Гулдӯзӣ: дирӯз, имрӯз, фардо

Гулдӯзӣ қадимитарин навъи санъати халқӣ буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун (пӯст, намад) бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зариву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ дӯхта мешавад. Ҳоло аксаран ин амалро мошинҳои дарздӯзии махсуси гулдӯзӣ иҷро мекунанд.
Гулдӯзӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос, истиқоматгоҳ, ҷиҳози хона, ашёи шахсӣ (дастмол, чузвдон, тамокудон ва ғ.) ва дигар васоили зиндагӣ истифода мешавад. Асбобу олоти асосии гулдӯзӣ сӯзан, чангак, дарафш, ангуштпона (ҳоло худи мошини махсуси гулдӯзӣ) мебошад.
Таърихи гулдӯзӣ аз асри санг оғоз меёбад: пайдоиши кӯк дар либосҳои аз пӯсти ҳайвонот дӯхташуда, такомули он ҳангоми гузариш аз дарафшҳои сангӣ ба устухонӣ ва аз он ба сӯзанҳои устухониву биринҷӣ ва сипас фӯлодӣ, ҳамчунин ба вуҷуд омадан ва равнақу такомули касби бофандагиву рангмолӣ аз инкишофи тадриҷии ин ҳунар шаҳодат медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адабӣ, маъхазҳои таърихӣ ва ҳафриёти археологӣ гулдӯзӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадима буда, ҳар миллату халқият ва ҳар қавм сабки хоси худро дошт, ки намунаҳои нодири он то ин дам ба рӯзгори мо расидаанд. Санъати гулдӯзии Бобулу Византия, Юнону Рими Қадим, Миср, Ҷопон, Чин, Эрон, Фаронса, Испания, Ҳинд ва ғайра бо тасвири нафисаи саҳнаҳои асотириву воқеӣ – базму разм, сайру шикор, манзараҳои табиат маълуму машҳуранд.
Намунаи қадимтарини гулдӯзии мардуми Осиёи Миёна порчаҳои матои пашмини гулдӯзишудаи сужадоре мебошанд, ки бостоншиносон ҳангоми ҳафриёти солҳои 1924 – 1925 аз Ноин-ула (асри 1 то милод, холо дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст) пайдо кардаанд. Ин порчаҳо қисми пардаи бузурги арғувонӣ будаанд, ки бо услуби юрмадӯзӣ ороиш ёфта, бо нақшҳои суроби инсон, нақшҳои ҳандасӣ (ромб, салиб, чоргӯша), табиӣ ва аксҳои ҳайвоноту парандаҳо гулдӯзӣ шудаанд. Тасвироти рӯи порчаҳо аз камолоти ҳунари гулдӯзии он давра шаҳодат медиҳанд.
Санъати гулдӯзии мардумони Осиёи Миёна ҳар яке бо сабку услуби хос инкишофу таҳаввул ёфтааст. Чунки дар давоми асрҳои тӯлонӣ дӯхту ороиши сарулибос, ҷиҳози истиқоматгоҳ, асбобу анҷоми рӯзгор – аз бисоти тифл то ҷиҳози арӯсӣ дар худи хонадон ба ҷо оварда мешуд. Аз осори бадеӣ-таърихӣ (Авесто, «Шоҳнома», ва ғайра) ва ҳафриёти Варахша, Панҷакенти Қадим, Балалик-Теппа, Шаҳристон, Тӯпроққалъа бармеояд, ки санъати гулдӯзии мардуми тоҷик ба авҷи такомул расида, сабку услуби хоси миллиаш аз кадимулайём маълуму машҳур будааст. Хусусусан дар замони Темуриёни Самарқанд ин навъи санъати ороиши амалӣ ба дараҷаи баланд расида буд, ки ҳатто аз навиштаҷоти сайёҳи испанӣ Рюи Гансалес де Клавихо (тавсифи зани аввали Темур – Каню) пайдост. Ӯ ҳамчунин дар бораи пардаву рӯймолҳои гулдӯзӣ ва зардӯзишудаи ниҳоят зебову ҷолиб маълумоти сареҳ медиҳад.
Асарҳои мактабҳои минётури Мовароуннаҳр, Табрез, Ҳирот ва Бухоро аз авҷи аълои ин навъи санъат шаҳодат медиҳанд. Тасвири манзараҳои марғуб, хаймаҳои музайяну мунаққаш, сарулибоси ахли ҷоҳ, чатрҳо, зинпӯшҳои гулдӯзиву зардӯзӣ дар минётурҳо инъикоси равнақи ин санъатанд. Чун ҳунари гулдӯзиро ҳар як зани тоҷик хуб медонист ва услубу сабки худро дошт, ин ҳунар дар давоми қарнҳо ба тағйирот дучор омад. Як қисм ашёи рӯзгори гулдӯзишуда ба сабаби аз истеъмол баромаданаш нақши гулдӯзии хешро низ бо худ бурд ва дар баробари ин боз нақшҳои наву услубу сабкҳои тоза ба вуҷуд омаданд. Тадиҷан вобаста ба тарзи зисту зиндагӣ, шароити маҳал ва урфу одати мардуми ин мавзеъ навъи санъати ороиши амалӣ низ дар ҳар маҳал равияи хос пайдо мекунад. Аз ин рӯ, санъати гулдӯзии тоҷикро аз рӯи услуб ба ду навъ – гулдӯзии тоҷикони кӯҳистон ва гулдӯзии тоҷикони водинишин тақсим бояд намуд.
Мардуми кӯҳистон бештар сару либос, аз ҷумла пироҳан, хилъат, камзӯлҳои атфол, воскатҳои занона, миёнбанд, локӣ, тоқӣ ва қисман гаҳворапӯш, даври ҷилди болишт, оинахалта, пардаҳои тиреза, чодари арӯсӣ, ҷилди ҷойник, рӯйҷо ва ғайраро гулдӯзӣ мекарданд. Ҳунармандони зардӯзу гулдӯзи мардуми водинишини Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Ашт, Шаҳртус аксаран намояҳо, сӯзанӣ, борпӯш, зардевор, ҷойнамоз, қарс, рӯйҷо, рӯймол, тоқӣ, болишт, рӯболишт, ҷогапӯш, пардаи тиреза, пардаи таҳмон ва умуман ҷиҳози хонаводаро гулдӯзӣ мекарданд ва ин анъана то ба ҳол низ идома дорад.
Аз қадим боз зиёда аз 700 навъи нақши гулдӯзӣ маълум аст, ки намунаҳои беҳтарину маъмултаринашон инҳоанд: аноргул, аштак, барги бед, бодом, гулгулак, ислимӣ, каҷак, лола, маҷнунбед, райҳон, себарга, тоҷи хурӯс, аждаҳо, булбул, гургурак, думи товус, морпечон, нохуни паланг, пойи каргас, парпар, чанги гунҷишк, оташ, ҳилол, ҳаштарк, гулбаст, моҳу ситора ва ғайра. Нақшҳои гулдӯзишудаи ҳар як ашё хусусияти хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд. Махсусан нақшу нигори куртаҳои занонаи Кӯлоб, Қаротегин, Дарвоз ва Бадахшон хеле ҷолиб буда, услуби худро доранд. Қисми пешрӯи курта аз сари китфон то лаби доман ва остинҳо гулдӯзӣ мешаванд. Гоҳо камзӯлчаи пушти пироҳан ва ду тарафро низ гулдӯзӣ мекунанд. Бари доман ва шерозаи остинҳову ҳошияи гиребон тасмашакл бо нақшаҳою ашколи мутаносиби реза гулдӯзӣ мешаванд. Аксаран барои ороиши ин қисми пероҳан нақшҳои табиӣ ва ҳандасиро ба кор мебаранд. Чуннн пироҳанҳои занона бештар хоси мардуми Кӯлобу Қаротегинанд. Аз камолоти ин навъи санъати ороишиву амалӣ дар Кӯҳистони Бадахшон коллексияи охири асри 19 ва аввали асри 20-и А. А. Бобринский шаҳодат медиҳад. Рӯймоли гулдӯзишуда, ки дар мардуми кӯҳистон «миёнбанд», «рӯймоли миён», гоҳо «локӣ» ва баъзан «менд» (андозаи 90Х90см, ё 110Х110см) номида мешавад, аз матои пахтагин ва ё абрешимини рангашон гуногун таҳия мешавад. Асоси гулдӯзӣ давродаври рӯймол сурат гирифта, бари онро нақшҳои ҳандасиву катибашакл ва табиӣ резаандоза зиннат мебахшанд. Дар марказ гоҳо гули калонҳаҷми даврашакли баробарандоза дӯхта мешавад. Ба лаболаб ё худ бари рӯймол шилшилаҳои пуллакчадор илова мекунанд. Ҳамчунин навъи дигари рӯймоли гулдӯзӣ уребча ё рӯймоли дока ном дошта, онро занон мебанданд. Композитсияи дӯхти ин навъ рӯймол низ ҳамранги рӯймоли мардона аст, вале нақшҳояш хусусиятҳои хос дошта, аз аввала фарқ мекунанд. Уребча танҳо аз докаи сафед дӯхта мешавад ва махсусан канораҳои он бо ҳунармандии махсус ва зарофати устодона бо истифодаи нахҳои сиёҳ, ки болои ранги сафеди дока ҷилои хос медиҳанд, оро дода мешавад. Ҳатто гоҳо аз нахҳои зардӯзӣ низ истифода мекунанд, ки он уребчаро боз ҳам зеботар месозад. Маъмултарин ҷузви сарулибоси миллии тоҷикӣ тӯппист, ки ҳам дар байни мардуми кӯҳистон ва ҳам дар водӣ бо баъзе тафовутҳо паҳн гардидааст.
Тоқии мардуми кӯҳистон аслан шакли гирда дорад. Қисми болои тоқӣ гулдӯзӣ шуда, ба канораи қисми бараш шероз мечаспонанд ва ҳошияи он гулдӯзӣ мешавад. Дар гулдӯзии ин навъи тоқиҳо бештар нақшҳои ҳандасӣ ва баъзан нақшҳои табиӣ гулнусха ё баргнусха ба кор мераванд. Ин тоқиҳо рангоранги музайян буда, аз як паҳлӯ пӯпакдор низ мешаванд. Вале баробари тоқии гирда дар байни мардуми кӯҳистон тоқии чортарк низ маъмул аст, ки ба тақлиди тӯпии чустӣ ва ироқӣ дӯхта мешавад.
Машҳуртарин тоқиҳои тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон тӯппиҳои сиёҳсафеди «чустӣ» (мавзеъ дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон) мебошанд, ки зимнан нақшҳои анъанавии «бодом» ё «қаламфур» доранд ва ин нақшҳо яктогӣ рӯи чаҳортарк ба нахи сафед ё мулина гулдӯзӣ мешаванд. Ҳамчунин дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон тӯппиҳои  чортарки сатҳаш ҳамвори «ироқӣ» (аҳёнан қатшаванда), ки аслан хоси занҳоянд, васеъ паҳн гардидаанд. Дар гулдӯзии чунин тӯппиҳо аксаран нақшҳои табиӣ (ақси гул, барги гул, ё дигар наботот) ва ҳандасӣ (салиб, чоркалид, ислимӣ ва ғайра) ба кор мераванд. Технологияи гулдӯзии ин навъи тӯппиҳо чунин аст: замини умумии тӯппӣ саросар бо риштаи сафед ё сабз дӯхта мешавад ва сипас дар ҳар тарк нақшҳо ба таври муназзам гулдӯзӣ мешаванд ва қисми аввал ё охири нақш то паҳлӯи тӯппӣ, ки бо тасмачаи бахмалин зебо оро ёфтааст, мерасад. Беҳтарин тӯппиҳои ироқӣ дар Хуҷанду Ӯротеппа гулдӯзӣ мешаванд.
Дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон боз як навъи тӯппии дигари занона маъмул аст, ки нақшҳои мураккабе дошта, ороиши он ба сабки зардӯзӣ сурат гирифтааст. Дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ боз як ҷузъи дигари сарулибос – шероз маъмулу машҳур аст, ки бо нақшҳо ва мавриди истифодаи худ дар санъати гулдӯзӣ мавқеи хос дорад. Шероз (ҷиҳак) вобаста ба таъйинот, дарозиву бар  ва нақшу нигораш фарқ мекунад. Онро одатан барои ороиши доман, гиребон ва лаби сарулибоси занонаву мардона, тоқӣ, ҷиҳози рӯзгор (чойхалта, оинахалта, шонадон ва ғайра) истифода мебаранд. Замини шерозро аввал дар дастгоҳи махсус аз риштаи сафед ё сиёҳ мебофанд ё замини онро аз матои дурушти мустахкам таҳия мекунанд. Сипас онро бо чангак (сих) ё сӯзан гулдӯзӣ менамоянд. Дар гулдӯзии шероз анъанаҳои қадими нақшҳои мураккаби ҳандасӣ, аз қабили тӯморӣ, шона, ислимӣ ва ғайра нигоҳ дошта шуда, нақшҳо ба мазмун мутобиқанд. Маъмултарин ҷиҳози гулдӯзишудаи рӯзгори тоҷикон сӯзаниест, ки тақрибан дар ҳар хонавода мавҷуд мебошад. Он аз ҷиҳати шаклу андоза (2Х3, 3Х4, 4Х5) нисбатан бузургтар буда, нақшҳояш низ хусусияти хос ва андозаи мухталиф доранд. Сӯзаниҳои Тоҷикистон вобаста ба тарзу тариқаи зиндагӣ ва мавқеи зист (Самарқанд, Бухоро, Ӯротеппа, Конибодом, Кӯлоб, Панҷакент, Шаҳритус, ВМКБ) фарқ мекунанд. Сӯзаниҳои Ӯротеппа