Нақши сарнавиштсози Иҷлосияи XVI дар бунёди давлатдории навини миллӣ

Чунин ном дошт конфронси илмӣ-амалие, ки дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шариф Комилзода – Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар суханони муқаддамотии худ иброз дошт, ки истифодаи ибораи “иҷлосияи сарнавиштсоз” маъмулӣ шудааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки миллат кайҳо ба дарки ин нукта расидааст, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия ояндаи бунёди як ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ тарҳрезӣ шуд. Ин иҷлосия муҳимтарин фалокати иҷтимоӣ – ҷанги дохилиро, ки метавонист миллатро ба нобудӣ кашад, хатм кард, оташи онро хомӯш намуд. Рӯзи анҷоми иҷлосия ин ҷанг хомӯш нашуд, вале тадриҷан, тибқи ҳамон барномарезӣ он хомӯш гардид.

Сарвари Пажуҳишгоҳ  интихоби Эмомалӣ Раҳмонро бурди иҷлосия ва бахти мардум номид ва гуфт: “Мардуми Тоҷикистон дар Раёсати олии кишвар шахси­яти ормониеро дидан мехостанд, ки аз қалби мар­дум бархоста, шебу фарозҳои зиндагӣ, талху ширинӣ, дарду мушкилот ва орзуву омоли ўро донад, розу ниёз­ҳои кунуниву таърихии миллатро дар мағзи ҷони худ парваридаву эҳсос карда бошад, бо садоқати фарзандӣ халқу Ватанро ҳимоят ва ба зиндагии шоистаи озодвор ҳидоят намояд. Вакилон бо такя ба ин ҳусни нияти мардуми азияткашида ҷавонмардеро ба сарварии миллат баргузиданд, ки бо ҷасорату тавон­мандӣ, фазилати давлатдорӣ ва мардумсолорӣ, бо фаросату заковати фитрӣ, бо муҳаббати сўзон ба хиттаи аҷдодӣ дармон бахшидан ба захмҳои носури миллатро ба дўш гирифт”.

Дар Конфронси илмӣ-амалӣ нависанда Сироҷиддин Икромӣ дар  мавзуъи “Нақшии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими ҳувияти миллӣ” суханронӣ кард. Сироҷиддин Икромӣ гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳими иҷлосия таҳкими ҳуввияти миллӣ буд ва ин ҷузъе аз барномаҳои амали Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз сол ба соли дигар таҳким ёфт.

Прфессор Мурод Муродӣ масъалаи бозтоби иҷлосияи 16 дар матбуоти кишварро ба чолиш кашид. Вай гуфт: Матбуот дар инъикос ва мусоидат намудан ба дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мубрами кишвар, аз қабили хотима бахшидан ба бесарусомонӣ, кашмакашиҳо ва талошҳои беҳудаи мансабхоҳӣ, ба эътидол даровардани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, раҳоӣ аз вартаи буҳрони иқтисодӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, тақсими замин ба аҳолӣ, бунёди шоҳроҳҳои азим ва таъмири роҳҳо, иктишофи нақбҳо, сохтмони иншоотҳои бузург, ба кор даровардани корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, таҷлили маросимҳои анъанаию суннатӣ, ҷашнҳои таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ, тарғиби фармонҳои Президенти кишвар ва қарору дастуроти Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили танзими расму оин, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ки дар ҷомеаи кунунии мо маҳз бо шарофати самараи ояндасозии қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон амалӣ гардиданд, бешубҳа нақши муҳим, босазо ва некбинона дорад.

Дар Конфронс номзади илмҳои таърих Қурбоналӣ Бӯриев дар мавзуъи “Инъикоси ғояҳои Иҷлосияи сарнавиштсоз дар осори олимони тоҷик”, номзади илмҳои филологӣ Абдумуъмин Қутбиддинов дар мавзуъи “Эмомалӣ Раҳмон ва бунёди давлатдории навини миллӣ”, Абубакр Зубайдов “Саҳми Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ” суханронӣ карданд.

Дар хотима миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон дар атрофи масъалаҳои мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.