БАРДОШТ АЗ ХОНА-МУЗЕЙИ САДРИДДИН АЙНӢ
Чоп шуд: 31/10/2024Таърих собит намудааст, ки осорхонаҳо ҳамчун пойгоҳи худшиносӣ таърихи куҳан дошта, дар таълиму тарбияи мардум ва рушди маънавиёт нақши калидӣ доранд. Шинохти таърихи гузашта, осори гаронарзиши ниёгон, шахсиятҳои таърихӣ ва зиндаву ҷовид боқӣ нигоҳ доштани ному кору пайкори онҳо ба осорхонаҳо алоқамандии зич дорад. Аз ҷумла хона-осорхонаҳо, ки аз шахсиятҳои боризу таърихӣ мерос мондаанд, осор ва зикри эшонро поянда нигоҳ дошта, дар тарбияи маънавии мардум нақши муҳим мебозанд...