Ҳунарҳои мардумӣ: НАЙ

Найро бештар аз қамиш месозанд, вале навозандагони най найи аз чўби тару тоза сохташударо истифода мебаранд. Фарқи найи қамишӣ аз найи чўбӣ дар он аст, ки дар найи қамишӣ танҳо  чанд мақом иҷро мешавад, вале дар найи чўбӣ мубарқа ном дошт, ки парда (сўрох)-и 8-уми он низ бо ҳамин ном машҳур буд. Бинобар ин аз мақомҳо бо ин най мақоми «Рост», шуъбаҳои «Панҷгоҳ», «Наво», дар як гом (октава) ва  «Сегоҳ» навохта мешуд. Аз ин рў онро низ «Найи рост» мегуфтанд».

Най, сози мусиқии нафасӣ. Онро аз чўб ва филиз месозанд. Қутраш 3-4 см,  дарозиаш 45-60 см,  дарунаш холӣ. Аз як нўг ба дарозӣ сўрохе дорад, ки барои дамидани бод истифода мешавад. Дар танаи най 6-10 сўрох мешавад, ки онҳо барои тағйир додани овоз ё лаҳн ба кор мераванд. Тавассути фишори сахту сусти дамидани бод ва маҳкам намудани сўрохҳо бо ангуштон аз он ба меъёри 3 октава садои оҳангдор ҳосил мегардад. Сўрохе дар тарафи муқобил дорад, ки онро бо ангушти калони дасти чап мепўшанд.

Маъхази таърихию адабӣ ва мусиқӣ хеле қадимӣ будани найро қаламдод мекунад. Тасвири найнавозон дар маснуоти сафолии аз афросиёб ёфтшуда низ ба назар мерасад. Ҳайкалчаи суғдидухтари найнавоз то имрўз боқист, ки найи амудӣ менавозад. Аз ҷумла, дар байни ин тасвирот найи уфуқӣ (найи имрўза) низ мушоҳида мешавад. Аз тасвири ҳайкалча  ба хулоса омадан мумкин аст, ки найи уфуқии суғдӣ аз найчаи дарозиаш тахминан 45-55 см иборат буда, дар нўгаш сўрохе барои дамидани ҳаво мавҷуд аст . Дар дарозии танааш сўрохҳо намудоранд, ки адади онҳо ба 6-то мерасад. Хулоса, ҳар ду намуди най дар Шарқи Миёнаву наздик то милод маъмул будаанд.

Робитаҳои маданӣ бо Чин аз асри 3 то милод сар шуда, вале мусиқии осиёимиёнагӣ дар он ҷо махсусан дар асри 6 милодӣ бештар равнақ ёфт. Дар дарбори шоҳони чинӣ ҳафт шуъбаи мусиқӣ таъсис гардид, ки шуъбаҳои бухорӣ ( Анго) ва самарқандӣ (Канго) аз ҷумлаи онҳо буданд. Дар шумори созҳои самарқандию бухорӣ пипа (уд), кунҳоу (ҷанги амудӣ), хенди (найи уфуқӣ), сяо (найи амудӣ), били (сурнай), хэгу (нақора), тунба (ҷалб) ва ғайра номбар шудаанд.

Найи уфуқӣ аз асри 1 милодӣ сар карда дар сарзаминхои Шарки Миёна тадриҷан мавқеи худро аз даст дод. Танхо найи амудӣ бештар маълум гардид, чунки гуна най барои навохтан осонтар ва садояш мавзунтар буд.

Бино ба маълумоти Абунасри Форобӣ, найи давраи ӯ амудӣ будааст, ки то ҳол бо номҳои гуногун дар байни халқҳои дигар амал мекунад.

Нўги болоии най чубуқи чўбини кутоҳу даҳони танге дорад, ки ҳангоми байни лабҳо монда дамидан ҳаво аз он борик гузашта, ба қирраи уреб  бармехўрад ва ҳуштаке ҳосил мешавад. Мисли тутаки тоҷикӣ ин соз дар рўяш 7 сўрох ва дарпушташ 2 сўрох доштааст. Дар тасвири аз рўйи куллиёти Хусрави Деҳлавӣ кашидаи  Камолуддини Беҳзод найи амудӣ чун гуфтаи Форобӣ нақш ёфтааст. Ин най ба тасвироти аз Афросиёб ёфташуда низ монандӣ дорад. Тутаки тоҷикӣ низ ба онҳо наздик аст.

Най асосан дар мусавараҳо дар ҳолатҳои гуногун ба назар мерасад. Маъмулан, вай дар ҳайати як дастаи хурди созҳо мавҷуд аст. Ин гуна дастаҳо аз най, даф ва созҳои торӣ (чанг, уд, танбўр, рубоб) иборатанд. Дар мусаввараи мактаби минётури Ҳирот (асри 15), ки аз рўйи «Шашмақом»-и Фирдавсӣ кашида шудааст, дастаи сенафараи духтарони чагнавоз, дойрадаст ва найнавоз ба чашм мерасад. Дарвешали Чангӣ дар « Туҳфату-с-сурур» оид ба Най-и асри 17 чунин меорад: «Найро бештар аз қамиш месозанд, вале навозандагони най найи аз чўби тару тоза сохташударо истифода мебаранд. Фарқи найи қамишӣ аз найи чўбӣ дар он аст, ки дар найи қамишӣ танҳо  чанд мақом иҷро мешавад, вале дар найи чўбӣ мубарқа ном дошт, ки парда (сўрох)-и 8-уми он низ бо ҳамин ном машҳур буд. Бинобар ин аз мақомҳо бо ин най мақоми «Рост», шуъбаҳои «Панҷгоҳ», «Наво», дар як гом (октава) ва  «Сегоҳ» навохта мешуд. Аз ин рў онро низ «Найи рост» мегуфтанд».

Найи уфуқӣ ҳоло бо номи аслии «най» боқӣ монад, яке аз созҳои асосии якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрӣ ба шумор меравад. Овоз ва шакли онро такмил дода, имконоти техникиашро фароаврдаанд.

Чанд навъи най мавҷуд аст: найи алт, найи одӣ ва прима (пикколо). Ҳангоми дар ансамблҳои созӣ навохтани най, маъмулан, дигар созҳоро, аз танбўр, дутор, ғижак ва ғайра мувофиқи баландии садои он ҷўр мекунанд. Садои ҳуштакомези най нафису форам аст. Оҳангҳои «Муноҷот», «Чўли Ироқ», «Наврўзи Сабо», «Наврўзи Аҷам» танҳо бо  най иҷро мешаванд.

Барнома ва тарзи навохтани най дар даврони мо хеле  равнақ ёфт. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, коллеҷҳову мактабҳои мусиқии ҷумҳуриамон шуъбаҳои махсуси сознавози вуҷуд доранд, ки дар онҳо най низ таълим дода мешавад. Навозандагон аксаран асарҳои барои флейта иншонамудани оҳангсозони тоҷикро бо най иҷро менамоянд. 

Аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми якум) ки соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи Миллии тоҷик чоп шудааст.

барчасп: