Фирӯз Баҳор - бастакори маъруфи тоҷики муқими Олмон

БАҲОР Фирўз Ҳоҷиевич (тававаллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори тоҷик, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии мусиқӣ-педагогии ба номи Гнесинҳои Москва (1967) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ (1971).
Солҳои 1971 –1976 муаллими кафедраи назарияи мусиқии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, солҳои 1976 – 1990 котиби Раёсати Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, 1990 – 1996 муаллими Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буд.
Фирӯз Баҳор дар жанрҳои гуногуни мусиқии муосир (балет, симфония, кантата, хор, достонҳои симфонӣ, консерт барои созҳои мусиқӣ, барои спектаклу кинофилмҳо ва ғ.) асарҳо эҷод кардааст. Эҷодиёти ӯ рангин буда, дар онҳо таҳлили амиқи ҳодисаҳои зиндагӣ, олами ботинӣ ва рўҳии инсон ба назар мерасад.
Балети «Дувалронии нозанин», симфонияҳои «Бузург» (ба хотираи Ибни Сино), «Достон» (1969), «Мароқанд» (1970) асарҳои беҳтарини Фирӯз Баҳор мебошанд.
Дар симфонияи № 1 масъалаҳои иҷтимоӣ бо обуранги романтикӣ тафсир ёфтаанд, дар симфонияҳои № 2 ва № 3 воситаҳои ифода, усулҳои тоза ва унсурҳои нави мусиқии муосирро бо нозукиҳои мусиқии миллӣ омезиш додааст, симфонияи № 4 («Бузург») ақидаҳои инсонпарварӣ ва ақлу хирадро тараннум месозад.
Фирӯз Баҳор аз ибтидои фаъолияташ худро чун оҳангсози мустақил нишон дод. Достони симфонии «Мароқанд» шўҳрати ӯро дар хориҷа афзуд. Асарҳои хурдҳаҷмаш: кантатаҳои «Зери байрақи ту», «Таронаи Октябр», асарҳо барои хор – «Марши озодӣ» (шеъри С. Айнӣ), «Байрақи зафар» (шеъри А. Лоҳутӣ), сюитаи ҳиндӣ, Этюд барои фортепиано, Албом барои Зўҳра ва ғайра мебошанд.  Муаллифи зиёда аз 50 суруд, инчунин суруду мусиқии спектакл ва кинофилмҳост.
Фирӯз Баҳор аз соли 1996 дар шаҳри Берлини Олмон зиндагӣ ва фаъолият дорад. Соли 1997 дар шаҳри Берлин нахустин консерт аз рўи асарҳои ӯ доир гардид. Солҳои 1998 – 2009 дар Берлин, Ҳамбург, Бремен, Коттбус ва дигар шаҳрҳои Олмон аз рўи асарҳои Баҳор 29 консерт баргузор шуд.
Солҳои 2001 – 2006 раиси Ҷамъияти Олмон – Тоҷикистон буд ва дар тарғиби мусиқии тоҷикӣ дар хориҷа ҳиссаи калон гузошт.
Солҳои 1997 – 2007 ҳамроҳи мусиқишинос Э. Гейзер дар шаҳри Берлин клуби мусиқии «Флейтаи афсунгар»-ро ташкил кард.
Солҳои 2007 – 2008 давраи нави ҷустуҷўҳои эҷодии композитор Баҳор маҳсуб мешавад. Моҳи майи 2007 Фирӯз Баҳор дар кори Симпозиуми байналмилалии «Румӣ – Гёте: Гуфтугўи тамаддунҳо» (дар шаҳри Хуҷанд) иштирок ва дар мавзўи «Гёте дар мусиқӣ» баромад кард.
Моҳи ноябри 2007 дар Фестивали байналмилалии мусиқии муосир «Тирамоҳи Москва» дорандаи ҷоизаҳои конкурсҳои байналмилалӣ Э. Теплухин Сонатаҳо барои фортепианои Баҳорро иҷро намуд.
Соли 2008 дар фестивали «Кинои тоҷик дар Фаронса» нахустнамоиши филми «Сирҳои оилаи»-и коргардон Валерий Аҳадов бо мусиқии Баҳор баргузор гардид.
Моҳи январи соли 2008 дар шаҳри Душанбе 65-солагии зодрўзи Фирӯз Баҳор кайд карда шуд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ўро бо ордени «Дўстӣ» сарфароз гардонд.
Моҳи марти 2008 барои комёбиҳои эҷодиаш дар соли 2007 бо ҷоизаи Иттифоқи компазиторони Русия ба номи Шостакович қадр карда шуд.
Моҳи апрели соли 2008 дар Конкурси байналмилалии композиторон ба номи С. Прокофев дар шаҳри Санкт-Петербург барои силсилаи 24 сарахбор ва фуга барои фортепиано сазовори ҷоизаи  аввал гардид.
Асарҳои Фирӯз Баҳор дар бисёр кишварҳои дунё иҷро шудаанд.
Дорандаи Мукофоти комсомолии ленинии Тоҷикистон (1978) мебошад.