Мухтасар дар бораи созҳои мусиқии халқи тоҷик

Созҳои мусиқии мардуми тоҷик таърихи бою рангин ва қадима дошта, сарчашмаи пайдоиши баъзеи онҳо ҳатто аз ҳазорсолаҳои пеш аз милод об мехурад.Мусиқии мардуми тоҷик аз замонҳои хело қадим ба ду гурўҳи асосӣ – базмӣ ва размӣ ҷудо гардида, вобаста ба ин созҳои мусиқӣ низ, аз рўи хусусияти садодиҳиашон ба ин ду гурўҳ тақсим  мешуданд.
Дар маъхазҳои хаттии давраи Сосониён аз қабили «Фарҳанги паҳлавик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Пандномаи Зарирон», «Андарзи Хусрави Қубодон» ва ғайра дар бораи созҳои гуногуни мусиқӣ маълумот дода шудааст. Дар замони давлатдории Сосониён барои гузаронидани базмҳои тоҷгузорӣ,нишастҳои шоҳона ва дигар маросимҳо созҳои мусиқии овозашон маҳину форам ба монанди руд, даҳруд, рубоб, вочик (сози мусиқии монанд ба рубоб, ки чор тор дошт), думбак, таблак, чағона, сато, най, мўҳра, даҳамдам, меҳрак ва ғайра истифода мешуданд...

Муфасаллтар дар формати PDF

барчасп: