апреля 2017

Даф: сайри таърихӣ ва намудҳои он

Даф, сози мусиқии зарбӣ буда, бо шаклу андоза ва номҳои гуногун дар саросари олам маълуму машҳур буда, дар ҳама ҷо тавассути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Даф асосан аз чанбар, пӯст, зангӯлаҳо, ҳалқаҳову шилшилаҳои филизӣ иборат буда, аслан панҷ навъ аст: Дафи зангӣ, маҳзар, мураббаъ, Дафи дурӯя ва дойра.

Чор навъи даф чанбараки мудаввар дошта, он аз чӯби тут, зардолу, чормағз ва баъзан аз чӯби яклухти ток сохта мешавад. Аслан чӯбҳои яклухти обутоб додашуда, вале

барчасп: 

Дорбозӣ

Тибқи ривоятҳо, дорбозӣ дар замони ҳазрати Алӣ низ маъмул будааст ва худи ў ҳунари дорбозиро медонистааст. Аз ин сабаб дорбозон ҳазрати Алиро пири касби худ меҳисобиданд. Ривоят мекунанд, ки то замони ҳазрати Алӣ қалъаи даҳшатноки шаҳри Хайбарро, ки атрофашро шахҳои баланду ҳавзҳои амиқ иҳота карда буданд, касе фатҳ карда натавонистааст. Алӣ лашкарашро назди он қалъаи фатҳнопазир оварда, аз ресмони борике дор сохтааст ва ҳамаи лашкариёнаш ба воситаи он ба қалъа гузаштаанд.

барчасп: 

Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши аввал)

Ҳангоми таҳқиқ маънии рамзҳо, рангу бор, нақшу нигори ҷиҳозҳо низ омўхта шуд. Вақте ки рамзҳоро мепурсидем, баъзе аз ҳунармандони ҷавон тасвирҳое, ки дар сўзаниҳо буд, то ҳадди имкон шарҳ медоданд: гули лола,  пахта, оба, давраҳо, тасвири олами атроф, чор унсур (об, оташ, хок, ҳаво) бо тарзҳои гуногун акс ёфтааст, ки ҳар яки он маъниву рамзи махсусеро ифода мекунад.

барчасп: 

Муаррифии “Намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” дар як ҳамоиш

Дирӯз дар ҳамоиши “Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик”, ки дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, китоби “Намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” низ муаррифӣ шуд.
Ҳамоиш бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишомӯзон баргузор шуд ва масоили зиде, ки ба мероси ғайримоддии миллат иртибот доштанд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Дар ин Конфронс Шариф Комилзода-Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти

барчасп: