Сабоҳат Қосимова: Фаррух ҳунарманди ботиншиносу ботиннигар буданд

“Аввалин ва бузургтарин мусиқии Илоҳӣ, мусиқии кайҳон, садои хомўшист. Мо аз хомўшӣ падид омадаем ва дар хомўшӣ нопадид мешавем. Xомўшӣ садои зодгоҳи руҳонии мост ва мо дар уқёнуси бекарони хомўшие, ки пур аз гавҳари савту наво ва назм аст, ба назми бузурги Мавлонои Балх рӯ меорем. Мо мисли атфол ҳастем, ки дар биёбон уфтода ва бими гум шудан дар ин паҳнои бекаронро дорем ва назми Мавлоноро садо мекунем ва ашъори илоҳӣ ва кайҳонии ў, мисли сафинаест дар уқёнус, ки моро аз маҳв шудан наҷот медиҳад ва моро ба сўйи он ягона мақсаде, ки наҷоти башар аст, ба сўйи Ягонагӣ мебарад."

Фаррух Қосим

Фаррух Қосимов, ҳунарманди маъруф ва бунёдгузори театри “Аҳорун” агар зинда мебуд, моҳи сентябри соли равон шастуҳаштсола мешуд. Ин нобиғаи санъати тоҷик хеле бармаҳал, дар синни 62-солагӣ аз олам рафт ва аз худ хотироти тобон дар ёди дӯстону ҳампешагон ва мухлисони санъат боқӣ гузошт. Ахиран, баъд аз сари ӯ театри орзуҳояш соҳиби бинои худ шуд ва шаке нест, ки дар ояндаи наздик аз пурифтихортарин боргоҳи санъати кишвар хоҳад шуд. Танҳо такрор ба такрор мондани ҳамаи намоишномаҳое, ки Фаррухи зиндаёд ба саҳна гузошта буд, кофист, ки ин театр маҳбубияти хос пайдо кунад.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар суҳбате, ки бо ҳамсари шодравон, ҳунарпешаи маъруф Сабоҳат Қосимова доштем, бештар дар бораи ҳаёти берун аз саҳнаи Фаррухи зиндаёд пурсидем:

Фаррухро намешуд аз кораш ҷудо кард

- Аз оғози сӯҳбат мехоҳем бипурсем, Шуморо бо устод Фаррух чӣ ба ҳам оварда буд?
-  Ин ҳатман амри тақдир буд. Ҳарду донишҷӯйи Донишкадаи санъат будем. Ҳар ду ошиқи театр будем, ҳамроҳ будем.  
- Дар бораи мулоқотҳои аввалинатон чӣ ёдҳое доред?
-  Ман доим дар бораи Фаррух фикр мекунам, баъзан мехоҳам китоб-китоб дар борааш сухан гуям ё нависам. Вақте ки лаб мекушоям гумон мекунам, ки ин ҳарфҳо ва ин  калимаҳое, ки ҳозир мегӯям, дар баробари он чизе, ки бояд бигӯям, хеле кӯчаканд. Ман дар шуъбаи актёрӣ, драма ва кинои Донишкадаи санъат таҳсил мекардам. Фаррух ҳам дар Донишкада мехонд, вале дар факултаи режиссёрӣ. Баъдан ба шуъбаи мо гузаштанд. Лаҳзаеро, ки бори аввал Фаррухро дидам хуб ба ёдам дорам. Дар курси дуюм мехондем. Фаррух нав ба гуруҳи мо гузашта буд. Он рӯз ба синфхонаи шумораи 32, ки дар он дарси "Маҳорати саҳна" мегузашт, ворид шудам. Дар он синфхона миз надоштем, факат курсихо буданд ва байни синф холӣ буда, барои машқи саҳнаҳо. Дидам, ки дар он ҷо шахсе нишаставу дар даст китоб, саргарми мутолеъа аст. Чун ман бо ханда вориди синфхона шуда будам, вай аз китоб сар боло карду ба ман салом дод ва боз ба хондан идома дод. Ин лаҳзаро ман хуб ба ёд дорам. Дар зиндагии инсон баъзан лаҳзаҳои хеле кутоҳ ҳам хотирмон мешаванд, чун сарнавиштсоз меоянд. Имрӯз ҳам, ки суол аз мулоқотҳои аввалини мо кардед, ҳамон лаҳза ба ёдам омад.

- Кадом сол издивоҷ кардед?
-  Соли 1973. Баъди хатми Донишкада. Панҷ сол якҷо хондем. Баъди супурдани ҳамаи имтиҳонҳои давлатӣ, аниқтараш 29-уми майи соли 1973 издивоҷ кардем.
-  Кор бо ӯ чи гуна буд?
-  Муносибати Фаррух ба ҳар кор аз дигарон фарқ мекард. Агар кореро оғоз мекарданд, бо тамоми вуҷудашош ба он кор дода мешуданд. Агар бо касе паймонӣ дӯстӣ мебастанд, то охир дар бари дӯсташон буданд. Фаррухро намешуд аз кораш ҷудо кард. Инсоне буд, ки бо кораш зинда буд. Театро дӯст медошт, дӯст медошт бо дунёи ботинии инсон кор дошта бошад. Ҳунарманди ботиншиносу ботиннигар буданд. Боварии комил доштанд, ки дар вуҷуди ҳар инсон зебогӣ ва меҳр вуҷуд дорад, ки метавонад бар ҷаҳолат пирӯз шавад. Ҳамин зебоӣ ва меҳрро мекушиданд дар саҳна ба намоиш гузораднд. Коре анҷом намедоданд, ки тиҷоратӣ бошад. Ба ин хотир ҳар асареро, ки ба саҳна мегузоштанд, паёмҳое ба як миллати хос не, балки ба инсоният доштанд.
-  Нахустин бор дар кадом намоишнома якҷоя нақш офаридед?
-  Вақте, ки Фаррух ба курси мо омаданд, саҳнаеро бо монологи Оттело барои кор кардан, гирифта буданд. Аввалин бор ман дар он саҳна ҳамроҳашон нақши Дездемоннаро бесухан бозидам. Ҳамон ҷойе, ки Дездемонна хоб аст ва Отелло дар назди ӯ, бо худ дар гуфтугӯст. Ҷолиб аст, чун Фаррух ба ман дар Донишгоҳ изҳори муҳаббат накарда буданд. Лекин ман он касро дӯст медоштам ва инро ҳама медонистанд. Аммо Фаррух танҳо баъди хатми Донишкада ба ман изҳори муҳаббат ва пешниҳоди издивоҷ карданд. Яъне, қиссаи ишқи мо дар солҳои донишҷӯӣ ҳамсони ҳамон монологи Отелло буд, ки Дездемона хоб асту Отелло дар бораи ӯ меандешад.
“Дар як шабонарӯз ҳатто як дақиқаро барои худам сарф кунам, он дақиқаи ман туӣ...”
- Тассавур мекунам ду зиндагӣ доштед. Зиндагӣ дар саҳна ва зиндагии берун аз саҳна. Мехостам дар бораи зиндагии берун аз саҳна - муносибат бо ҳамсар сӯҳбат кунед, ки чи тавр буд?
- Мунсибати як мард бо зане, ки дар бораи шахси ӯ зиёд мегӯяд. Духтаронам ба ман мегуфтанд, ки дар дунё як мард буд шумо ба ӯ ба шаҳвар баромадед. Дигар ин хел мард нест. Ман хушбахт будам чун медонистам, ҳамсарам маро дӯст медорад. Якдигарро хуб мефаҳмидем, дасти якдигарро мегирифтем. Дар зиндагӣ бояд якдигарбахшӣ бошад, чашмпӯшӣ аз иштибоҳоте, ки гоҳе мегузарад. Ва дар чунин фазои солим фарзандон солим ба камол мерасанд. Фарзандон аз панд на, бештар аз рафтори мо, калонсолон меомӯзад. Насиҳат ҳам муҳим аст, вале пайравӣ аз рафтори волидон бештар аз насиҳат ба кӯдак таъсир дорад. Вақте Фаррух пас аз издивоҷ ба хизмати низомӣ рафта буданд, дар як сол сесаду шасту панҷ рӯз бошад, мо ба ҳамон миқдор ба ҳам мактуб навиштаем. Фаррух дар номанигорӣ ҳарчанд кутоҳбаён буданд, вале аз ҳар ҷумлаашон ман як олам маъно бар медоштам. Дар яке аз номаҳошон қабл аз бозгашт аз аскарӣ навишта буданд: "Гумон накун ки ҳар лаҳза бо ту мешавам. Ҳамин ки омадам, корро оғоз мекунем, кор зиёд аст. Аммо агар дар як шабонарӯз ҳатто як дақиқаро барои худам сарф кунам, он дақиқаи ман туӣ."  
- Фикри таъсиси театри "«Аҳорун»" кай ва аз куҷо пайдо шуд?
-  Аслан идеи таъсиси ин театр дар сари Фаррух хеле пештар аз он ки таъсис ёфт, мечархид. Ҳамеша орзу доштанд театри худро дошта бошанд. Талошҳои зиёд карданд, хеле омӯхтанд, тарҳҳои мушаххас кашиданд. Соли 1986 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” мақолае чоп шуда буд, ки Фаррух дар он гуфтанд, ки мехоҳанд тетари нав созанд.  “Ман бовар дорам, бояд театре бисозем, ки  дар он беҳтарин анъанаҳои  тафаккури ҳунарии мардумамон, ки тайи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанду имрӯз аз беэътиноӣ ва бехабариамон фаромӯш гаштаанд, зинда шаванд. Мо фаромӯш кардаем, ки агар театр ҳамчун тарҳ ё модели дунё, категорияи фалсафӣ бошад, чаро онро дар шеърамон намеҷӯем?”
Билохира, соли 1989 дар бораи таъсиси театри “«Аҳорун»” қарор баромад ва аз январи соли 1990 фаъолиятро расман шуруъ карданд. Дар оғоз дар масъалаи ҷой мушкил пеш омад. Аввалин иқдоме, ки анҷом дод, шубҳаҳо дар бораи комгориро аз миёни ҳамсафонаш берун кард, онҳо мутмаъин намуд, ки ин театр ҳатман бунёд мешавад.  Фаррух ҳунармандони ҷавонро ҷалб кард ва имрӯз метавонам гӯям, ки бахти онҳо буд, ки бо Фаррух на танҳо ҳамкор шуданд, балки аз ӯ хеле чизҳоро омӯхтанд. Онҳо бо Фаррух дунёи нави ҳунари театри миллиро пайдо карданд. Фаррух дар театри «Аҳорун» мехост дунёи орзуҳояш бисозад ва бинад. Ва нуктаи дигарро ҳам бароятон гӯям, ки қариб бист сол “«Аҳорун»” бинои худро надошт. Кормандонаш маоши хуб ҳам намегирифтанд, вале ҳамаи ин иродаи Фаррух ва дастаи ҳунарии ӯро нашикаст. Онҳо бо талош  ва дастгирии ҳамдигар бидуни руҳафтодагӣ ба кор мечаспиданд ва чун намоишнома мақбули бинандагон мегашт, он ҳамаи ранҷҳои бемакониву бемаошӣ фаромӯш мешуд. Қабули хуби намоишнома аз ҷониби бинанда саодати ҳунарманд аст, ки якбора хастагиҳои руҳиву ҷисмонии ӯро аз байн мебарад. 

"Тартюф”-и Фаррух  бештар тоҷикӣ буд, то итолиёӣ.
-  Аксари намоишномаҳое, ки бар пояи ададбиёти классикии мо рӯйи саҳани “«Аҳорун»” омаданд, аз сӯйи худи Фаррухи Қосим таҳия шуда буданд. Инсон бояд хеле омӯхта бошад, то тавонад мисли устод фалсафаи клоссикро барои имрӯзиён бозгӯӣ кунад...
-  Фаррух аз ибтидо зиёд мутолеъа мекарданд, табиъатан кулли адабиёту фалсафаи шарқу ғарбро хуб омӯхта буданд. Баъзеҳо ӯро "донишномаи зинда" мегуфтанд. Бо ин ҳама ба адабиёт ва фалсафаи Шарк ошиқ буданд. Дар суҳбате гуфта буданд: “Фақат як “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ метавонад моро аз нав созад... Бе истиқлоли фарҳангӣ, бе истиқлоли тафаккуру ҷаҳонбинӣ, истиқлоли воқеъӣ ба даст намеояд. Муҳаммадҷон Қосимов (падарашон) маҳз барои ҳамин истиқлол тамоми умр кӯшид ва ба мо ҳам васият намуд, то бикӯшем”.
Бояд гуфт, ки навкориҳои Фаррух аз театри “«Аҳорун»” оғоз нашуданд. Замоне, ки “Тартюф”-и Молйерро масалан дар саҳнаи театри Қурғонтеппа гузоштанд, аз унсурҳои миллӣ ва суннатии тоҷикӣ истифода карданд ва он "Тартюф” бештар тоҷикӣ буд, то итолиёӣ.
- Баъзе аз намоишномаҳои Фаррух бар пояи фалсафаи тасаввуф таҳия шуданд. Тасаввуф худ як мактаби бузургест, ки агар инсон онро наомӯхта бошад, метавонад дар инъикоси воқеъият ба иштибоҳ роҳ диҳад. Фаррух ин фалсафаро пеши кӣ ва аз куҷо омӯхта буданд?
-  Фаррух пеши касе дарси фалсафаи тасаввуф наомӯхтаанд. Ин суолро ба марҳум дигарон ҳам медоданд ва посухи ӯ ин буд, ки мегуфт, устодони ман тамоми бузургони ҷаҳон ва бузургони худамон ҳастанд. Мегуфтанд, ки онҳоро мутолиа мекунам ва онҳо устодони ман ҳастанд. Гоҳе асаре аз файласуфе ғарбӣ мехонданд ва дар он суоле пайдо мекарданд, пас аз чанде ҷавоби онро дар Саъдӣ ё аз Мавлоно ё дар осори Ҳофиз пайдо мекарданд. Фаррух фалсафа ва ҷаҳонбинии тасаввуфро аз осори гаронбаҳои клоссиконамон омӯхта буданд. Худи тасавуф ин омӯзиши пайваста ва кашфи асрор аст.
Фаррух дарёи дониш буданд. Ҳам дар Порис, ҳам дар Теҳрон ё ҳар ҷойе дигар вақте бо мунаққидон ва муттахасисони адабиёту фалсафа бо ӯ ҳамсуҳбат мешуданд, медиданд, ки Фаррух адабиёти шарқу ғарбро баробар медонад ва аз ганҷинаҳои тамаддуни олам огоҳии комил дорад.

Намоишномаҳои Фаррух ҷаҳонианд

- Чанд сафари ҳунарӣ ба Эрон доштед ва спектаклҳои Шуморо дар Эрон чӣ хел қабул карданд? 
-  Ба Эрон ҳашт сафари ҳунарӣ доштем ва аз ҳар сафар бо як ҷаҳон таассурот бармегаштем. Эрониён хеле мардумони бедор ва пӯёанд. Руҷуъи онҳо ба театрро наметавонам бо сухан тавсиф кунам. Дунболи маънӣ ҳастанд, бахусус ҷавононаш беҳтарин тамошобинанд. Моро хуб дарк мекарданд. Чун намоишномаҳои Фаррух муталлиқ ба миллату қавми хос нестанд, ҷаҳонианд. Аз ин рӯ моро ҳар ҷо мерафтем, Ғарбу Шарқ, хуш иститқбол мекарданд.
- Билохира замоне расид, ки “«Аҳорун»” соҳиби бинои худ шуд ва ёд дорем, ки дар як маросими ботантана он расман ифтитоҳ шуд. Чӣ хотироте аз он лаҳзаҳо доред?
- Бале, тобистони соли 2014 маросими ифтитоҳи театр буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин маросим ширкат доштанд. Бинои кинотеатри пешинаи Горкий аз тарафи ҳукумати шаҳри Душанбе таъмири пурра шуд. Хушбахтии мо дар он рӯзҳо канор надошт, чун лаҳзаи расидан ба орзӯи деринамон буд. Чун орзӯи Фаррух амалӣ шуд. Руҳаш хеле шод шуд. Ман аз ҳунармандоне ки то расидан ба ин рӯз бо театр буданд ва монданд хеле миннатдорам. Мо якҷо мушкилотро таҳаммул кардем ва якҷо ба орзӯмон расидем. Ишқи онҳо нисбат ба Фаррух ва театри Фаррух буд ки ҳамаи моро дар ин роҳ устувор нигаҳ дошт. Таваҷҷуҳи пайвастаи ҳукумат ба мо хеле муфид аст, аз онҳо низ миннатдорем. Ҳамеша мепурсанд, ки боз чи камбудӣ доред, ки бартараф кунем. Аммо мо хушбахтем, чун театри Фаррух бино дорад, то вақте театраш зинда аст Фаррух зинда хоҳад монд.

- Устод солҳои охир бемор буданд. Сабаби бемориашон чи буд? 
- Бори аввал соли 1999 ҳангоми супоридани намоишномаи “Нидои Найман-модар” (аз рӯйи романи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов “Дуроҳои бӯронӣ”) дар театри “Эски мачит”-и Қаршӣ фишори хунашон якбора боло рафт. Фишорашон то оғози намоиш баланд шуда буд, аммо ба касе чизе нагуфтанд, вақте намоишнома тамом шуд, аз ҷо баланд шуда наметонистанд. Ӯро ба бемористони Қарши бурданд, дар кома афтид. Пизишкон гуфтанд вазъаш вахим аст. Ба мо гуфтанд, бояд мардҳоро аз Тоҷикистон даъват кунед. Вазорати тандурустии Ӯзбакистон огоҳ шуда, фавран беҳтарин муттахасиси кишварро ба Қаршӣ фиристод. Ҳама гиря мекарданд, бачаҳои театри Қаршӣ. Ба ғайр аз ман. Ман ба худ ва ӯ болои сараш мегуфтам, ки ӯ бояд зинда монад. Пас аз ду рӯз чашмашона боз карданд. Болои сарашон будам. Аввал суҳбат ва ҳаракат намекарданд... Фақат оби чашмашон мерехт. Аммо ман гиря намекардам. Мегуфтам, ҳеҷ гапе не, ҳамааш мегузарад, ҳатман шифо меебанд. Баъдан ба духтарам гуфтаанд, ки агар он рузҳо модарат ҳам гиря мекард, ман тамом мешудам.

- Бо вуҷуди беморӣ ҳеҷ пояшон аз театр канда набуд. Ва бемор буданд, ки чандин сафарҳои ҳунарӣ ба хориҷи кишвар доштед.
Фаррухро аз театр кандан ин мисли он буд, ки дастгоҳи нафаскаширо аз бемор бикашӣ. Ҳарчанд ҳарф заданашон душвор буд, аммо ба зеҳнашон латма ворид нашуда буд. Ҳамон Фаррухи пешина буданд. Пас аз ин боз чаҳор намоишномаи дигар рӯйи саҳна оварданд. Вақте, соли 2003 дӯстҳои Фаррух ӯро ба Фаронса бурданд, аз Белжик ҳам намояндагони маркази фарҳангии Де-Сингел омаданд, онҳое, ки театрро соли 1993 ба Белжик бурда буданд. Онҳо ошиқи Фаррух буданд ҳама. Ба ӯ гуфтанд: "Фаррух, мо барои ту чӣ кор анҷом диҳем?" Фаррух гуфтанд, ки барои ман коре накунед, фақат як кор кунед, театрро бори дигар ба Фаронса ва Белжик биёред. Гуфтанд, театри «Аҳорун»ро биёред, ки намурад. Дӯстонаш ҳамонҷо гуфтанд, ки намоишномаи навашро маблағгузорӣ мекунанд ва онро ба Урупо мебаранд. Фаррух гуфтанд намоишномаи "Шоҳ Лир"-ро мемонад. Дӯстонаш хеле аз ӯ хостанд, ки Лирро худаш бозӣ кунад. Гуфтанд, агар худатон бозӣ кунед, боз бештар шифо меёбед. Онҳо фикри инсонро мекарданд, фикри Фаррухро мекарданд. Медонистанд, ки фақат ишқаш ба кораш ӯро шифо мебахшад. “Даҷҷол”-ро бурдем. Шоҳ Лирро монданд, аммо худашон бозӣ накарданд. Нақшро ба Қурбон Собир доданд.

Пурсид касе манзили он меҳргусил...

- Лаҳзаҳои охири ҳаёташонро ба ёд биёред?    

Ҷавоб Қосимова: Ҳамин қадар метавонам гуям, ки хеле руҳияи қавӣ доштанд. Солҳои охир тавоноии суҳбаташон дубора заифтар мешуд. Лекин ягон маротиба надидам, ки афсӯс хурда бошанд ё гиря карда бошанд. Одамон маъмулан аз мушкилоташон шикоят мекунанд, вой мегӯянд. Фаррух намегуфт. Вақте ёрии таъҷилӣ моро бурд, дар беморхона ба ман гуфтанд: "Апа шумо бароед. Маро маҷбур бароварданд. Вақте дубора омадам аҳволаш хеле бад буд. Бояд намерафтам. Фаррухро гуфтам ман бароям, гуфтанд, на нарав ва ман нарафтам... (мегиряд...)

Пурсид касе манзили он меҳргусил,
Гуфтам, ки дили ман ӯро манзил.
Гуфт: Дилат куҷост? Гуфтам бо ӯ, ...
Пурсид, ки ӯ куҷост? Гуфтам дар дил.

Кори Фаррух садсолаҳо зинда мемонад. Театри "Глобус”-и Шекспир тули солҳои сол фақат намошномаҳои Шекспирро мемонад. Аз тамоми дунё ба театри Глобус мераванд. Театри Чин, театри Ҳинд ҳам театрҳои вижаи худро доранд. Барои чӣ мо театри Фирдавсӣ, театри назм надошта бошем? Боварии комил дорам, ки театри “«Аҳорун»” аз ҳамин лиҳоз дастгирӣ шуд. Корҳои Фаррух дар театраш дар шогирдонаш ва бо онҳо зинда аст. Мо ягон фарзандамонро маҷбур накардаем, ки ту ин касбро интихоб кун ё дигарро. Интихоб бо онҳост ҳамеша. Фирдавс Қосимов писари хурдиамон дуюм дипломаш режесёрӣ як дипломаш политехникӣ аст. Ҳозир дар Донишкадаи санъат дар курси панҷум мехонанд. 10 сол мешавад дар театр аст. Агар ман медидам, ки лаёқат надорад, мегуфтам, ки писарам ин кори ту нест. Дар Фирдавс ҷустуҷуҳои Фаррухро мебинам.

Ба душвориҳо ва маризиҳо нигоҳ накарда, Фаррух шоҳ Фаридунро худашон бозӣ карданд ва ин нишони иродаи матини як фарди эҷодкор буд. 

Рафтанд Фаррух, аммо зиндагӣ давом дорад. Боварии комил дорам ба Фирдавс. Умед дорам, ҳунарманди муваффақе мешавад ва кори падарро идома медиҳад. Ба ҳамаи ҳунармандони ҷавони театрамон умед дорам, ки кори Фаррухро идома медиҳанд. Мо то тавонистем, талош кардем ишқе, ки дар дили мо аст,  ба дили онҳо низ роҳ ёбад.

Мусоҳиб Бобоҷони Шафеъ

барчасп: