Театр

Беш аз чиҳил сол дар саҳна

Қосим -кассир (хазинадор) мардест, софдилу хайрхоҳ. Дар даргоҳи шоҳ соҳиби вазифаи баланд аст. Кӯшиш мекунад, ки ҳамеша дар ҳаёт кори хайреро анҷом бидиҳад. Ва ҳар вақт ӯ ба сагҳои гуруснаи дарбор нону хӯрок медод. Вақте ки хидматгори шоҳ Бусал Қосим - кассирро ҳам аз рӯи рашку ҳасад ба шоҳ туҳмат карда мегӯяд, ки гӯё Қосим - кассир бо душманони шоҳ робитаи дӯстӣ дорад, ғазаби шоҳ меояд. Шоҳ фармон медиҳад, ки Қосим  - кассирро ба назди сагони гурусна партоянд. Қосим - кассирро назди сагони гурусна мепартоянд.

барчасп: 

Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов соҳиби бинои нав шуд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Қурғонтеппа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷоновро ба истифода дод.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Сардори давлат бинои нави хуштарҳу замонавии театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

барчасп: 

Театрҳои кишвар дар ним соли сипаришуда

Истиқболи сазовори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти шашмоҳаи аввали Вазорати фарҳанги кишвар маҳсуб меёфт. Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани  шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нав – овозхонҳо, навозандагон, раққосон, раққосаҳо, тарғиби ҳунару истеъдодҳои асил Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми истиқлол»  баргузор ва давраи ниҳоии он дар пойтахти кишвар ҷамъбаст гардид.

барчасп: 

Сабоҳат Қосимова: Фаррух ҳунарманди ботиншиносу ботиннигар буданд

“Аввалин ва бузургтарин мусиқии Илоҳӣ, мусиқии кайҳон, садои хомўшист. Мо аз хомўшӣ падид омадаем ва дар хомўшӣ нопадид мешавем. Xомўшӣ садои зодгоҳи руҳонии мост ва мо дар уқёнуси бекарони хомўшие, ки пур аз гавҳари савту наво ва назм аст, ба назми бузурги Мавлонои Балх рӯ меорем. Мо мисли атфол ҳастем, ки дар биёбон уфтода ва бими гум шудан дар ин паҳнои бекаронро дорем ва назми Мавлоноро садо мекунем ва ашъори илоҳӣ ва кайҳонии ў, мисли сафинаест дар уқёнус, ки моро аз маҳв шудан наҷот медиҳад

барчасп: 

Ортиқ Қодир: ҳунарманд, журналист ва ровӣ

Ортиқ Қодир: ҳунарманд, журналист ва ровӣ
Аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки эҳтироми хоса дар ҷомеа дорад. Дар аксар чорабиниҳои фарҳангӣ, шабҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ барандагӣ мекунад. Вақте ӯ шеърр мехонад, бисёриҳо тасаввур мекунанд, ки касе чун ӯ намехонад. Зеро шеърро басо бо дарк мехонад, чун худ маънирас аст.

Ортиқи Қодир 14-уми марти соли 1956  дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Вале мегӯяд дар ҳуҷҷатҳои расмӣ таваллудаш иштибоҳан соли 1957

Фирӯз Баҳор - бастакори маъруфи тоҷики муқими Олмон

БАҲОР Фирўз Ҳоҷиевич (тававаллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Москва (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1971).
Солҳои 1971 –1976 муаллими кафедраи назарияи мусиқии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, солҳои 1976 – 1990 котиби Раёсати Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, 1990 – 1996 муаллими Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба

Страницы