Шинос шавед: Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев

Аз ду нафаре, ки ба истиқболи ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳиби унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд, яке Муҳаммадҷон Шодиев мебошад.
Муҳаммадҷон Шодиев чеҳраи ҳунарии барои аксари мутлақи мардуми Тоҷикистон, ҳатто сокинони Афғонистону Эрон ошност. Барои сокинони кишвар ҳудудан даҳ сол пеш аз нақши Нозимӣ дар филми “Дар орзуи падар” (аз рӯи асари нависанда Кароматулло Мирзоев) маъруфият пайдо кард.   Вале аслан вай ҳунарманди театр аст ва бо нақшҳои мондагораш дар намоишномаҳои зиёди театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ дар дили ҳазорон нафар ҷо гирифтааст.
Муҳаммадҷон Шодиев зодаи деҳаи Сарои ҷамоати Панғози ноҳияи Ашт аст ва 5-уми январи соли 1954 ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби зодгоҳаш гирифтааст.
Соли 1979 Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм мекунад. Алакай, дар замони донишҷӯӣ бо садои марғуладори хоси ровиёни мард шуҳратманд гардида буд. Дар солҳои 1977-1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград барандаи озмуни ровиён гардидааст.
Фаъолияти кориашро дар театри мусиқӣ-драммавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова оғоз кардааст.
Бо гузашти 62 соли умр беш аз нисфи онро дар саҳнаи театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сипарӣ кардааст. Вай соли  1984 бо даъвати роҳбарияти вақти театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе ба кор меояд. Аз он замон то ба имрӯз Муҳаммадҷон Шодиев дар ҳамин  театр фаъолият дорад.
Аммо офаридаҳои ӯ дар чандин дафтар намегунҷанд. Дар ин муддат ӯ  барои ҳаводорони театр беш аз 50 нақш офаридааст. Тамошобини театри мазкур на як бору ду бор барои нақшҳои ӯ Борбад аз "Ғуруби Аҷам", Хизирхон аз "Фарёди ишқ", Азиз аз "Дуел", Балъамӣ аз "Шоҳ Исмоил", Гурдуй аз "Баҳроми Чӯбина", Қодирқул аз "Бой ва хизматгор", Шариф Исматӣ аз "Имтиҳон", Мавлавӣ аз "Офати нафс", Тибалт аз "Ромео ва Чулетта", Боҳуй аз «Куштори як саду чордаҳ шоҳзодаи Хахоманиш», Дералд аз «Бемори хаёлӣ»-и Малйер, Виштосп аз «Зардушт», Сарлашкар аз «Искандар ва Спитамен», Ҳокими шаҳр аз «Сиёҳу сафед»- и Сартр, падари Куруш аз «Куруш ва Томирис», нақши соҳиби меҳмонхона аз «Хизматгори ду хоҷа», вазир Балъамӣ аз «Рудакӣ» ва дигарон каф кӯбидааст.
Дар ин баробар нақшҳои офаридааш дар синамо низ кам нестанд, ки на танҳо дар миқёси Тоҷикистон балки дар хориҷ аз маҳбуб гардидаанд.
Нозимӣ аз силсилафилми "Дар орзуи падар",  Анор аз "Парвози занбӯр"- и Ҷамшед Усмонов, Озар аз "Муҳити 44-46", Абдулло аз "Муҳоҷир"- и Собит Ал Валӣ, директори мактаб аз "Маҳдӣ", Устод аз "Шамсиддини Шоҳин" аз зумраи нақшҳои синамоии ӯ мебошанд.
Силсилафилмҳои «Маҳдӣ» ва «Дар орзуи падар», ки Муҳаммадҷон Шодиев дар онҳо нақши асосиро бозидааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон Афғонистону Эрон низ гарм истиқбол шудаанд.
Муҳаммадҷон Шодиев инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат намудааст. Зимнан, бо садои ӯ мероси адабии классикон ва осори адибони имрӯз дар Радиои Тоҷикистон сабт шудаву дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз мебошад.
Дар тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоише бо номи «Муҳаббат» бо коргардонии Муҳаммадҷон Шодиев ба саҳна гузошта шуд. 
Феълан, бар иловаи корҳои эҷодӣ дар ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон маҳорати актиёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзад.
Чанде пештар мегуфт, ки  ҳаводоронаш аз ӯ моноспектакле аз руйи ашъори Лоик Шералиро интизор бошанд.
Соли 2005 унвони Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро додаанд. Инчунин, дорандаи медал «Барои хизмати шоиста» буда, бо як қатор ифтихорномаҳо аз ҷониби Ҳукумат ва вазорати фарҳанг қадрдонӣ шудааст.
Ва инак, ба ифтихори 25-умин солгарди Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон Бо Фармони Президенти Тоҷикистон ба ӯ унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд.
Муҳаммадҷон Шодиев, оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст.
Ин порае аз филми ҳунарии “Доғ” бо ширкати Муҳаммадҷон Шодиев

барчасп: