ҲУНАРҲОИ СИРКӢ ДАР ТАСВИРИ УБАЙДИ ЗОКОНӢ
Чоп шуд: 21/04/2026Адабиёт дар ҳама давру замон авзои сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва рӯзу рӯзгори табақаҳои мухталифи ҷомеаро таҷассум намудааст. Дар назари аввал чунин менамояд, ки ҳунарҳои сиркӣ ба адабиёт ҳеҷ рабте надоранд, вале ба таҳқиқ бингарем, мебинем, ки равнақу густариши ҳунарҳои сиркӣ дар адабиёт, ғолибан дар наср, бо шаклу мазмуни гуногун дар заминаи рӯҳияву кайфияти зиндагии мардуми замонҳои мухталиф инъикос ёфтаанд.