гирдагулҳои бузург, рангҳои назаррабо, сӯзаниҳои Самарқанд нақшҳои қадимаи пурмазмун (бештар бо нахи шоҳӣ дӯхта мешаванд), сӯзаниҳои Бухоро рангомезии хос (истифодаи омехтаи нахҳои ранги хокистарӣ бо кабуд, арғувонӣ бо бунафш, зарди паст бо норинҷӣ), сӯзаниҳои Кӯлобу Шаҳритус нақшунигори муҷаллои табиӣ (қисман ҳандасӣ) ва мутаносибу мувофиқ доранд. Ба ҳамин тартиб борпӯш, қарс, рӯйҷо ва ҷойнамоз (1,5Х1м, 1,7Х1,2м), ки бештар дорои нақшҳои ҳандасианд ва ин нақшҳо аксаран шакли меҳробӣ доранд Ҳамчунин акси кирмҳои гуногун, мор, шохи буз, чойник, самовор ва амсоли инҳо, ки ҷойнамозро оро медиҳанд, аз намунаҳои санъати гулдӯзӣ мебошанд. Гулдӯзӣ маҳсули меҳнати ҳунармандони халқӣ буда, чун воситаи муҳимми эстетикию ороиш ба зиндагӣ ва завқи бадеии халқ робитаи узвӣ дорад.
Дар сарзамини тоҷикон то Инқилоби  Октябр гулдӯзӣ асосан ҳунари дастии авлодӣ буд ва пас аз он ба шарофати таъсиси омӯзишгоҳҳои рассомию бадеӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, фонди бадеӣ, корхонаю иттиҳодияҳои ҳунарӣ технологияи гулдӯзӣ зимни талаботи рӯзафзун ва муттаҳид кардани ҳунармандон тағйир ва такмил ёфта, мошинҳои дарздӯзӣ ва гулдӯзӣ афзалият пайдо карданд.
Санъати гулдӯзии тоҷик пайваста инкишоф ёфта, амали гулдӯзӣ дар намоишгоҳу музейҳо, виставкаҳои ҷумхуриявию умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ баҳои баланд гирифтаанд. Иттиҳодияи корхонаҳои дӯзандагии бадеии «Гулдаст», фабрикаи «Дилором», хонаҳо хизмати маишӣ, корхонаҳои назди фонди бадеӣ чеварон, гулдӯзон ва рассомони ин соҳаро муттаҳид карда, дар пешрафту ғанитар гаштани гулдӯзӣ  ҳиссаи арзанда гузоштанд. Махсусан, дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтани Осорхонаи этнографии АИ ҶТ бамавриду муҳим буд, ки дар баробари ҷамъ намудану намоиш додани ҳунарҳои санъати ороиши амалӣ ба гирд овардан, омӯхтан ва тарғибу ташвиқ намудани санъати гулдӯзии тоҷик нақши умда бозид.
Ҳунармандони имрӯза анъанаҳои санъати гулдӯзии қадимиро идома дода, нусхаҳои наву замонавии гулдӯзиро (ситора панҷгӯша, герб, портрети шахсони бузурги таърихӣ ва ғайра) эҷод кардаанд, ки технологияи махсуси ороиш ва банду басти мураккаб доранд. Маҳсули меҳнати ҳунармандони машҳури санъати гулдӯзии Тоҷикистон З. Баҳриддинова, К. Ғаюров, инчунин А. Аминҷонов, Б. Тошматова, Ҷ. Алимирзоева, С. Фузайлова, О. Зокиров, З. Валиев ва дигарон борҳо дар намоишгоҳҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ намоиш дода шуда ва баҳои баланд гирифтаанд. Коллексияи бойи гулдӯзии тоҷик, ки дар Музейи этнографии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, инчунин дар музейи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии ва санъати тасвирӣ, осорхонаҳои вилоятӣ ва гӯшаҳои киваршиносӣ маҳфузанд, аз равнақу ривоҷи санъати гулдӯзии миллии тоҷик шаҳодат медиҳанд.

барчасп: