Балети тоҷик аз оғоз то имрӯз

БАЛЕТ (франс. ballet, итал. balletto, лот. ballo – мерақсам), навъи санъати саҳнавӣ, ки дар он мазмуни асар ва воқеа ба воситаи образҳои рақсӣ ва мусиқӣ ифода меёбад. Сужети балет дар либретто (сенария) ифода мегардад. Дар асоси либретто мусиқӣ ва рақсу пантомима меофаранд, ороиши саҳна (декоратсия) ва либос тайёр мекунанд. Балет бо ҳамкории сенариянавис, композитор, балетмейстер, артистони балет ва рассоми ороишгар таҳия мегардад. Баъзан мусиқӣ дар балет чун воситаи ҳамовозӣ истифода мешавад. Вале дар бисёр мавридҳо ба воситаи рақс мазмуни мусиқӣ тафсир меёбад. Дар балетҳои сужетнок эпизодҳои хоса (па д аксъон) ва саҳнаҳои имову ишоравӣ мавқеи намоён доранд. Дар ҷараёни инкишофи балет шаклҳои хореографии зерин: дуэт (па-де-де), рақсҳои гурӯҳӣ ва оммавӣ (па-де-труа, па-де-карт, гранпа, па д ансамбл ва ғ.) ба вуҷуд омадаанд, ки аз ҷониби балерина, раққоси (раққосаи) якка, солист ва рақсҳои умумӣ бо кордебалет иҷро мешаванд. Балет жанрҳои зерин дорад: қаҳрамонӣ, драмавӣ, ҳаҷвӣ, романтикӣ, феерия, пантомима ва ғ. Дар балети классикӣ сужетҳои асотирӣ, афсонавӣ ва хаёлӣ хеле маъмул буданд. Балет дар асоси рақсҳои классикӣ, халқӣ, иғроқӣ (гротескӣ) ва пантомима офарида мешавад. Балет дар Аврупо дар давраи Эҳё пайдо шуда, ҳамчун навъи мустақили санъати театрӣ ташаккул ёфтааст. Аввалин намоишҳои дабдабаноки театрӣ, ки дар онҳо рақс бо суруду мусиқӣ ва декламатсия омезиш ёфт, охири асри 15 ба вуҷуд омаданд. Дар асри XYIII устодони санъати рақс инглисҳо Ҷон Рич, Ҷон Уивер, австрияёӣ Франс Гилфердинг, итолиёвӣ Гаспаро Анҷолини, фаронсавиҳо Мари Камарго, Огюс Вестрис, Луи Дюпор, Мари Салле, Добервал ва хусусан Жан Жорж Новерро дар инкишофи балет ҳиссаи сазовор гузоштанд. Ба ғайр аз рақси классикии аврупоӣ боз сабки классикии шарқӣ (чинӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, сейлонӣ, индонезӣ), ки бо маданияти миллии чандинасраи халқӣ алоқаманд мебошад, барои ташаккули балет нақши муҳим бозидааст. Дар ташаккул ва инкишофи рақси классикии рус И. Валберх, А. Глушковский, К. Дидло, М. Петипа, Л. Иванов, А. Горский, М. Фокин барин устодони рақс хизмати сазовор кардаанд. Охири асри XIX дар таърихи балети рус марҳилаи бузург гардид. Дар ин давра балетҳои «Кӯли қувон» (1976), «Нозанини хуфта» (1889) ва «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский (1892) пайдо шуданд, ки на танҳо шӯҳрати санъати балети рус, балки дараҷаи инкишофи хореографияи ҷаҳонро низ баланд бардоштанд. Хореографияи шӯравӣ анъанаҳои беҳтарини балети русро қабул намуда, дар асоси он инкишоф ёфт. Ходимони санъат як қатор спектаклҳои барҷаста: «Лолаи сурх», «Фаввораи Боғчасарой», «Ромео ва Ҷулиетта», «Золушка», «Гули сангин», «Лауренсия», «Спартак», «Бо роҳи раъду барқ», «Афсонаи ишқ», «Ангара», «Макбет», «Асри тилло» ва ғайраро ба саҳна гузоштанд, ки барномаи доимии театрҳои шӯравӣ гардиданд. Мусиқии ин асарҳоро композиторон Р. Глиэр, Б. Асафев, С. Прокофев, О. Маликов, хореографияашонро Р. Захаров, Ю. Григорович, В. Чабукиани, К. Сергеев, Л. Якобсон барин устодони номии рақс офариданд. Дар балет раққос ва рақосаҳои мумтози шӯравӣ М. Семёнова, Г. Уланова, М. Плисетская, Н. Дудинская, А. Мессерер, А. Ермолаев, М. Габович, В. Василев, Е. Максимова, Н. Павлова ба камол расиданд. Балети тоҷик дар асоси анъанаҳои бойи рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи рус ва ҷаҳон ба вуҷуд омадааст. Унсурҳои миллии балет қарнҳои зиёд дар рақсҳои халқӣ ва классикии тоҷик («Кордбозӣ», «Калтакбозӣ», «Нағорабазм», «Занг», «Ларзон» ва ғ.) мавҷуд буд, ки ҳангоми сайругаштҳои халқӣ ва тӯйҳо иҷро мешуданд. Баъди инқилоби болшевикӣ дар заминаи балети классикӣ ва санъати рақси миллӣ балети касбии тоҷик тавлид ёфт. Соли 1936 дар асоси қарори Шӯрои Комиссарони Халқи Тоҷикистон дар назди Театри мусиқии тоҷик дастаи балет (иборат аз 25 раққосу раққоса) таъсис ёфт. Ин даста аввал бо сарварии раққосони моҳир Ғ. Валаматзода, С. Хоҷаев, М. Файзибоева, Г. Пассаров, У. Ҳомидов барои драмаҳои мусиқӣ (“Восеъ»-и С. Баласанян, ««Лола»-и С. Урбах, С. Баласанян ва ғ.) дар асоси рақсҳои миллӣ саҳнаҳои аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа нисбатан тозаи рақсӣ меофариданд. Соли 1939 дар ш. Душанбе Театри опера ва балети тоҷик таъсис ёфт. Аввалин операҳои тоҷикӣ «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян, «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян ва Ш. Бобокалонов рӯйи саҳна омаданд. Шакли мураккаби рақси мардумӣ пайдо шуд. Устодони рақс Б. А. Исломова ва А. И. Протсенко бо ёрии раққосони халқӣ хореографияи миллиро барои саҳна мувофиқ месохтанд. Дар театр омӯзиши нозукиҳои балет ва рақси классикӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1941 ҳайати эҷодӣ аз намоиши саҳнаҳои ҷудогонаи хореографӣ ба балет гузаштанд. Нахустин балети тоҷик «Ду гул» (мусиқии А. Ленский, устоди рақс К. Голейзовский) буд, ки дар заминаи омезиши устокоронаи санъати балет ва рақси миллии тоҷикӣ эҷод шудааст. Дар он аввалин артистони балети тоҷик А. Азимова, А. Исҳоқова, О. Исомова, Ғ. Валаматзода, М. Қобилов, У. Рабимов, С. Баҳор ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Дере нагузашта репертуари балети тоҷик аз ҳисоби асарҳои классикӣ ва шӯравӣ бой гашт. Театр «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел, «Фаввораи боғчасарой»-и Б. Асафев, «Кӯли қувон»-и П. И. Чайковский, «Золушка»-и С. Прокофев, «Эсмералда»-и С. Пуни, «Лауренсия»-и А. Крейн барин балетҳоро манзури тамошобинон намуд. Балеринаи тоҷик Л. Зоҳидова нақшҳои марказии ин балетҳоро бо маҳорати баланд бозида, аз байни артистони балети тоҷик нахустин шуда ба унвони Артисткаи халқии СССР сазовор шуд. Соли 1947 Ғаффор Валаматзода дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанянро таҳия намуд, ки дар он имкониятҳои хореографияи миллӣ ва рақси классикиро хеле фаровон истифода бурдааст. Баъдҳо балети тоҷик ба мавзӯъҳои таърихию қаҳрамонӣ, ишқию афсонавӣ ва ғайра рӯ овард («Дилбар»-и А. Ленский, «Афсонаи кӯҳистон», «Писари Ватан», «Винни Пух ва ҳама чиз»-и Ю. Тер-Осипов, «Темурмалик»-и М. Ашрафӣ, «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ, «Алибобо ва чил роҳзан»-и Г. Александров ва ғайра). Инчунин осори классикон («Шелкунчик»-и П. И. Чайковский, «Жизел»-и А. Ш. Адан, «Ромео ва Ҷулиетта»-и С. Прокофев, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Болеро»-и М. Равел, «Хонум ва авбош»-и Д. Шостакович ва диг.) ба бойшавии репертуар ва сайқал ёфтани маҳорати эҷодии артистони балети тоҷик боис шуд. Солҳои 1958 – 60 ба ҳайати эҷодии Театри опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ як гурӯҳ хатмкардагони студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи хореографии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа барои ба саҳна гузоштани балети мураккаб имконият пайдо шуд. Дере нагузашта аз байни ҷавонон М. Собирова, Б. Исоева, М. Бурҳонов, С. Азаматова, С. Узоқова, Т. Ҷаводзода, Қ. Холов, Ш. Турдиева, В. Эшонхоҷаев, Н. Мадёрова, В. Алибоев, Ҳ. Алибоева, З. Рӯзибоева барин раққос ва раққосаҳои пурмаҳорат ба камол расиданд. Ҷустуҷӯҳои эҷодии балети тоҷик барои офаридани асарҳои нави миллӣ, аз худ кардани сарватҳои хореографияи ҷаҳон ва боз ҳам баланд бардоштани маҳорати эҷодӣ равона шуд. Моҳи июни 1977 ҳайати артистони балети тоҷик дар Фестивали байналхалқии «Куопио мерақсад» (Хелсинки) иштирок намуда, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян ва «Жизель»-и А. Ш. Аданро намоиш доданд. Инчунин дастаи ҳунарии балети тоҷик он солҳо дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон – Малайзия, Сингапур, Таиланд, Ҳиндустон, Покистон баромад кард. Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон балети миллӣ бинобар ҳаводиси сиёсию иҷтимоии солҳои аввал бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, аксар раққосони таҷрибадида саҳнаро тарк карданд, қисмате аз ҷумҳурӣҳиҷрат намуданд. Дар натиҷаи ба эътидол омадани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва саъю талоши Ҳукумати ҶТ, Вазорати фарҳанги ҶТ ва роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ якчанд чорабиниҳо ба нақша гирифта шуданд. Бинои театр таъмиру тармим гардид ва гурӯҳи эҷодии боқимонда сарфи назар аз душвориҳо корро идома дод. Тӯли чанд соли охир дар саҳнаи театр як силсила асарҳои нав, аз ҷумла балетҳои «Юсуф ва Зулайхо»-и Т. Шаҳидӣ (аз рӯи достони Абдурраҳмони Ҷомӣ), «Сиёвуш» (муаллиф ва устоди рақс С. Азаматова), «Карашмаҳои муҳаббат»-и В. Мотсарт, «Буратино»-и Н. Собитов, «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов ва ғ. намоиш дода шудаанд, ки ҳамаи онҳоро сарбалетмейстери театр С. Азаматова таҳия намудааст. Як қатор раққосу раққосаҳои ҷавону боистеъдод чун А. Бахман, З. Беляева, Д. Валиева, Б. Давлатов, И. Раҷабов ва дигарон ба арсаи ҳунар баромаданд. Як зумра ҷавонони лаёқатманд – Ф. Қосимова, М. Азимзода, П. Тошмуҳаммадова, И. Убайдуллоев, М. Маҳмудзода ва У. Сангализода барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи академии хореографии ш. Перми Федератсияи Россия фиристода шуданд. Онҳо муддати 8 сол дар ин омӯзишгоҳ зери сарпарастии устодони бомаҳорат Ю. Толстухин ва Н. Костелёва таҳсил намуда, ба театр баргаштанд. Ин ҷавонон таҳти сарпарастии сарбалетмейстри театр, дорандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Эмил Акматов дар балетҳои классикӣ – «Дон Кихот»-и Л. Минкус, «Жизел»-и А.Аден, «Кармен-сюита»-и Ж. Бизе – Р. Шедрин, «Шелкунчик»-и П. Чайковский ва ғайра ролҳо офариданд. Бо мусоидати ин ҷавонон ва ташаббуси роҳбарияти театр санъати балет хеле тақвият ёфт ва барои ба саҳна гузоштани асарҳои композиторони ҷаҳонӣ ва муосири тоҷик шароити эҷодӣ фароҳам омад.

Маъхазҳои истифодашуда:

Нурджанов Н., Таджикский театр, М., 1968;

Проценко А. И., Танцевальное искусство Таджикистана, Д., 1979:

Нурджанов Н., Опера и балет Таджикистана, Д., 2010.