Театр

Қадршиносии ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадоев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунарпеша ва коргардони Муассисаи давлатии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абӯлқосим Лоҳутӣ Ҳошим Гадоевев унвони фахрии «Арбоби ҳунари Тоҷикистон»-ро тақдим намуданд.
Сомонаи Сарвари давлат ахиран навишт: “Ҳошим Гадоевев зиёда аз 50 сол аст, ки дар рушду нумуи санъати тоҷик, офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино маҳбуби натанҳо мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун

барчасп: 

Шоҳҷоизаи “Парасту-2017” насиби театри давлатии ҷавонон шуд

Шамсиддин Орумбекзода - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми дирӯз, 24-уми апрел шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2017”-ро ба Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов супурд.

Маросими ҷамъбастии ин озмун шоми дирӯз бо ширкати ҳунармандон ва тамошобинон дар театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Маросими хайрбод бо Фестивал низ чун маросими оғози он бо садои дафу чанг ва

барчасп: 

Дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” шуруъ шуд

“Пизишки паррон”-и Молйер дар таҳияи Қурбони Собир ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” ҳусни оғоз бахшид.
Субҳи имрӯз дар саҳни Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ифтитоҳ шуд.
Шуруъи ин озмуни муҳими театрӣ тантанаи хоси идона дошт. Ширкаткунандагон ва меҳмонони Фестивалро бо садои дафу чанг, карнаю сурнай, доираву дутор истиқбол гирифтанд.

барчасп: 

Маэстро Исфандёр Ғуломов

Ҳунарманди маъруф Исфандиёр Ғуломов тӯли солҳо бештар аз 80 нақш дар театр ва зиёда аз 50 нақши хотирмони дигар дар сенамо бозид.
Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди маъруф ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи сенамо ва театри тоҷик ҳафтаи гузашта ба синни мубораки 70 қадам монд. Исфандиёр Ғуломов даҳсолаҳост бо нақшҳои мондагораш дар саҳнаи театрҳои кишвар ва сенамои Тоҷикистону хориҷ аз он маъруфияти зиёд касб кардааст ва яке аз беҳтарин ҳунармандони кишвар аст.

барчасп: 

Артистони халқии РСС Тоҷикистон киҳояд?

Артисти халқии РСС Тоҷикистон - унвони фахрӣ, ки 28-уми марти 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. таъсис ёфтааст. Унвони мазкур ба ҳунармандон, коргардонҳои театру синамо, овозхонон, оҳангсозон, мутрибон, дирижёрон, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони санъат барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, синамофилмҳо, инчунин барои хидматҳои бузург ҷиҳати инкишоф ва омода сохтани кадрҳои санъати ҷумҳурӣ дода мешуд.

барчасп: 

Артистони халқии СССР аз Тоҷикистон


АРТИСТИ ХАЛҚИИ СССР, унвони фахрӣ, ки 6 сент. 1936 бо Укази Комитети Иҷроияи Марказии СССР таъсис ёфтааст.
Унвони мазкур ба барҷастатарин ходимони санъати халқҳои СССР, фаъолтарин намояндагони театр, мусиқӣ ва кинои шўравӣ дода мешуд.
Бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1991) унвон аз байн рафт. Нафарони зерин аз Тоҷикистон дар солҳои гуногун ба ин унвони фахрӣ мушарраф гардидаанд:

барчасп: 

Страницы