Нуриддин Ҷаронӣ: Фаррух нест, иқдом нест, илҳом нест...коргардон нест...

Фаррух кӣ буд?
Ҷавоб: Фаррух ҳамеша мехост ИНСОН бошад! Бале ИНСОН! Аз ин рӯ дунболи ин ном ва мақом буд. Бинобар он ҳамеша китоб мехонад.
Ва бо нафарони дӯстдори ин ном суҳбатҳо дошт, мисли ташнае, ки об меҷӯяд, вай инсон меҷуст. Ҳамеша дар ҳаракат буд. Ҳамеша дар кофтуков буд. Зиёд ҳарф намезад, кӯшиш мекард зиёд гӯш кунад. Гӯш карданро аз гуфтан як муддат зиёдтар меписандид!
Ҳамеша дар лабонаш табассум буд. Охирҳои вақт ҳар китобро намехонд. Он китобҳоеро мехонд, ки ба дардаш мехӯрданд. Дардаш бузург буд! Дарди Инсон будан! Ҳама инсон нестанд, мегуфт.
Банда дар театри шаҳри Қурғонтеппа фаъолият доштам. Рӯзҳои якшанбе хабаргириашон меомадам. Хеле хурсанд мешуданд, самимона оғӯш боз мекарданд. Ва дарҳол аз саломатӣ ва корҳои эҷодиам пурсон мешуданд. Аз нигоҳ, рафтор ва суханҳояшон маълум буд, ки мехоҳанд тағйири худ ва кори худ кунанд.  Вале сиррашон ниҳон буд, ки ниҳон.

Орифон, ки ҷоми Ҳақ нӯшидаанд,
Розҳо дониставу пӯшидаанд.

Ҳисс мекардам, ки дар дарунаш чизест, ки мехоҳад фарёд занад!
Аз банда пурсон мешуданд, ки болои кадом асар кор мекунам.
Мегуфтам: “Бӯйе аз атри Аттор”-ро мехоҳам рӯйи саҳна орам. Ба китфонам рустамона мезанаданд ва мегуфтанд: Офарин! Коре кун, ки арзанда бошад.
Бо аломати тасдиқ сар меҷунбонидам.
Ягон лаҳза ором набуданд. Мегуфтанд, кори наверо оғоз кунам.
Кадом асарро шумо рӯйи саҳна оварданиед?,- мепурсидам.
Юсуф! Юсуф!,- гуфта маро ба канор мегирифтанд...Ва хушҳол буданд... Баъди як оромии кутоҳмуддат боз мегуфанд: Ӯро оё меёфта бошам?
Банда суол мекардам: Юсуфро? Кадом Юсуфро? Ва дарҳол посух медоданд:
Ҳамон Юсуфе, ки зебост, ҳамоне ки дилрабост. Ҳамоне, ки орзуву омоли мост!
Гӯё механдиданд, вале аз дидагонашон ашк мешорид. Ва пурсидам: Гиря барои чист? Дарҳол маро канор гирифтандл ва посух доданд:
Ҳеч! Ҳеч! Ва дам ба дам ба китфонам бо дастони қавиашон мезаданд.
Ҳунарманде, ки бояд нақши Юсуфро бибозад, куҷост? Мисли он ки ман шарики саҳнаашон бошам, фарёд мезаданд.
Намедонам, гуфтам ман.
Ту ҳам намедонӣ? Хайр чӣ илоҷ? Рощашро меёбам. Ман бояд Юсуфро рӯйи саҳна биёрам! Бояд...!
Ин тараф он тарафи хонаашон гӯё дар саҳна бошанд, роҳ мерафтанд.
Шабҳо кам мехобиданд. Он шабро то щан=з ёд дорам, ки то субҳимдам дар балкон нишастем. Суҳбатҳои дилгирён доштанд. Ғазале месроиданд ва аз банда тафсирашро мехостанд. Ту шоирӣ ва режессёри хуб мешавӣ, мегуфтанд.
Намоиши “Найман” диламро такон дод!
Юсуф кай рӯйи саҳна меояд?,-суол кардам.
МЕОЯД, МЕОЯД! Бо боварӣ посух доданд.
Ва Юсуф билохира рӯйи саҳна омад.

Ёд дорам, ки мо як автобус ҳунармандон аз шаҳри Қурғонтеппа  ба тамошои Юсуф омадем. Назди Иттифоқи нависандагон, ки театри “Аҳорун” он ҷо фаъолият мекард, моломоли мухлисон буд... Бо ҳар роҳ вориди толор шудем. Намоиш оғоз шуд! Мардум гарм истиқбол карданд. Юсуф аз ҳама намоишҳои Фаррух ва умуман аз ҳамаи намоишҳои театрҳои дигар фарқ дошт.
Фаррух тағйири дидгоҳ карда буд ва баъзеҳо ҳатто намедонистанд тағйири дидгоҳ, яъне чӣ? Ва намоишро ин қабилҳо қариб, ки нафаҳмиданд!
Пешон рафтаму табрикашон кардам: Худашонро ба оғӯшам партофтанду фиғон аз дил бароварданд. Хело шоду хуррам ёфтам!
Боре намоише гузоштам, бо номи “Ҳидоят” аз рӯзгори ду орифи машҳур: Мавлоно ва Шамс.
Даъват кардам. Ҳарчанд он рӯзҳо бемор буданд ва ҳолашон хуб ҳам набуд, вале аз рӯйи ихлосе, ки бо банда доштанд, омаданд. Баъди тамошо табрикам карданду кӯдакона, ошиқона маро гуфтанд: Пешдастӣ кардӣ, мехостам ин намоишномаро ман гузорам.
Ҳоло ҳама дар пеш аст, гуфтам. Боз дигарашро шумо мегузоред.
Ва чунин ҳам шуд. “Шайхи Санъон”, “Шоҳ Фаридун”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Чунин гуфт Ащрамаздо...” ва дигар асарҳои ҷолибу дидании Фаррух  яке паси дигар рӯйи саҳна омаданд ва мухлисону муҳаққиқонро дар ҳайрат гузоштанд.
Фаррух рафтанд, ёдашон ба хайр.
Шабе дар хоб дидам, хурсанд набуданд. Гуфтам чаро хушҳол нестед?
Гуфтанд: Чаро намоиш намегузорӣ?
Гуфтам: Кадом намоишро?
Гуфтанд: “Мансури Ҳаллоҷ”, Пири чангӣ”, Мантиқ-ут-тайр”-и Атторро мегузорӣ!
Гуфтам: Фаррух нест, иқдом нест, илҳом нест. Коргардон нест...

P.S. Мавод ба муносибати зодрӯзи ҳунарманди маъруф Фаррух Қосим интишор ёфт

барчасп: