Артисти Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода

Ғаффор Рустамович ВАЛАМАТЗОДА 9-уми майи соли 1916 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Маъруфтарин устоди рақс аст ва балетмейстери тоҷик, Артисти халқии СССР (1976), дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1949) ва Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1975).

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1932), Омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калон (Болшой театр)-и  шаҳри Маскав (1946) ва шӯъбаи балетмейстерии Институти  давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав (1951) мебошад.

Солҳои 1932-1934 солисти дастаи Театри мусиқии ӯзбек дар шаҳри Тошканд буд. Солҳои 1934 – 35 раққос ва балетмейстери Театри мусиқии тоҷик (аз соли 1940 Театри опера в балет).

Солҳои 1951 – 1963 сарбалетмейстери Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ, директор ва роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1963 –19 72) буд.

 Аз соли 1965 сарбалетмейстер ва роҳбари бадеии ансамбли рақсии «Лола» таъин шуд.

 Солҳои 1984 – 1987 раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд. Дар драмаҳои мусиқии «Оршин – мол – олон»-и У. Ҳоҷибеков (1934, 1936, 1938), «Восеъ»-и Ғанӣ Абдулло (1937),  «Гулсара» -и Комил Яшин ва М. Муҳаммадов (1938), намоиши мусиқии «Лола»-и С. Баласанян, А. Баласанян, А. Ленский ва С. Урбах (1939) бо рақсҳои алоҳида баромад кардааст.

Дар балети «Ду гул»-и А. Ленский нақши Раҷаб ва рақси  «Салла», дар «Эхтиёткории беҳуда»-и П. Гертел нақши Коленро иҷро намудааст.

Ғаффор Валаматзода худ раққоси мумтоз буд, сабук ва мавзун мерақсид, ҳар ҳаракатро зебо ва бо услуби хос иҷро мекард. Дар рақсҳои ӯ мардонагӣ, чобукӣ ва зиндадилӣ таҷассум ёфтааст.

Балетҳои ба саҳна гузоштаи Валаматзода дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ инҳоянд:

«Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян (1947, 1957);

  «Сарчашмам бахт»-и Л. Книпсер (1951);

  «Лауренсия»-и А. Крейн (1952);

  «Эсмералдо»-и С. Пуни (1953);

  «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев (1954);

  «Дилбар»-и А. Ленский (1954);

  «Гилеми Кабуд»-и В. Волберг (1958) в ғайра.

Ғаффор Валаматзода балети тоҷикиро инкишоф дода, дар он унсурҳои рақси халқии тоҷикро бо рақси классикии аврупоӣ пайваст намуд ва дар ташаккули маҳорати артистон мадад расонд. Дар балетҳои таҳиякардааш вазъиятҳои сужетдор, лаҳзаҳои таъсирбахш, мизанссенаҳои пластикӣ, манзараҳои пантомимадорро истифода бурдааст. Балетҳои офаридаи Ғаффор Валаматзода ба санъати драма қаробат доранд.

Вай инчунин таҳиягари рақсҳои операҳои «Прии обӣ»-и А. Драгомижский (1951), «Аида»-и Ҷ, Вердӣ (1954), « Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян (1958), «Княз Игор»-и А. Бородин, «Ғуломон», «Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ (1960, 1979), «Домоди номдор»-и С. Урбах (1965) ва дигарон мебошад.

Ғаффар Валаматзоад асосгузори ансамбли рақсии «Лола» буда, дар он рақсҳои «Сайри лолаҳо», «Синахурӯш», «Дарвозӣ»,  «Дугонаҳо»,  «Моҳигирон». «Нағорабазм»,  «Шодиёна», «Гулъизорам», «Тӯйи Помир» ва ғайраро таҳия намудааст.

Ӯ рақсҳои халқиро аз ҷиҳати бадеӣ такмил дода, саҳнабоб кардааст, ё худ унсурҳои  рақси халқиро эҷодкорона омӯхта, рақсҳои нав офаридааст. В. дар санъати рақс ҳаракатҳои бошитоб, ҷӯшу хурӯш, чархзании босуръат, нафосати зоҳирӣ ва таносуби ансамблиро мепарварид.

Аз санъати рақсии халқҳои собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷа низ моҳирона истифода бурда, рақси миллии тоҷикиро ғанитар гардонидааст.

Дар ансамбли «Лола» инчунин рақсҳои ӯзбекӣ, уйғурӣ, тоторӣ, озарӣ, лазгӣ, туркманӣ, ҳиндӣ, эронӣ, афғонӣ, арабиро ба саҳна гузоштааст.

Вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 2, 4, 5, 7) буд.

 Бо ордени Ленин, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Маълумоти бештарро метавонед аз нигоштаи Боймуҳаммадов У. “Ғаффор Валаматзода”, ки соли 1976 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст, мутолиа кунед.

Ғаффор Валаматзода соли 1993 дар шаҳри Душанбе дида аз олам барбаст.

барчасп: