Аз ин баёноти таҳқиқиии устод Айнӣ маълум мегардад, ки бо вуҷуди аҳаммияти таърихиву иҷтимоии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” баёни бепардаи онро аз назокати адабӣ дур шудан медонад ва ин албатта таҳсин нест. Ҳамчунин маълум мешавад, ки хеле аз назариёти устод Айнӣ дар “Намуна” хислати барномавӣ доштааст. Чунончӣ баъдан мебинем ӯ китоби “Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва мухтасари “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и ӯ”-ро навишт.
Таҳия, танзим ва муаррифии осори адибон ва шарҳи ҳоли онҳо, ки аз ҷумла дар тазкира анҷом мешавад, бештар хислати як кори фанниро дорад. Яъне муаллифи чунин осор боястӣ матнҳоро он гуна, ки ҳаст, бидуни каму кост манзур созад ва шарҳи ҳоли соҳибони асарро ба ҳадде, ки хонанда ба шахсияти воқеии онҳо ошно гардад, пешниҳод намояд.
Ба ҳар эътибор “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айниро метавон тазкира номид, агарчи устод худ онро танҳо маҷмӯа ном бурда.
Устод Айнӣ дар ин китоб, чун дар ҳамаи китобҳои пешини худ, танҳо як гирдоваранда ва муаррификунандаи осори адибони қадиму ҷадид нест, балки ин осорро тафсиру нақд менамояд. Тафсир ва нақди устод Айнӣ аз осори гирдомада дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ба ду наҳв сурат мегирад. Яке дар зимни баёни шарҳи ҳол ва муаррифии бевоситаи осори адибон ва дигар ба воситаи тавзеҳоти зарурие, ки дар поварақи китоб дода мешавад. Ин принсип аз аввалин осор, ки аз бунёнгузори адаби тоҷикӣ форсӣ устод Рӯдакӣ ҳаст, то охир идома меёбад. Масалан, дар қисмати Рӯдакӣ дар бахши “Баъзе маълумот” устод Айнӣ ба чанд мавзӯъ ба сурати мухтасар бо назари таҳқиқӣ ва танқидӣ менигарад, ки яке аз он интиқод аз назари Давлатшоҳи Самарқандӣ соҳиби “Тазкираи давлатшоҳӣ” дар хусуси қимат ва арзиши бадеии шеъри устод Рӯдакӣ мебошад. Дар ин боб устод Айнӣ менависад:
“Давлатшоҳи Самарқандӣ, мисли соири арбоби тазкира, ҳарчанд номи Рӯдакиро ба устодӣ ёд карда, аммо ба шеъраш ба назари истихфоф (сабук) нигоҳ мекунад. Ба фаҳми фақир шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳату балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад, ки ҳамин аст дараҷаи болои шеър”.
Ба ин восита барои мо на танҳо назари устод Айнӣ дар хусуси шеъри Рӯдакӣ, балки нигоҳи ӯ дар бораи моҳияти ҳунарии шеър ҳам маълум мегардад.
Дар бахши ашъори Абӯалӣ Сино, ки бидуни ҳеҷ муқаддимае омадааст, устод Айнӣ зарур медонад, ки дар ҳошия ин ҷумларо ба таъкид биёрад:
“Абӯалӣ Сино симоест, ки монандашро то ҳол замона нишон надодааст, тамоми мардуми донишманди Шарқу Ғарб эҳтироми ӯро лозим донистаанд”.
Навъи дигари шарҳҳои устод Айнӣ хислати матншиносӣ дошта, гоҳо ба маънову сиҳҳати калимаҳову ибораҳо дахл дорад ва гоҳе низ нусхаҳои гуногуни як асар ба муқоиса оварда мешавад. Дар хеле аз мавридҳо назари худи устод Айнӣ дар хусуси тарҷеҳи нусхаи интихобшуда оварда мешавад.
