Интишорот

Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ

Чунин ном дошт Конфронси илмие, ки дирӯз дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, таҳлилгарон, роҳбарият, кормандони ПИТФИ ва намояндагони воситаҳои ахбори чопӣ ва электронӣ баргузор гардид. Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар сухани ифтитоҳии худ ба муҳиммият ва аҳамияти  мавзўи конфронси илмӣ таъкид намуд.

барчасп: 

Фарҳанг - ҳамчун пули муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар бобати таъсири гуногунрангии фарҳанги Тоҷикистон ба мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ андешаҳои ҷолиб баён намуда, ишора кард, ки истифодаи бамавриди арзишҳои таърихию миллӣ ва иттилооти фарҳангӣ метавонад баҳри татбиқи аҳдофи рушди ҳазорсола ва рушди мавқеи кишварҳои арабӣ дар таҳкими марзҳои фарҳангии байни давлатҳо ва ба ин васила ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон аз гумроҳшавӣ ва шомил гардидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ,

барчасп: 

Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист...

22-уми сентябр Рӯзи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакист. Ин матлаб ба ҳамин муносибат аст. Дар бораи устоди ҳама шоирони олам. Дар бораи азизе, ки зиёда аз даҳ аср аст шеъраш вирди забонҳост. Шахсе, ки дар ин беш аз ҳазор сол ҳам қиммати як байташ кам нашуд. Шоири шоирон, устоди устодон. Шоире, ки ба таври ҳамешагӣ номи устодӣ дар шеърро ба худ ихтисос дод ва ин беш аз ҳазор сол вай барои шоирони ҳамаи наслҳо устод монд.
Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад
 машҳур ба Рўдакӣ шоир, асосгузори адабиёти

барчасп: 

"Таърихи низомии Тоҷикистон" дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Аввалин таърихи муфассали низомии Тоҷикистон дар ду ҷилд навишта ва чоп шуд. Ин лаҳзаҳо рӯнамоии он дар яке аз толорҳои Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, коршиносон, низомиён ва рӯзноманигрони дохиливу хориҷӣ дар ҷараён аст.

Муаллифони ин китоби пурарзиш Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов мебошанд. Муаллифон кӯшидаанд таърихи пайдоиши артишро аз қадим то ба имрӯз ба

барчасп: 

Профессор Алмос Абдуллоев аз олам даргузашт

Алмос Абдуллоев — мутриб, оҳангсоз, омӯзгор, донандаи мусиқии мардумӣ ва Шашмақом, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон, профессор, устоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов  дирӯз бар асари беморӣ  дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Алмос Абдуллоев аз зумраи шахсиятҳои маъруфи фарҳангии кишвар буд, ки дар рушди фарҳанги мамлакат хизматҳои шоиста кардааст.
Алмос Абдуллоев соли 1947 дар шаҳри бостонии Самарқанд дида ба олам кушодааст.

барчасп: 

Истиқлолияти давлатӣ ва рушди фарҳанги миллӣ

Чунин ном дошт Мизи мудавваре, ки бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар Пажӯҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Давлатзода доир гардид, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мавзуъи

барчасп: 

ФАРҲАНГИ ҲАМСОЯДОРӢ АЗ НИГОҲИ НИЁГОН

Маълум аст, ки халқи тоҷик аз қадим на саҳрогарду кучманчӣ, балки шаҳрдору деҳнишин буда, аз одобу фарҳанги шаҳрдорию деҳдорӣ ва қавмдорию ҳамсоядорӣ хуб бархўрдор гаштааст. Албатта, дар касби маърифати фарҳанги шаҳрдорию қавмдорӣ, ба хусус фарҳангу одоби ҳамсоядорӣ саҳми ниёгони андешамандонамон зиёд аст. Онҳо ин мавзўъро дар осори худ матраҳ карда, орову афкори худро ҷиҳати беҳбудии ҳаёт ва риояи қонунҳои зиндагии иҷтимоии одамон, аз ҷумла ҳамсоядорӣ баён доштаанд

барчасп: 

Анҷумани судманд дар шаҳри бостонии Панҷакент

Дар иртибот бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028», ҳамчунин «Масоили мубрами илмҳои педагогӣ, иҷтимоӣ-гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ дар замони муосир» рўзҳои 6-10-уми июли соли 2019 бо ташаббуси Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар урдугоҳи кўҳнавардии Артуч конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Страницы