Activities calendar

26 июля 2016

Нуқра Раҳматова: Агар тақлид вусъат гирад, мо мусиқии худро аз даст медиҳем...

Нуқра Раҳматова

Дар аввалин мулоқот бо ӯ, ки назди даромадгоҳи манзилаш иттифоқ уфтод, бӯи сӣ соли пеш ба машомам зад. Гумон намекунам, ки баъди рафтан аз кори радио ва телевизион ман ӯро рӯ ба рӯ дида бошам. Аммо он замон ҳар субҳу шом ва ҳатто баъзан нисфирӯзиҳо медидам. Ва на танҳо медидам, балки салом ҳам мекардам. Аммо ин бор ӯ маро нашинохт ва ман ҳам исрор накардам, ки мо қаблан шинос будем.