Дар бархе аз қайдҳои поварақии “Намуна” устод Айнӣ аз конъектура кор мегирад, яъне ба қиёси таносуб ва завқу фаросати адабӣ назари худро дар хусуси тасҳеҳи матн баён медорад. Масалан, зимни иқтибоси ашъори Камолии Бухороӣ аз “Намунаи адабиёти Эрон” дар мавриди ин байт
Бо вард ҳамнишинаму бо вард ҳамқарин,
Бо Зуҳра ҳамқиронаму бо маҳ муҷовирам.
дар ҳошия менависад: “Бояд дар ҷои “вард”и охирӣ меҳр бошад”. Дар ҳақиқат дар як мисраъ дар он таркиби мавҷуд ду бор омадани “вард”-ро табъ намепазирад.
Устод Айнӣ дар бахши Асируддини Ахсикатӣ мушоираи ӯро бо Хоқонии Шарвонӣ зикр намуда, назари интиқодии хешро чунин баён медорад: “Инсоф он аст, ки аз ин ду ғазал аз они Хоқонӣ нисбат ба ғазали Асируддин ба дараҷот баланд аст”.
Дар ҳамин матни мушоира, ки иборат аз ду ғазал аст, дар байти зерини Асируддини Ахсикатӣ:
Кашида зини ман ин визаи ҳилолрикоб,
Аз он ки шаҳпари Руҳулқудус инони ман аст.
Дар поварақӣ оварда мешавад, ки инҷо “Бояд ба ҷои “ин виза” овеза бошад. Дар ҳақиқат ин ҷо “виза” ҳеҷ маъно намедиҳад ва дар асл ин “диза” мебошад. Яъне аспе, ки бар бадан як хати кашидаи сиёҳ дорад ва манзури шоир шаб аст, ки онро ба “диза” аспи сиёҳ ташбеҳ кардааст, ки дорои рикоб (узангу) аз ҳилол аст. Иштибоҳи матни дастнавис устод Айниро ба чунон ҳадс задан водоштааст ва ба ҳақ “овеза” маъное хоҳад дошт ва “виза” ин ҷо ҳеч маъно надорад.
Устод Айнӣ дар хусуси Бадри Чочӣ менависад:
“Аксари абёти Бадрро бе шарҳ ва ҳалли луғот фаҳмидан мумкин нест. Аз ашъораш маълум мешавад, ки соҳиби тарҷума ба ҳайату нуҷум хеле вуқуф дошта хазинаи луғоти ғариба будааст.
Ҳиссае, ки мо аз сайри девон ва нақли ашъори Бадри Чочӣ гирифтем, ин аст, ки панҷсад сол пеш аз ин таърих дар Тошканд, ки синаи Туркистон аст, чунин шоири форсизабони мушкилписанд нашъунамо ёфтааст. Вагарна ашъоре, ки фаҳмидани он ба шарҳ, ҳалли луғот ва донистани фанҳои бисёр мавқуф аст, муҳаққиқини удабои форсро хушкард нест. Оре, баъзе удабо қасидае, ғазале, қитае ё ки байтеро барои қудратнамоӣ бадин услуб иншод кардаанд. Аммо сар то пои девонро бадин сиёқ касе нанавиштааст. ”
Ду нуктаи бисёр муҳим дар ин қисмати нақди шеъри Бадри Чочӣ аз сӯйи устод Айнӣ мавҷуд аст.
1) Назари устод Айнӣ нисбат ба мушкилписандӣ ва мушкилнописандӣ дар шеър.
2) Таъкид бар ин, ки забони форсӣ дар Чоч (на танҳо Самарқанду Бухоро!) 500 сол пеш ба ин ривоҷу матонат вуҷуд доштааст.
Устод Айнӣ дар қисмати Шайх Камол бештар таваққуф мекунад, чун дилбастагии хоссе ба ашъори эшон дошт ва дар хусуси вижагии ашъори Камол мегӯяд:
“Дар суханҳои Шайх Камол тарзи хоссест, ки дигаронро кам иттифоқ меафтад. Камол дар ашъори худ тарзҳои думаънодор ва ҷиносро бисёр ба кор мебарад ва ба ҳарду маънӣ ҳам шеъраш аз ҷазолат намебарояд”.
Ҳамчунин устод Айнӣ ғазали зебоеро аз Камол оварда, дар хусуси ҳусни мақтаъи он, ки чунин аст:
Ё дӯст гузин, Камол, ё ҷон,
Як хона ду меҳмон нагунҷад.
менависад:
“Ҷомеи ин авроқ (устод Айнӣ) мегӯяд: дар бадали мисраъи охирӣ. Як шаҳр ду ҳукмрон нагунҷад”, ё “Як мулк ду ҳукмрон нагунҷад” мешуд, ҳаройина ба воқеъ мувофиқтар меафтод, зеро дар воқеъ ба як хона ду меҳмон, ҳатто зиёдтар бар он гунҷидан мумкин аст. Аммо ба як шаҳр ё мулк ҳеҷ гоҳ ду ҳукмрон нагунҷидааст ва нахоҳад гунҷид”.
Бадеҳист, ки сухани Саъдӣ “Ду дарвеш дар гилеме бихуспанд ва ду подшоҳ дар иқлиме нагунҷанд” ин ҷо ба фармудаи устод Айнӣ ҳамоҳанг аст. Аммо “Як хона ду меҳмон нагунҷад” зарбулмасали халқист, ки имрӯз ҳам гунаҳои гуногуни он дар миёни мардум вуҷуд дорад ва устод Айнӣ аз он ҳатман огоҳ буда, вале назареро овардааст, ки ба воситаи он зимнан мехостааст маънои дигареро муносиби вазъи рӯзгори худ ба зеҳнҳо бирасонад.
Ҳамчунин дар бахши Бисотии Самарқандӣ устод Айнӣ бартарии Камоли Хуҷандӣ бар Бисотиро таъкид менамояд.
Устод Айнӣ борҳо ба пурғалат будани нусхаҳои дастраси худ ишора намуда, ба ин сабаб иқтибос аз онҳоро ба ихтисор меорад.
Мусаннифи “Намунаи адабиёти тоҷик” зимни иқтибоси матнҳо аз қиёси онҳо бо ашъори худ низ парҳез намекунад ва ин рафтори ӯ боиси кушоиши табъи хонанда ва ҷазби бештари ӯ ба китоб мегардад. Масалан, зимни иқтибоси ғазале аз Восифӣ бо ин байт:
Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ,
Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор, гул.
Устод Айнӣ дар поварақ менависад:
“Як байти каминаи ҷомеи ин авроқ ба мазмуни ин байти Восифӣ мутаворид афтодааст:
Ин на шабнам, ки саҳаргоҳ ба боғ уфтодааст,
Ба арақ гашта зи шарми рухи ту тар гули сурх”.
Агар ин байти устод Айнӣ баландтар ва балеғтар аз байти Восифӣ намебуд, гумон аст ки устод Айнӣ иқтибоси онро муносиб медонист. Ин ёдоварӣ як навъ нақди ғайриъаланӣ аз байти Восифӣ ҳам ҳаст. Устод дар поёни бахши Восифӣ менависад:
“Аҳаммияти ин китоб (“Бадоеъ-ул-вақоеъ”) нисбат ба китобҳои куҳнаи дигар дар ин ҷост, ки мусанниф аҳволро фошофош ва маишатро ба камоли кушодагиву бериёӣ тасвир кардааст. Одотро чунон бепарда навиштааст, ки дар бисёр ҷоҳо таъбирот аз назокати адабӣ дур рафтааст.
Чун муаллиф авоили аҳди шоҳ Исмоили Сафавӣ ва авохири даври узбакияро дар Хуросон ба чашми худ дидааст, аз номи дину мазҳаб ба вуқуъ омадани фоҷеаҳои бисёр бадро навиштааст.
Аз он ҷо ки мо ба як инқилоби иҷтимоӣ ҳозир шуда, ба як маданияти нав қадам гузоштанӣ ҳастем, табъу нашри ин китоб барои аҳолии Мовароуннаҳру Туркистон зиёда зарур аст".
Аз ин баёноти таҳқиқиии устод Айнӣ маълум мегардад, ки бо вуҷуди аҳаммияти таърихиву иҷтимоии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” баёни бепардаи онро аз назокати адабӣ дур шудан медонад ва ин албатта таҳсин нест. Ҳамчунин маълум мешавад, ки хеле аз назариёти устод Айнӣ дар “Намуна” хислати барномавӣ доштааст. Чунончӣ баъдан мебинем ӯ китоби “Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва мухтасари “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и ӯ”-ро навишт.
Дар тавзеҳот ва раҳнамоиҳои устод Айнӣ дар “Намуна” зикри қоида ва зарофатҳои таҳрири матни адабӣ низ аҳаммияти хос дорад. Аз ҷумла дар тавзеҳи байти зерини Ирсии Ҳисорӣ:
Котиби қудрат ба соди чашми мастат кардааст,
Мисраъи мавзуни қадди дилкашатро интихоб.
дар поварақ менависад:
“Котибони адаб ҳар гоҳ ба мисраъ ё байте хуб вохӯранд дар болои он “сод” мегузоранд, ки киноя аз “саҳеҳ” аст, шоир ҳамон қоидаро иқтибос кардааст”.
Ба воситаи ин шарҳи устод Айнӣ мо ба маънои бисёр абёт мерасем. Аз ҷумла ин байти Бедил:
Ноқадрдони маънии асрор нестам,
Бар ҳарчи чашм мефиканам, сод мекунам.
Устод Айнӣ бо огоҳӣ аз қоидаи илмии матншиносӣ бо вуҷуди итминони комили худ ба варианти дуруст дар асли матн дахолат намекунад, нусхаи дастрасро онгуна ки ҳаст меорад ва назари интиқодии худро дар ҳошия қайд мекунад. Аз ҷумла дар бахши Оташӣ (Мирбақохоҷаи Бухороӣ) матлаъи қасидаи “Туҳфатулаҳбоб”-и ӯро аз дастхат ба ин сурат меорад:
Ниҳад муҳри хамушӣ фитрати нозукхаёлиро,
Чу мӯ пайдо шавад набвад садо минои холиро.
Ва дар поварақ ба ҳақ менависад:
“Маънии матлаъ равшан нест. Магар ки асли нусха ба ҷои “Ниҳад муҳри хамушӣ” “Бувад муҳри хамушӣ” бошад, лекин дар ду нусха, ки дида шуд, “Ниҳад муҳри хамушӣ” аст”.
Бештари назариёти интиқодии устод Айнӣ ба адабиёти аҳди охир тааллуқ дорад. Ин як амри табиист, зеро ба тадриҷ сарфи назар кардан аз қоидаҳои фасоҳату балоғат бештар мушоҳида мешавад.
Интиқодоти Айнӣ аз тақлиди нораво ва беҳосили бештаре аз шоирони ин аҳд аз сабки Бедил, ба ҳама маълум аст ва аз он сарфи назар мешавад. Аммо ба ҷуз ин ҳам интиқодоти ҷиддии дигари устод вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар бахши Муллораҷаб Парии Ҳисорӣ зимни интиқод аз мақтаи ин ғазали Парӣ:
Дар ишқ наёмӯхтаӣ аз Парӣ омӯз,
Девонагиву ҷайби шикебоӣ даридан.
Дар охири ҳарду мисраъ аломати савол гузошта, менависад: “Мақтаъ хеле вайрон менамояд, мумкин аст, ки дар мисраъи аввал ба ҷои “наёмӯхта” “навомӯхта” бошад ва ба таҳрифи нависандагон хато шуда бошад.
Аммо дар мисраъи сонӣ “йо”-и дувуми калимаи “шикебойӣ” аз таътеъ зиёд аст. Парӣ ҳарчанд шеърро салису сода месарояд, дар баъзе ҷоҳо аз ҳамин хел хатоҳо эмин намемонад”.
Дар хусуси эроди аввали устод Айнӣ метавон гуфт, ки калимаи “наёмӯхта” (ноомӯхт) дар маҳалли иқомати Парии Ҳисорӣ ба маънои касе, ки дар коре ҳеҷ навъ огоҳӣ ва малака надорад ё аз коре, ҳатто ваҳшат ва рамидагӣ дорад маъмул аст. Ҷанбаи манфии ин калима бештар аз “навомӯхта” аст ва таъкиди Парӣ ҳам метавонист ба он маъно бошад. Аз эроди устод Айнӣ маълум мегардад, ки ин калима дар забони адабии умумии он рӯзгор роиҷ набудааст. Аммо эроди дувуми устод Айнӣ, дар хусуси кутоҳ хондани “йо”, ё онгуна ки имрӯз мегӯем ”ӣ” и зада дар шеър яке аз ҷиддитарин эродҳои вазни шеъри муосири мо мебошад, ки имрӯз ҳам хеле ривоҷ дорад.
Чанд саҳифа баъдтар дар бахши “Муллоабдулкарим Сипандии Самарқандӣ” бо овардани ин байт:
Сипандӣ, ёр ба аҳдаш вафо накард, бирафт,
Маро зи сина қарору зи дида хоб имшаб.
Устод Айнӣ дубора ба ин иштибоҳи вазн таваҷҷуҳ мекунад ва ба лаҳни шадид менависад:
““ӣ”-и Сипандӣ аз вазни матлуба зиёд аст. Як қисми шуарои мутааххир ба ин бало гирифторанд. Аммо аз монанди Сипандӣ як шоири куҳансол амсоли ин кор аҷиб аст. Девони Сипандӣ мутолиа шуд, дар аксари абёташ ин қисм завоид ҳаст”.
Ҳамчунин дар ҳамин бахши Сипандӣ дар мисоли шеъри ӯ бар вуҷуди лакнати дигари вазн, ки сабаби ба миён омадани он ба эътибор нагирифтани ҳарфи “ъайн” аст, ишора мекунад.
Ман нозукии лутфи кадом узви ту гӯям,
Бошӣ ту зи сар то қадамат кони назокат.
Устод Айнӣ дар ҳошияи ин байт менависад:
“Дар ин мисраъ таркиби “кадом узв” ро ба шарте вазн мусоада мекунад, ки ба ҷои ҳарфи “ъайн” и “ъузв” алиф бошад, зеро дар он сурат ба сабаби васли мими ”кадом” бо “зод”-и “узв” васл ёфта алиф, яъне ҳамза соқит мешавад. Аммо “ъайн” аз ҷумлаи ҳуруфи васлияву соқита нест. Ҳамоно қурби садои “ъайн” бо ҳамза шоирро ба хато андохтааст. Амсоли ин кор дар арӯз лозимулиҷтиноб аст”.
Имрӯзҳо, ки ҳарфи “ъайн”дар бисёр мавридҳо дар навишт ҳам намеояд, ин навъ хатои вазн дар шеъри мо умумӣ ва фарогир шудааст. Таъкиди устод Айнӣ дар хусуси ҳатмӣ будани эътибори садо ва ҳарфи “ъайн” бар он вомедорад, ки мо бори дигар дар имлои ин ҳарф тааммул ва таҷдиди назар бикунем.
Афкори интиқодӣ ва назариёти раҳнамоёнаи устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” бо он чи дар ин мухтасар гуфта шуд, поён намеёбад, балки хеле муфассалтар ва қобили як пажӯҳиши доманадор аст. Он гуна, ки дар ду мисоли охирӣ дидем, ин назариёт барои аз байн бурдани бисёре аз навоқис дар таълифоти адабии имрӯз ҳам мусоидат хоҳад намуд.
Рустам ВАҲҲОБ,
устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон,
сардабири маҷаллаи “Садои Шарқ”