӣ феҳристу картотекаҳои электронӣ таҳия ва барои истифода пешниҳод карда шаванд.

Таҳлили пурсишномаҳои кормандони Китобхонаи бачагонаи ноҳия нишон дод, ки бинобар сабаби ба шабакаи Интернет пайваст набудани китобхона ва теъдоди ками технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар китобхона (1 компютер ва 1 принтер) имконият намедиҳанд, ки нерӯи пажуҳишӣ, иртиботӣ, маърифатӣ ва илмии ТИК пурра мавриди истифода қарор дода шавад.   

Барои беҳтар намудани фаъолияти иттилоотӣ-тарғиботии китобхонаҳои ноҳияи Фархор ва дар назди китобхонаҳо таъсис додани китобхонаҳои электронии анъанавӣ тавсия дода шуд, ки бо истифода аз сомонаҳои интернетии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (https://maorif.tj/) равзани «Китобҳо” (https://maorif.tj/asosi/kitoboi-dars; https://maorif.tj/asosi/kitoboi-bade); Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (https://navisandagan.tj/tj/) равзани «Асарҳо»: «Назм» (https://navisandagan.tj/tj/ category/asarho/nazm/); «Наср» (https://navisandagan.tj/tj/category/asarho/nasr/);

«Публитсистика» (https://navisandagan.tj/tj/category/asarho/publisisstika/);

«Драматургия» (https://navisandagan.tj/tj/category/asarho/dramaturgia/);

«Адабиётшиносӣ» (https://navisandagan.tj/tj/category/asarho/adabiyotshinosi1/);

«Асарҳо барои кӯдакон» (https://navisandagan.tj/tj/category/asarho/asrha-barai-kudakon/) ва сомонаи шахсии суханшинос ва муҳандис Абдуҳамид Тағоев (zarowadk.ru) равзани «Китобхона» (https://zarowadk.ru/skachat-besplatno-2/kitobkhona.html), китобҳои электрониро фаро кашида, дар компютерҳои мавҷудаи китобхонаҳо ворид созанд ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод намоянд.

Ходимони илмии шуъбаи

фаъолияти китобдории ПИТФИ

Ш. Комилзода, С. Наимов,

О. Титова, А. Раҷабова

 

барчасп: