Дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” шуруъ шуд

“Пизишки паррон”-и Молйер дар таҳияи Қурбони Собир ба Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2017” ҳусни оғоз бахшид.
Субҳи имрӯз дар саҳни Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ифтитоҳ шуд.
Шуруъи ин озмуни муҳими театрӣ тантанаи хоси идона дошт. Ширкаткунандагон ва меҳмонони Фестивалро бо садои дафу чанг, карнаю сурнай, доираву дутор истиқбол гирифтанд.
Муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машраб зимни суханронии муқаддамотии худ аҳли эҷод ва ҳунарро ба муносибати ифтитоҳи Фестивали ҷумҳуриявӣ муборакбод кард ва изҳори умед намуд, ки беҳтарин дастранҷи театрҳои кишвар дар саҳнаи он намоиш дода хоҳанд шуд. Вай аз ҷумла гуфт: “Театр дар ҳама давру замон ифодагари ҳуввият ва ормонҳои миллӣ аст. Ҳунармандони асил талош бояд варзанд, ки арзишҳои миллии моро ба ҷаҳон муаррифӣ намоянд ва ба насли оянда мерос гузоранд».
Муовини аввали Вазири фарҳанг бо ишора ба соли ҷавонон будани соли 2017 гуфт, ки аз 17 намоишномаи пешниҳодшуда муаллифи 11 намоишнома ҷавононанд.
Собиқадори театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов ва ҷавонтарин ҳунарпеша аз Театри ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе Мавлуда Неъматова парчами «Парасту-2017»-ро боло карданд.
Барномаи Фестивал-озмун бо намоиши «Пизишки паррон»-и Жан Батис Молйер  оғоз шуд, ик онро ҳунарпешаи маъруфи кишвар Қурбони Собир таҳия кардааст.
Соати 14:0 дар театри  давлатии ҷавонон ба номи Маҳмуд Воҳидов намоишномаи Абулқосим Фирдавсӣ “Дирафши ковиёнӣ” дар таҳияи Нозим Меликов шуруъ шуд.  
Соати 18:00 бошад дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов намоиши манзуми «Ҷуз сухани ганҷ магӯ» дар таҳияи Сабоҳат Қосимова тамошо хоҳанд кард.
Гуфтанист, ки Фестивал-озмун ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100 – солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Тӯҳфа Фозилова бахшида шуда, то 24 апрели соли 2017 идома меёбад.

барчасп: