Графика чист?

ГРАФИКА (аз юнонии graphike ва grapho – менависам, нақш, расм мекашам), навъи санъати тасвирӣ, ки сиёҳқаламӣ ва асарҳои нафисаи чопӣ (ҳаккокӣ, литография ва ғ.)-ро дар бар гирифта, ба санъати расмкашӣ асос меёбад. Графика аввал ба маънои хат ва санъати хаттотӣ низ меомад.
Асоси санъати графика усули пйеса (моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед) аст. Аз ин рӯ дар графика, баръакси дигар навъҳои санъати тасвирӣ, хелҳои гуногуни ранг кам истифода мешавад. Ғайр аз ин тафсилоти пурра ва мукаммале, ки дар асарҳои рассомӣ дучор мешаванд, хоси графика нест.
Графика бинобар мӯъҷазии баён, имконияти ифодаи муттасили  мавзӯъ, инчунин мувофиқ будан барои нашри зиёд дар соҳаи таблиғу ташвиқ (плакат, иллюстрация, карикатура, шарж ва ғайра) ифода шуда, дар тарбияи ғоявию сиёсӣ ва бадеии омма нақши калон мебозад.
Графика аз рӯи таъйиноташ ба графикаи дастгоҳӣ (сиёҳқаламии дастгоҳӣ, эстамп), китобӣ ва рӯзномавиву маҷаллавӣ (тасвир, санъати ороиши китоб), амалӣ (марка, эълоннома, диплом, грамота) ва плакат ҷудо мешавад.
Дар Графика  баробари асарҳои мукаммал боз тарҳҳои натуравӣ ва эскизи асарҳои навъи дигари санъат – рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ низ офарида мешаванд.
Графика аз давраи Эҳё инҷониб барои ифодаи ғояҳои пешқадам, тараннуми зебоии табиат аз зиндагии инсон, инчунин инъикоси ҳаёти маданӣ ва сиёсии халқҳо роли калон мебозад. Бисёр рассомони барҷастаи ҷаҳон, аз ҷумла, Микеланҷело, А. Дюрер, Х. Рембрандт, К. Хукосой, О. Доме, Ф. Мазерел, П. Пикассо, К. Коливиц, В. Серов, В. Фоворский ва дигарон дар графика мумтоз буданд.
 


Микеланҷело


Графика  дар байни мардуми форсу тоҷик таърихи қадимӣ дошта, дар истилои араб хеле нашъунамо ёфта буд ва бино ба сарчашмаҳо, намунаҳои он дар Авесто, «Аржанг» дарҷ ёфтаанд, вале онҳо то замони мо нарасидаанд. Инчунин дар мураққаъҳо низ намунаҳои мукаммали асарҳои графикӣ дучор меоянд.


Камолиддин Беҳзод

Навъҳои гуногуни Графика, аз ҷумла сиёҳқаламиро намояндагони мактаби минётури форс-тоҷик Беҳзод, Қосималӣ, Ризо ва дигарон истифода бурдаанд.
Ба инкишофи Графика махсусан равнақ ёфтани чопи китоб ва инкишофи матбуоти даврӣ таъсири калон расонд. Графикаи тоҷик, алалхусус графикаи рӯзнома, маҷаллава плакат, аллакай дар аввали солҳои 20 асри ХХ инкишоф ёфта буд.
Дар ташаккули он рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» (бо иловаҳои мусаввари «Ширинкор», «Ҷаҳоннамо») ва маҷаллаҳои «Роҳбари дониш», «Мушфиқӣ», «Бигиз» нақши муҳим бозидаанд.
Дар карикатура ва суратҳои ҳаҷвии ин давр ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёти гузашта – урфу одатҳои зарарнок, дурӯягии бою эшонҳо, ваҳшонияти босмачиён, беҳуқуқии занҳо ва ғайра танқид мешуд. Дар ин давра Л. Бурэ, А. Патрашкин ва дигарон дар плакаткашӣ зӯрозмоӣ намуданд.
Дар пайдоиш ва инкишофи санъати ороиш ва иллюстратсияи китоб (солҳои 20)  ҳиссаи рассомон Г. Никитин ва В. Еремян калон аст.
Навъҳои гуногуни Графика, махсусан графикаи китобӣ, солҳои 30 баробари кушода шудани Комбинати полиграфии Душанбе (1934) инкишоф ёфт, ки дар ин соҳа П. Зобнин, А. Чепраков ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қариб ҳамаи рассомон бо сардории М. Р. Хушмуҳаммадов ва А. М. Орлов навъи оммабобу нишонраси санъат – «Оинаи Тоҷик ТА», плакати сиёсӣ, карикатураро интихоб намуда, асарҳои зиддифашистӣ офаридаанд. Дар давраи баъди ҷанг маҳорати касбии графикҳо баландтар ва доираи мавзӯи эҷодиёташон васеъ гардид.


Графикаи Леонардо да Винчи

Дар ҷумҳурӣ гуруҳи калони рассомон, графикони дастгоҳӣ, ороишгарони китоб, плакаткашҳо, рассомони ҳаҷвнигор ба камол расиданд (Б. Серебянский, П. Гейвандов, В. Манин, С. Краснополский, К. Туренко, Д. Винокуров, С. Вишнеполский, Ҳ. Расулов ва дигарон).
Дар санъати графикаи солҳои 40 – 50 асри ХХ ҳиссаи рассомон Б. Серебянский ва К. Туренко калон аст. Онҳо китобҳои классикони адабиёти тоҷик, рус ва ҷаҳонро оро додаанд.
Авҷи санъати графика ба солҳои 60 – 70 асри ХХ мансуб аст. Дар ин давра як гурӯҳи калони рассомони ҷавон ба майдон омаданд, ки маҳорати касбии худро сайқал дода, доираи мавзӯи эҷодиёташонро васеъ намуданд. Ин ба ҳайати эҷодии рассомони ҷумҳурӣ имконият дод, ки аввалин намоиши санъати кишварро барпо намоянд. Минбаъд дар намоишгоҳи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон чандин намоишҳои санъати графика барпо гардид, ки дар онҳо ҳамчун анъана беҳтарин дастовардҳои рассомони ҷумҳурӣ намоиш дода шуданд.
Дар рушди графикаи имрӯзаи тоҷик рассомони ҷавон Р. Азимов, В. Пӯлодов, Т. Самандаров, В. Фомин, И. Ғаниев ва дигарон фаъолона иштирок мекунанд.
Баргирифта аз китоби “Энсиклопедияи советии тоҷик”