Интишорот

Ҳамоиши “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи  илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ибтикори навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об” баргузор шуд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар маърӯзаи худ “Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили марбут ба об” аз ҷумла гуфт: “Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ ва гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон дорои ҷойгоҳи махсус мебошад

барчасп: 

Ёддоште аз Сотим Улуғзода: Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ

Устод Айнӣ нияти сафари Бухороро дорад. Маро таклиф кард, ки дар ин сафар ба вай ҳамроҳӣ намоям.
- Икромӣ бо ман меравад, шумо ҳам равон шавед,-мегӯяд вай. Ман корҳои таъҷилӣ ба ӯҳда дорам, вақтам танг аст, аммо дилам ба сафар кашол! Охир дар Бухоро ва атрофи он ҷоҳои таърихӣ ва осори атиқа бисёранд, инчунин бештарини воқеаҳое, ки дар китобҳои Айнӣ тасвир ёфтаанд, дар он ҷоҳо мегузаранд, қаҳрамонони асарҳои вай ҳам дар ҳамон ҷоҳо амал мекунанд. Дерест ки орзуи саёҳати Бухороро дорам ва инак

барчасп: 

Соли наватон муборак!!!

Дӯстони азиз, хонандагони сомонаи Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот !
Лаҳзае чанд ин соли куҳан сипарӣ мешавад ва мову Шумо ба истиқболи Соли нав мешитобем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави 2017 муборакбод мекунем.
Бароятон хонаободӣ ва беҳтарину хуштарин хушиҳои дунёро таманно дорем.
Ин шеъри олими шинохта, шоири хубамон Нуралии Нурзод ва поёнсухан ба онро чун

барчасп: 

Профессор Асозода: андешаву афкори маро аз китобҳоям ҷӯед

Субҳи рӯзи 24-уми декабри соли 2016 дар толори хониши ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, устодони Донишгоҳ, адибони маъруф ва донишҷӯён маҳфили илмӣ-адабии “Худойназар Асозода ва тозаандешӣ дар адабиёти тоҷик” баргузор шуд. 

Маҳфил ба ифтихори 75-умин солгарди донишманди маъруф, профессор Худойназар Асозода бахшида шуда буд.  25-уми декабр агар ӯ дар ҳаёт мебуд, ҳафтодупанҷсола

барчасп: 

Як соли корҳои интишоротии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот

Соли 2016 аз ҷониби олимони ПИТФИ Д. Раҳимов ва А. Аминов маводи эмпирикӣ ҷиҳати таҳияи номинатсияи “Чавгон” ҷамъоварӣ карда шуда, дар якҷоягӣ бо комиссияи корӣ матни номинатсия таҳия гардид. Ҳамзамон бо Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО-и Тоҷикистон ходимони илмии ПИТФИ, саволнома ва ҳуҷҷатҳои зарурии чавгонбозиро таҳия карда, ба забони инглисӣ тарҷума намуда, ба Комиссияи миллии кор бо ЮНЕСКО фиристоданд.
Соли 2016 кормандони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати

барчасп: 

Рисолати фарзанди асили миллат

Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд. Махсусан нақши инсонҳои бузург дар лаҳзаҳои фоҷиабор аз таърихи халқҳову миллатҳо муассирвоқеъ мешавад. Масалан, дар набардҳои мусаллаҳона ҳамон  лашкаркаше метавонад лашкарашро ба пирӯзӣ расонад, ки шуҷоъ ва тавоно бошад ва тавонад вобаста ба вазъияти баамаломада дар майдони ҷанг иқдоми низомии дуруст намояд ва стратегияи мукаммалро ба кор гирад.

барчасп: 

Страницы