Нашрияҳо

Баъзе мушкилоти омодагии касбии журналистон дар шароити муосир

Яке  аз  роҳҳои  ба  талаботи  ҷомеа  ва  дархости  журналистикаи  амалӣ мувофиқ  кардани  ҷараёни  таълим  интихоби  дурусти  фанҳои  интихобӣ  ва курсу  семинарҳои  махсус  аст.  Дар  нақшаҳои  таълимии  феълӣ  барои  чунин фанҳо 40 %  ҷудо шудааст.  Кафедраҳои тахассусӣ ҳуқуқ ва имкон доранд,  ки мувофиқи  талаби  ҷомеа  ин  ё  он  мавзўъро  барои  дарси  интихобӣ  пешниҳод намоянд.  Аммо,  мутаассифона,  ҳолатҳое  мушоҳида  мешавад,  ки ин талабот ба  назар  гирифта  намешавад  ва  тадриси  мавзўъҳои  кўҳнашуда  солҳои  сол

барчасп: 

Ёде аз Акбаралӣ Саттор, бунёдгузори матбуоти озоди замони Истиқлол, Раиси муваффақи Иттифоқи журналистон

Шояд барои ҳеч журналисти дигаре чун Акбари Саттор пас маргаш марсияхонӣ накарданд, шояд барои касе аз ҷумлаи қаламкашони матбуот ба ҳадди ӯ насӯхтанд.
Оре, марги ӯ ҳамаро ғофилгир кард. Акбари зиндадил, оне, ки ҳеч шиквае аз беморӣ надошт, тобистони гарми соли 2015 (28-уми август) ногаҳон ин олами пур аз муаммо ва пур аз фитнаро тарк кард ва ёронро дар ғамхона нишонд.
Акбар Абдулло, муовини ӯ дар Раёсати Иттифоқи журналистон дар мақолае ин суолро

барчасп: 

Камол Насрулло дар бораи Эъломияи Куруши Кабир чун сарчашмаи таърихии пайдоиши констутсияҳо

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо —  ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.
Бино ба навиштаи шоир пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар миёни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб мешавад ва дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад.

барчасп: 

Матбуоти маҳаллии Тоҷикистон ва зарурати пажўҳиши он

Агар ибтидои асри равон дар тарбияи маърифати иҷтимоии мардуми Осиёи Марказӣ, минҷумла тоҷикон васоити электронии ахбор, аз ҷумла интернет нақши бештар пайдо карда бошад, дар ибтидои садаи ХХ ҳамин нақшро, асосан, матбуоти даврӣ иҷро мекард. Ин аст, ки ҳанўз соли 1917 Зайнолобиддини Мароғаӣ дар китоби худ «Саёҳатномаи Иброҳимбек» чунин навишта буд: «Дар рўи замин нахустин асбоби тараққӣ ва тамаддуни миллатҳо, саодат ва некбахтиионҳо ба воситаи матбуот аст».

барчасп: 

Нақши расона дар фарҳанги иҷтимоӣ

Донишманди маърфи тоҷик Зафар Сайидзода дар китоби нави худ бо номи “Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ” қатори масъалаҳои хеле муҳиме аз қабили  нақши сиёсии Президенти Тоҷикистон дар рушди босуботи кишвар, гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ ва ғайра ба масъалаи расонаҳои кишвар низ таваҷҷуҳ кардааст. Дар зер порае аз ин мақола меояд:
Имрӯзҳо инсоният бо ворид шудан ба асри расонаҳо ва шаклгирии ҷомеаи иттилоотӣ

барчасп: 

Толиби Сангин-рӯзноманигори маъруф ва бунёдгузори нашриёти “Авесто” аз олам даргузашт

Ориёфар Толиби Сангинзода, рӯзноманигор ва ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик, пас аз як бемории начандон тӯлонӣ дар манзили зисташ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Табибон ҳамагӣ чанде пештар дар мағзи сари ӯ саратон кашф кардаанд. Бино ба гуфтаи дӯстонаш талошашон барои ба Эрон ҷиҳати муолиҷа фиристодан натиҷа надод, чун беморӣ аллакай ғофилгир карда буд.  
Шарҳи ҳол:
Ориёфар Толиби Сангинзода 25-уми марти соли 1965 ба дунё омадааст.

барчасп: 

Страницы