Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримодии Роҳи абрешим

Бо ташаббуси Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон семинар-тренинг таҳти унвони «Мероси фарҳанги ғайримоддии Роҳи абрешим: ташхис ва инвентаризатсияи он дар Тоҷикистон» («Нематериальное, культурное наследие Шелкового пути: идентификация и инвентаризация в Таджикистане») дар толори меҳмонхонаи «H hotel» (собиқ меҳмонхонаи Шератон) ба кори худ шурўъ намуд. Иштироккунандагон ва гузоришгарони он аз шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

            Семинар-тренингро ёвари лоиҳаи  Иттиҳоди Аврупо, корманди Дафтари минтақавии ЮНЕСКО воқеъ дар Алмаато, Айгерим Женсеитова оғоз намуда, оид ба фарҳанги волои мардуми тоҷик, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равобити илмю фарҳангӣ ва корҳои то ба имрўз анҷомдодаи мутахассисони тоҷик дар ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии кишвар ёдоварӣ кард. Инчунин, ў зимни гузориши ифтитоҳии хеш ба «Феҳристи милли мероси фарҳанги ғайримоддӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онро дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна беназир ва нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои дақиқу мукаммал арзёбӣ намуд. Бояд гуфт, ки варианти феълии феҳристи мазкур соли 2018 аз ҷониби олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия гардида, он аз ҳафт бахш – анъанаи шифоҳӣ; санъати иҷроӣ; ҷашну маросимҳо, касбу ҳунарҳо; таомҳои миллӣ; донишу таҷрибаҳо оид ба табиат ва кайҳон; варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона иборат буда, фарогири 533 унсури фарҳанги ғайримоддӣ мебошад.

            Пас аз суханронии Женсеитова А. котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корхои  ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон суханронӣ намуда, оид ба талошу заҳматҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии фарҳанги волои кишвар дар сатҳи байналмиллалӣ маълумоти мухтасар дод. Махсусан қайд намуд, ки маҳз заҳмату талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони соҳа буд, ки тайи солҳои охир чанд унсури фарҳангии мо – «Шашмақом», «Наврўз», «Оши палав» ва «Санъати гулдўзии чакан» ба рўйхати репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Ў дар охири гузориши хеш ба кори семинар комёбӣ таманно намуда, аз иштирокдорон даъват намуд, ки дар ҳифз ва густариши фарҳанги миллӣ саҳмгузор бошанд.

            Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатбекова низ мувофиқи барнома дар қисмати ифтитоҳии семинар-тренинг суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабинии муҳимро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷиби созмондиҳандагони он шуморид. Ў ҳамчунин афзуд, ки дастгириву талошҳои пайвастаи Иттиҳоди Аврупо пеш аз ҳама баҳри ҳифз ва рушду нумўи фарҳанги ҳама қавму миллатҳо мебошад. Танҳо коршиносону мутахассисонро зарур аст, ки пас аз иштирок дар чунин ҳамоишу семинарҳо роҳҳои ҳифзу густариши унсурҳои фарҳангиро омўхта, дар рушду нумўи минбаъдаи он бояд ҳиссагузор бошанд.

            Директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода низ дар қисмати ифтитоҳии семинар суханронӣ карда, ба созмондиҳандагони он, ки ҳадафи асосиашон рушд ва ҳифзу нигаҳдории фарҳанги ғайримоддии кишвари мо мебошад, минатдории хешро баён намуд. Комилзода Ш. дар суханронии мухтасари хеш саҳми олимони пажўҳишгоҳро дар тартибу таҳияи Феҳристи миллӣ, таҳияи Номинатсияҳо ва умуман ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ назаррас арзёбӣ намуд. Дар охири гузориши хеш ба кори семинар муваффақият таманно намуда, ду адад китоби олимони ПИТФИ «Феҳристи милли мероси фарҳанги ғайримоддӣ» ва «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон»-ро ҳамчун рамзи дўстӣ ва эҳтиром ба намояндаи Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато Айгерим Женсеитова тақдим намуд.

            Пас аз қисмати ифтитоҳӣ семинар оғоз гардида, дар давоми рўз аз ҷониби коршиносон ба ҳозирин бо истифода аз проектор дарсҳои омўзишӣ доир ба «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ», «Конвенсияи 2003», «Мушаххаскунонӣ ва ҳуҷҷатикунонии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ ва тарзи таҳияи феҳрист» гузаронида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки тренерҳои семинар-тренинг мутахассисони тоҷик, олимони Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, муовини директор, номзади илмҳои филология Дилшод Раҳимӣ ва мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ Зафар Холмуродов мебошанд. Мутахассисони номбурда дар якчанд семинарҳои байналмиллалӣ иштирок намуда, соҳиби сертификатҳои тахассусии ЮНЕСКО мебошанд.                                                                                               Семинар то 21-уми июн идома меёбад ва дар рўзи сеюм иштирокгарон ба қалъаи Ҳисор сафар карда, бо ҳунармандон вохўрӣ ва мулоқот менамоянд.

 Абдулфатоҳ Аминов

мудири шуъбаи илмӣ-методии ПИТФИ

барчасп: