Бунёдгузори санъати хореографии тоҷик

Дар мақола маводи марбут ба фаъолияти эҷодӣ ва иҷрокунандагии асосгузори санъати хореографии тоҷик – Ғаффор Валаматзода мавриди таҳлил қарор гирифта, саҳми ў дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ ва тарбияи истеъдодҳои ҷавон арзёбӣ шудааст.

Ғаффор Валаматзода тамоми умри бобаракати хешро баҳри рушду нумўи санъати хореографии тоҷик бахшида, дар ин ҷода комёбу муваффақ шудааст. Ў дар баробари эҷоди асарҳои саҳнавӣ, таҳияву басаҳнагузории рақсҳо ва роҳбарӣ ба фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ боз чиҳати рушди санъати хореографии тоҷик тавассути васоити ахбори умум афкору андешаҳои ҷолиб баён намудааст. Бо қалами Ғаффор Валаматзода беш аз 80 асару мақолаҳо, мубоҳисаву ёддоштҳо тааллуқ доранд. Ҳамзамон, оид ба зиндагинома ва самтҳои гуногуни фаъолияти эҷодиву ҳунарии Ғаффор Валаматзода осори зиёди чопиву электронӣ интишор гардидааст, ки барои омўзиш, таҳқиқ ва муаррифии корномаҳои ў аз манфиат холӣ нест. Ҳаёт, зинаҳои камолоти эҷодиву ҳунарӣ ва ба олами санъат ворид шудану комёб гаштани Ғаффор Валаматзодаро муҳаққиқон Н. Нурҷонов, М. Назаров, У. Боймуҳаммадов, М. Ҷўрабекова, А. Мороз, А. Протсенко, воқеъабинона таҳлил намуда, дар асару мақолаҳояшон [2, 9, 12-17, 20]  фаъолияти пурсамари эҷодӣ, истеъдоди баланди ҳунарӣ ва саҳми назарраси ўро дар инкишофи санъати хореографии тоҷик нишон додаанд.

Соли 2006 ба ифтихори 90-солагии Ғаффор Валаматзода китобномаи шарҳиҳоли ў интишор ёфт ва 622 номгўи маводи чопиву электрониро фаро гирифт. Имсол нашри дуюми такмилёфтаи он ба табъ расид ва дар маҷмўъ ҳарду нашр метавонанд ба муҳаққиқону мутахассисони соҳа маълумоти бештареро дар самти валаматзодашиносӣ пешниҳод намоянд.

Асосгузори хореографияи тоҷик Ғаффор Валаматзода 9-уми майи соли 1926 дар шаҳри Хуҷанд дида ба олам кушодааст. 

Фаъолияти ҳунарии Ғаффор Валаматзода пас аз хатми Техникуми мусиқӣ-театрии шаҳри Хуҷанд соли 1932 дар Театри мусиқии Ўзбекистон ба ҳайси артисти балет оғоз меёбад. 

Соли 1934 дар Тоҷикистон Театри мусиқӣ таъсис меёбад ва Ғаффор Валаматзодаро барои идомаи фаъолияти кориаш ба ин Театр, ки номи Лоҳутиро гирифта буд, даъват мекунанд ва ў дар ин вазифа то соли 1939 фаъолият менамояд. Оғози кор дар саҳнаи театр душвориҳо дошт. Ғаффор Валаматзода дар ҳамкорӣ бо ҳунарпешагони театр дар назди худ вазифа гузоштанд, ки барои таҳия ва ба марази тамошобинон гузоштани асарҳои саҳнавӣ, бахусус рақси тоҷикӣ, ба ноҳияву деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафар намуда, ба хусусиятҳои хоси намудҳои мухталифи эҷодиёти халқ, аз қабили эҷодиёти ҳаваскории бадеӣ ва эҷодиёти ҳунарҳои мардумӣ аз наздик шинос шаванд. Таваҷҷуҳи онҳоро бештар таърихи пайдоиши рақсҳои қадимаи мардумӣ, алоқамандии онҳо ба таърих, урфу одат, расму оини маҳал, истифодаи нақшу нигори миллӣ дар такмили мазмуни рақс, тарзу усул ва хусусиятҳои хоси иҷроиши рақсҳо ба худ ҷалб карданд. Онҳо тавассути ба намоиш гузоштани барномаҳои ҳунарӣ, мулоқоту вохўриҳо бо пиронсолони деҳот, омўзиши фаъолияти дастаҳои худфаъолиятии ҳунарии маҳалҳо тавонистанд маводи ҷолибро барои бунёду таҳияи намоишномаҳои нави мусиқӣ-хореографӣ ҷамъ оваранд. Ин мавод ҳамчун манбаи нодир дар таҳияи силсилаи рақсҳои миллии тоҷикӣ барои намоишномаҳои «Восеъ» (с. 1937, бо ҳамкории М. Файзибоева), «Лола» ва «Шўриши Восеъ» (с. 1939, бо ҳамкории А. Исломова ва А. Протсенко) мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, дар ин хусус ­Ғаффор Валаматзода ва Арусяк Исломова чунин менигоранд: «Таҳияю ба саҳнагузории рақсҳо дар намоишномаи «Лола» дар назди мо балетмейстрони ҷавони театр вазифаи масъул - нишон додани хусусиятҳои хос ва гуногуншаклии санъати хореографии тоҷикро гузошт. Иҷроиши ин вазифа душвориҳои зиёд дошт…. Мо бо истифода аз маводи ҷамъшуда кўшиш кардем, ки рақси миллии тоҷикиро бо тамоми нозукию худвижагиҳояш пешорўи тамошобинон гардонем. Ба ин хотир, мо аз аҳоли нақшу нигори миллӣ, гулдузӣ ҷамъ кардем, оҳангу сурудҳои навро навиштем, савту усулҳои ба мо номаълумро аз бар кардем»  

Ғаффор Валаматзода аз 1939 то соли 1945 вазифаи солисти балет ва балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Моҳи марти соли 1940 Ансамбли тарона ва рақси тоҷикӣ таъсис меёбад, ки дар ҳайати он 75 нафар мутрибону ҳофизон ва раққосон аз тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ шомил буданд.  Ҳайати Ансамбл наздик ба 100 асари классикию халқӣ, қадимаю нави вокалӣ ва хореографӣ ҷамъ намуда, онҳоро такмил доданд ва ба Даҳаи санъати тоҷик дар Маскав пешниҳод намуданд, ки дар ин кор саҳми Ғ. Валаматзода хеле калон аст. Аз ҷумла, Директор ва роҳбарии бадеии ҳамонвақтаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон Р. Загорянский ва Л. Худолей чунин менигоранд: «Бо шарофати ҷавони боистеъдод, сарбалетмейстри Филармония Валаматзода Ансамбл ба муваффақиятҳои беназир ноил гардид»  

Ҷанги Бузурги Ватанӣ чун ҳодисаи азими таърихӣ ба тамоми ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа таъсир расонид ва тақозо намуд, ки ҳар як фарди ватанхоҳ фаъолияти хешро ба шароити замони ҷанг мувофиқ созад. Аз ин рў, дар репертуар ва барномаҳои консертии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Ансамбли тарона ва рақс бештар асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, намоишномаҳо, сурудҳо, рақсҳои халқӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвӣ ворид карда шуданд, ки ба вижагиҳои давраи ҷанг созгор буданд.

Ғаффор Валаматзода ҳамчун устоди рақс дар таҳия ва ба саҳнагузории намоишномаҳои солҳои ҷанг, аз қабили «Ду гул» (с. 1941), «Розия» (26 декабри соли 1942) «Тоҳир ва Зуҳро» (5 декабри соли 1944) саҳми муносиб гузоштааст. Ў на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар майдонҳои ҳарбу зарб ва дар байни ҷанговарони тоҷик бо барномаҳои ҷолиби консертию ҳунарӣ, ҳунарнамоӣ карда, сазовори таҳсину эҳтиром гаштааст.

Солҳои ҷанг аз ҳисоби ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки дар ҳайати он Ғаффор Валаматзода низ шомил буд, бригадаҳои бадеии консертии фронтӣ ва театрҳои фронтӣ созмон дода шуданд. Ин бригадаҳои ҳунарӣ ду маротиба (октябр - ноябри соли 1941 ва октябр - ноябри соли 1942) ба Эрон сафари ҳунарӣ намуда, консертҳо намоиш доданд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимов натиҷаи сафари дуюми бригадаи консертиро ёдрас шуда, чунин менигорад: «Мо ба ин мамлакат ба сифати меҳмонони қисмҳои дар он ҷо будаи Армияи Советӣ дохил шудем. Дар ҳама ҷо моро бо як ҳисси махсуси меҳмоннавозӣ пешвоз мегирифтанд…. Оҳангҳои қадимаи сурудҳои «Хуш он замон», «Гулпарӣ», «Ташниз», ва рақсҳои дилфиреби ­Ғаффор Валаматзода, Офтоб Исомова, Ашўра Носирова, зарбҳои доирадасти мо Кимсан Маҳкамовро бо қарсакҳои пурмавҷ истиқбол мегирифтанд. … Дар ин сафар гурўҳи ҳунармандон 87 маротиба консерт намоиш дода, ба Тоҷикистон баргаштанд»  

Дар ҳайати бригадаи консертии фронтии 17- нафараи ҳофизон, мутрибон ва раққосон, ки моҳи декабри соли 1942 Раёсати санъати назди ШКХ Тоҷикистон созмон дод, ­­Ғаффор Валаматзода низ шомил буд. Барномаи ҳунарии бригадаро охири моҳи декабри соли 1942 дар Москва аз назар гузарониданд. «Аз январ то 5 марти соли 1943 бригада 128 консерт намоиш дода, ба бештар аз 30 ҳазор тамошобин хизмат расонид. Танҳо дар фронти Волхов 122 консерт намоиш дода шуд» [11].

Метавон гуфт, ки нимаи дуюми солҳои сиюм ва нимаи якуми солҳои чилум барои Ғаффор Валаматзода солҳои воридшавӣ ба олами беканори санъати хореографӣ, омўзишу таҳқиқ ва нишон додани истеъдоди баланди касбӣ дар ҷодаи интихобкардааш маҳсуб меёфтанд. Маҳз ҳамин истеъдоди баланди касбиаш ба ў имкон дод, ки ҳамчун устоди рақс дар таҳияю ба саҳнагузории аввалин намоишномаҳои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, аз қабили «Восеъ», «Лола», «Шўриши Восеъ», «Ду гул», «Розия», «Таҳмоси хуҷандӣ», «Тоҳир ва Зуҳро» саҳм гузорад. Барои хизматҳои шоёнаш дар пешбурди санъати хореографии тоҷик ва иштироки фаъолонааш дар аввалин Даҳаи санъати тоҷик дар Москва ­Ғаффор Валаматзода бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1941) мукофотонида шуда, соҳиби унвонҳои «Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» (с. 1941), «Артисти халқии РСС Тоҷикистон» (с. 1945) мегардад. Ин қадрдониҳо далели он аст, ки Ғаффор Валаматзода ҳануз дар солҳои ҷавониаш худро ҳамчун санъаткори асил муаррифӣ намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ғаффор Валаматзода барои боз ҳам ошноӣ пайдо кардан ба нозукиҳои санъати хореографӣ соли 1945 дар Театри Калони ИҶШС ва Омўзишгоҳи хореографии шаҳри Москва ҳамчун коромўз сатҳи дониши касбии хешро такмил медиҳад. Омўзишу пажўҳиш ва шиносоӣ бо олимону мутахассисони варзидаи соҳаи санъати хореографӣ ўро водор сохт, ки дар яке донишкадаҳои тахассусӣ таҳсил намояд. Ў соли 1946 ба Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскии шаҳри Москва шомил шуда, онро соли 1951 бомуваффақият хатм менамояд.

Пас аз хатми донишкадаи олии касбӣ ў ба сифати сарбалетмейстри Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ (с. 1951-1956) ифои вазифа мекунад. То оғози кор дар ин вазифа бо саю кўшиши Ғаффор Валаматзода намоишномаҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Князь Игорь», «Оршин мол-олон», «Сарчашмаи бахт» рўи саҳна омаданд. Аввалин кори мустақилонаи Ғаффор Валаматзода дар эҷоди асари саҳнавӣ намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» буд. Роҷеъ ба ин намоишнома мулоҳизаҳои ҷолиби мутахассисони соҳа баён ёфтанд. Аз ҷумла, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов чунин менигорад: «Аввалин спектакли офаридаи Валаматзода балети «Лайлӣ ва Маҷнун» мебошад, ки он соли 1947 барои театр марҳалае гардид. Дар ин намоишнома бори аввал дар балети тоҷик рақси классикӣ фаровон истифода бурда шуд ва бори аввал дар он элементҳои рақси миллии тоҷик пайваст гардид» [18]. Дар ин хусус, собиқ вазири маданияти Тоҷикистон Меҳрубон Назаров низ андешаҳои ҷолиб баён кардааст: «Спектакли мароқовари театр – аввалин спектакли мустақилонаи балетмейстри ҷавон, яке аз асосгузорони театри тоҷик Ғаффор Валаматзода буд. Ин устоди забардасти рақс аз ганҷинаи рақсҳои миллӣ ва техникаи хореографияи пешқадами классикӣ истифода бурд ва дар балет онҳоро моҳирона ба ҳам пайваста тавонист. Дар натиҷа спектакли аз ҷиҳати бадеӣ хеле баланде ба вуҷуд оварда шуд. Дар байни балетҳое, ки Ғ. Валаматзода ба саҳна гузоштааст, «Лайлӣ ва Маҷнун» беҳтарин балете мебошад». Соли 1949 намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» сазовори Мукофоти давлатии СССР мегардад ва таҳиягари он – Ғаффор Валаматзода дорандаи Ҷоизаи ҳамин мукофот мешавад. Таҳрири нави намоишномаи «Лайлӣ ва Маҷнун» дар таҳияи ­Ғаффор Валаматзода соли 1957 пешкаши тамошобинон мегардад.

Таҷрибаи кофӣ дар таҳияи асарҳои саҳнавӣ ба Ғаффор Валаматзода имкон медиҳад, ки ҳамчун режиссёр ва муаллифи сенария дар офаридани филм-балети «Лайлӣ ва Маҷнун» саҳм гирад. Ў бо ҳамкории Т. Березансева соли 1960 ин филмро ба навор мегирад ва филм сазовори мукофоту дипломҳо мегардад. Инчунин, Ғаффор Валаматзода ҳамчун таҳиягар ва устоди рақс дар тавлиди филмҳои бадеии «Киноконсерти тоҷикӣ», «Консерти панҷ ҷумҳурӣ», «Ансамбли «Лола» саҳми муносиб гузоштааст.

Солҳои 50-ум ва нимаи аввали солҳои 60-ум Ғаффор Валаматзода дар таълифи мусиқӣ, таҳия ва басаҳнагузории рақсҳои намоишномаҳои «Русалка», «Лауренсия», «Эсмеральда», «Аида», «Дилбар», «Фаввораи Боғчасарой», «Кули қувон», «Пўлод ва Гулрў», «Роҳи пуршараф», «Гилеми кабуд», «Корсар», «Комде ва Мадан», «Кармен», «Афсонаи кўҳӣ» кўшиши зиёд намуд.

Ў солҳои 1956-1963 вазифаи директори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, солҳои 1963-1968 директор ва роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1968-1979 роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстри Ансамбли давлатии рақсии «Лола»-ро ба уҳда дошт.

Ансамбли «Лола» соли 1965 бо саъю кўшиш ва часпу талошҳои бевоситаи Ғаффор Валаматзода созмон ёфт. Ғаффор Валаматзода ба ҳайси роҳбари бадеӣ ва балетмейстр барои шаклгирию рушди ансамбли навбунёд саҳми муносиб гузоштааст. Маҳс бо ташаббуси ў истеъдодҳои нав, ҳунарпешагони ҷавон барои пешбурди фаъолияти ансамбл ба кор даъват карда шуданд. Аз ҷумла, Малика Қаландарова, Гавҳар Мирҷўмаева, Ҳалима Эркаева, Шарофат Рашидова ва беш аз 90 нафар истеъдодҳои ҷавони соҳаи хореографӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Ҳангоми тарҳрезии барномаҳои ҳунарии ансамбл таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳияи рақсҳои миллии тоҷикӣ ва дигар халқҳои бародар дода мешуд. Зери роҳбарии ў ансамбли «Лола» яке аз ансамблҳои овозадор натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он маълуму машҳур шуд. Муваффақиятҳои ба дастовардҳои Ансамбл, мазмуну муҳтавои репертуари он, маҳорати баланди иҷрокунандагии дастаи ҳунарӣ аз ҷониби тамошобинону муҳаққиқон тавассути нашрияҳои даврии ватанию хориҷӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар ин хусус, театршиноси маъруфи тоҷик Низом Нурҷонов чунин ишора мекунад: «Роҳбари бадеии «Лола» Ғаффор Валаматзода ансамбли худро танҳо бо рақсҳои тоҷикӣ маҳдуд накарда, аз рўзи ташкили он ба санъати рақсии халқҳои СССР-и собиқ ва хориҷа муроҷиат намуд. Дар барномаи даста рақсҳои ўзбекӣ, уйғурӣ, тоторӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ, арабӣ мустаҳкам ҷой гирифтанд. Аксари онҳо ба саҳна хуб гузошта шуда, аз тарафи ҳунарварон бо шавқу ҳавас иҷро мешаванд»  

Рақсҳои ба саҳнагузоштаи Ғаффор Валаматзода, аз қабили: «Сайри лолаҳо», «Дашнободӣ», «Сина хуруш», «Рўмол», «Мори печон», «Рақс бо доира», «Рақс бо тавлак», «Нағорабазм», «Ҷигарпора», «Чор зарб», «Калтакбозӣ», «Кордбозӣ», «Қайроқбозӣ», «Панҷ гул», «Қамчин», «Чалма», «Тўй», «Суруд ва муҳаббат», «Чархи дузону», «Ҳосилот», «Дугонаҳо», «Вохўрӣ», «Ҷум-ҷаҳала» ҳам аз нигоҳи мазмун ва ҳам аз нигоҳи назокату нафосат ҷолиб буда, ҳаракатҳои ҳамвору мавзун ва дилангез бештар таваҷҷуҳи тамошобинро ба худ ҷалб менамояд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, балетмейстр Рамзия Баккал хусусиятҳои хоси тавлиди рақси миллиро маънидод намуда, чунин ишора мекунад: «Рақси миллӣ аз фолклор гирифта мешавад. Дар ин ҳолат сарчашмаро бояд нигоҳ дошт. Онро аз чиҳати техникӣ андаке ислоҳ карда, ҳаракатҳои мувофиқ ҳамроҳ намуда, рўҳи замонавӣ бояд бахшид. Асоси он ва унсурҳои маҳалро пурра риоя бояд кард. Рақсро такмил додан, боз ҳам тароват бахшидан шарт аст. Лекин унсурҳои як маҳаллро ба маҳалли дигар омехтан дуруст нест. Ба устоди мо Ғаффор Валаматзода ҳазор ташаккур, ки унсурҳои рақсҳои ҳар як маҳалро нигоҳ медорад. Аз бузургон омўхтан лозим. Бисёр вақт ман аз Валаматзода меомўзам. Фикри он касро зуд дарк мекунам. Шавқ агар бошад, таҷриба гирифтан осон аст»  

Роҷеъ ба масъалаи зикршуда Ғаффор Валаматзода низ мулоҳизаҳои ҷолиб баён кардааст: «Рақсҳои тоҷикӣ чаро ба мардумони дигар хуш меояд? Барои он ки онҳо чун шеъри тоҷик аз маониву тобишҳои маъноии ҳаракату ишораҳо саршоранд. Як чизро ман хотиррасон карданиам, ки то рақсро набинӣ дар бораи он тасаввурот пайдо намекунӣ. Рақс аз насл ба насл, аз устод ба шогирд гузашта меояд. Ҳар кас мувофиқи завқи худ ба он чизе зам кардааст ё чизе ихтисор».

Ғаффор Валаматзода зарурияти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, такмили дониши тахассусии кормандони театрҳо, бахусус ҳунарпешагони опера, балет ва драмаро бо хуби дарк карда, ҳануз соли 1946 тавассути нашрияҳои даврӣ ҷиҳати ҳалли ин масъала мулоҳизаронӣ кардааст: «Барои ҳалли ин масоил мо бояд аз ду ҷониб наздик шавем, - иброз намудааст Ғаффор Валаматзода, – аввал ҷавонони боистеъдод ва қобилиятнокро интихоб намуда ба консерватория, институтҳои театрӣ, омўзишгоҳҳои хореографии марказ фиристем ва бигзор онҳо дар мактаби устодони баландихтисосу ботаҷриба ба камол расанд. Дуюм, моро зарур аст, ки дар ҷумҳуриамон омўзишгоҳҳои мусиқӣ, театрӣ, хореографӣ созмон диҳем ва шароит муҳайё созем, ки кўдакони сини 8-10-12 сола ба онҳо шомил шуда аз хурдсолӣ ба нозукиҳои санъати касбӣ ҳарчи бештар ошноӣ пайдо намоянд» [6]. Солҳои минбаъда ҳам Ғаффор Валаматзода чун донандаи нозукиҳои касби хеш ба масоили тарбияи кадрҳои иҷрокунандагони рақси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст. «Оғози солҳои шаст як радаи бақуввати иҷрокунандагони рақси миллӣ, аз қабили Г. Мирҷуъмаева, Ш. Рашидова, М. Қаландарова, Э. Асанова, З. Аминзода, З. Асанова ва дигарон ба майдони ҳунар ворид шуданд ва онҳо солиёни охир ифтихори санъати республика буданд, – чунин ишора мекунад Ғаффор Валаматзода, –  валекин муҳлати иҷрокунандагии раққос, тобишу таровати ҳунари ў тўлонӣ ва ё беохир нест. Моро мебояд, ки дар бораи ворисони сазовори онҳо фикр кунем. Ба андешаи ман яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала ташкили омўзишгоҳи хореографист».

Солҳои 1979-1981 Ғаффор Валаматзода ба ҳайси директор ва роҳбари бадеии Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва солҳои минбаъда роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстри Ансамбли давлатии рақсии «Лола» кору фаъолият намуд.

Хизмати Ғаффор Валаматзода дар рушду такомули санъати хореографии тоҷик, созмондиҳии дастаҳои ҳунарӣ, эҷоду таҳияи асарҳои саҳнавӣ, густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо дигар кишварҳо, тарбияи истеъдодҳои ҷавон хеле назаррас мебошад.

Барои хизматҳои арзандааш дар инкишофи санъати миллии тоҷик Ғаффор Валаматзода бо унвонҳои фахрии «Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон» (1941), «Артисти халқии Тоҷикистон» (1945), «Артисти халқии СССР» (1976) сарфароз гардидааст. Инчунин, ў дорандаи Ҷоизаҳои давлатии СССР (1949), ҶШС Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ (1975), 2 орденти Ленин (1957, 1986), 3 ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1941, 1949, 1954) ва медалҳо мебошад.

Ш. Комилзода

барчасп: