Таомҳои анъанавии мардуми Дарвоз

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон нисбати дигар манотиқи ҷумҳурӣ аз ҷиҳати иқлим сардтар мебошад. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки фарҳангу маданияти ин мавзеъ нисбати дигар манотиқи кишвар то андозае тафовут дорад. Аз ҷониби дигар ҳар як минтақаро аз рўи анъанаву фарҳангаш таҳлилу баррасӣ менамоянд.

Муаррифгари фарҳанг ва ҳама навъи анъанаву ҳунарҳо  дар ҳар минтақа аҳолии он маҳал ба шумор мераванд. Метавон гуфт, ки барои боқӣ мондани ҳунарҳои аҷдодӣ пеш аз ҳама саҳми бонувон хеле калон аст. Ин нўктаро дар ҳама сафарҳои хидматӣ мушоҳида менамоем. Ва бешак гуфтан мумкин аст, ки фаъолияти ҳунарҳои занона нисбати ҳунарҳои мардона низ дар ҷумҳурӣ бештар ба назар мерасанд. Ҳамзамон зимни суҳбат бо бонувони ҳунарманд шунида мешавад, ки ҳамагӣ ҳунарро аз модарон омўхтаанд ва феълан ҳамчун анъана онро ба духтаронашон омўзонида истодаанд.

Ҳангоми сафари хидматӣ ба ноҳияи Дарвоз бо як гуруҳ занон дар Маркази дўзандагии бонувон оид ба касбу кори гуногун ҳамсуҳбат гардидам. Маълум гардид, ки бонувони ин марказ дар баробари омўзиши ҳунари дўзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз қабили гулдўзӣ, тоқидўзӣ, дўхтани либосҳои миллӣ иловатан дар хонаҳои хеш кадбонуи беҳтарин низ будаанд.

Дар рафти мусоҳиба яке аз бонувони пешқадами ин марказ Суфихонова Мунира оид ба таомҳои маҳаллии аз қабили ширинии тут, танира, атолаи танира, нугул, атолаи ба шираи зардолу, тписти ҷурғот, ревич, ширчой, атолаи бирён, ҳафтдоруя, навъҳои гуногуни ҳалвои ин ноҳия маъулмотҳои зиёдеро доданд, ки ба шароити иқлими ин мавзеъ мусоид будааст. Метавон якчандтои онро мисол овард, ки дар дигар минтақахои ҷумҳурӣ ба мушоҳида нарасидаанд ва хоси марудми ин ноҳия мебошанд.

Ширинӣ навъи маҳсулоте мебошад, ки бештар дар ин мавзеъ аз тут омода менамоянд. Меваи тутро дар вақти хуб пухта расиданаш дар чодарҳои калон шапонда, аз байни он хасу хошок ва баргҳои зиёдатиро ҷудо менамоянд. Бахдан онро ба деги калон андохта дар оташи муътадил як сар ҷўшонда мегиранд. Пас аз хунук шудан бо дока ва ё халтаҳои латтагин обашро з баҷча ҷудо мекунанд. Маротибаи дуюм обашро ба дег андохта дар оташи паст то қиём шудан меҷўшонанд. Бояд гуфт, ки замони қиёмшавӣ бо кафгири калон тез-тез кофтан мегиранд, ки тагаш начаспад. Баъд аз омода шудан дар зарфҳои шишагӣ ё сирдор бардошта барои захираи зимистон нигоҳ дошта мешавад. Шириниро баштар барои бемориҳои гурда, сулфаи сахт ё кабудсулфа ва сармохўрдагию зуком истифода мебаранд.

Танира як навъ қурути маҳалии ноҳияи Дарвоз ба ҳисоб меравад. Тарзи таҳияи он нисбати дигар навъи қурутҳо ба кулли фарқ мекунад. Ҳангоми омода кардани ин навъ қурут маҳсулотҳои зиёде истифода мегардад. Лубиё, гандум ва нахудро дар алоҳидагӣ ҷўшонда, пас аз хунук гардиданашон якҷоя бо чакка омехта карда мешаванд. Баъдан растаниҳои маҳаллии шадагулак, мулкак, райҳон, пудина, шибит, пиёзи резакардашуда ва баъзан мувофиқи табъ қаланфурро якҷоя карда ба шакли қурўти маъмулӣ лунда мекунанд. Танираро ба мисли қурути маъмулӣ дар ҷои соягӣ ва дар сабадҳои махсуси аз қамиш омодагардида хушк менамоянд.  Маъмулан танира ё қурутро барои он дар сабад хушк менамоянд, ки ҳаво ё шамол аз болою поёни сабад як хел расида, онро яклухт мехушконад. Пас аз хушк шудан дар зарфҳои шишагӣ ё халтаҳои сафеди махсус гирифта мешавад, то ин ки барои захираи фасли зимистон тамъи онҳо дигар нашавад. Ин навъи захира аз ҷиҳати экологӣ низ мусоид мебошад.

Оталаи ба танира. Ин навъи хўрокро бештар дар фасли зисимстон омода менамоянд. Танираро дар об шикаста онро бо кафи даст дар табақҳо об мекунанд. Баъдан дар даруни дег як маротиба меҷўшонанд. Ҳангоми маротибаи аввал ҷўшонидан, дар зарфи алоҳида 2 қошуқ гардро шикаста ба он ҳамроҳ мекунанд. Ҳамзамон пиёзи сафедро майда реза намуда дар охир ба он ҳамроҳ мекунанд.  Баъзеҳо мувофиқи табъ ба он ҷурғот ё чакка низ ҳамроҳ намуда, истеъмол намоянд.

Нугул. Ин навъи таом яке аз таомҳои серғизо барои фасли зимистон ба шумор меравад. Бештар ин таомҳоро бонувони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Дарвоз омода менамоянд. Донагиҳое, ки дар ин навъи таом истифода мешаванд, пурра маҳаллӣ мебошанд. Яъне дар ин мавзеъ донаи бодом, шафтолу, зардолу, писта мерўянд, ки мардум аз онҳо барои зимистон захира менамоянд. Донагиҳои номбаршударо куфта ҳамаашонро омехта мекунанд. Баъдан дар деги болои оташдон ба мисли гарди орд таф дода, каме бирён менамоянд. Барои таом шуданаш ба он об рехта ба монанди отала онро мепазанд. Ҳангоми пухта расиданаш ба косаҳо мекашанд. Ин хурокро бештар барои бемориҳои сармохурда низ истифода мебаранд. Истеъмоли ин таом ба шахсони фишорбаланд тавсия дода намешавад, зеро он серғизо буда ба фишори хун таъсири манфӣ мерасонад.

Хафтдорўяро дар қатори таом буданаш дору низ номидан мумкин аст. Он аслан таоми мавсимие мебошад, ки барои бемориҳои сармохўрда ва занони навтаваллуднамуда омода мегардад. Дар тайёр намуданаш ҳафт намуд маҳсулот аз қабили тухм, зарчўба, анҷир, набот, асал, равғани зард (аз маскаи хонагӣ) ва шир лозим аст. Ҳамаи он маҳсулоти номбаршударо дар дохили шир якҷо намуда то қиём гаштанаш бо қошуқ дар оташи паст меҷўшонанд. Моёъи он нисбат ба атолаи мўкарарӣ тунуктар мешавад. Чуноне зикр шуд ин таом маҳз ҳамчун доруворӣ ва дар вақтҳои зарурӣ омода мегардад. Аммо қариб дар ҳама хонадони мардуми ноҳияи Дарвоз маҳсулоти он барои рўзҳои даркорӣ захира карда мешавад.

Ревич ё тухмревич. Ин таом гарди таёршудаи ордбирён монандӣ дорад. Ордро дар равған сурх намуда каме намак пошида, пас аз он истеъмол менамоянд. Инчунин мувофиқи тамъ ҳангоми сурх намудани гард, метавонанд ду се тухм андохта каме таф диҳанд. Таом дар назари аввал содда бошад ҳам хеле хушмазза мебошад. Ва зуд тайёр шуда, ба аҳли хонавода махсусан кўдакон пешкаш шавад. Мавсим ва ё контексти махсуси фарҳангӣ надорад. Ҳар кадбону дар дилхоҳ маврид метавонад онро омода намояд.

Тписти ҷурғот навъе аз таомҳои баҳории ин маҳал ба шумор меравад.  Маҳсулоти асосии ин хўрок аз ҷурғот ва тути хукшудаи куфтагӣ иборат мебошад. Тутро ҳангоми пухтанаш хушк намуда, дар далясанг куфта, ба мисли орд менамоянд. Сипас орди куфташудаи тутро аз нав дар ҷои соя мехушконанд. Пас аз он дар вақти лозими дар табақ тпистро рехта дар марказаш ҷурғот рехта истеъмол намоянд. Таом хушмазза ва хоси маҳалҳои кўҳӣ, алалхусус ноҳияи Дарвоз мебошад.

Ба таври хулоса метавон гуфт, ки бонувони ноҳияи Дарвоз ба мисли занони дигар ноҳияҳо таомҳои маҳалли худро то ҷое ҳифз намудаанд. Дар таҳияи таомҳои маҳалли ин ноҳия ҳам нозукиҳои зиёдеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки хусусияти ҷуғрофии ноҳияро инъикос менамоянд. Бинобар ин тавассути таҳияи чунин мақолаҳо метавон онