«Рақс моро муттаҳид менамояд»: фестивали чоррӯзаи байналмилалӣ ба ифтихори 100-солагии Ғаффор Валаматзода

Аз 20 то 24 ноябри соли 2016 бо иштироки гуруҳҳои ҳунарии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» баргузор мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин ин фестивал бар асоси  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016 ба ифтихори 100–солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода баргузор мешавад.
Манбаъ мегӯяд дар  фестивал Ансамбли давлатии тарона ва рақсии «КУБАНСКАЯ КАЗАЧЬЯ ВОЛЬНИЦА»-и кишвари Краснодари Федератсияи Русия, Гуруҳи рақсии Иттиҳодияии консертии ноҳияи мухтори Синьцзя́н-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, ансамблҳои рақсии “Лола”, “Гулрез”, “Базморо”, “Ҷаҳоноро”, “Чаман”, гуруҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, ансамбли рақсии “Зебо”-и шаҳри Хуҷанд, “Ситора”-и шаҳри Қурғонтеппа ва “Навои Бадахшон”-и шаҳри Хоруғ ширкат ва ҳунарнамоӣ менамоянд.
Маросими ифтитоҳи расмии Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд»  рӯзи 21 – уми ноябри соли 2016 ва  маросими анҷоми он 23-уми ноябр, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир мегарданд.
Таърихи 22 ноябр гуруҳҳои ҳунарии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Қурғонтеппа сафар мекунанд ва баргузории як барномаи муштараки ҳунарӣ барои сокинони ин шаҳр дар назар аст.

барчасп: