Камол Насрулло дар бораи Эъломияи Куруши Кабир чун сарчашмаи таърихии пайдоиши констутсияҳо

Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо —  ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир аст. Эъломияи мазкур соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори воқеии давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст.
Бино ба навиштаи шоир пас аз қабули Эъломия Куруш на танҳо дар байни мардуми худ, балки дар миёни мардумони мамолики олам нуфузи бештарро соҳиб мешавад ва дар баробари бузургони давру замонҳо қарор мегирад. Академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” чунин навиштааст: “Ҳахоманишҳо бар хилофи подшоҳони пешини замони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои сойири халқҳо хеле бо таҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати Ҳахоманишҳо Куруш шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Форсҳо ўро ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлат ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номида буданд”.

Индомаи ин мақоларо аз ин ҷо хонед.
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон: яке аз сарчашмаҳои таърихии пайдоиши констутсияҳо дар ҷаҳон Эъломияи машҳури Куруши Кабир аст!

барчасп: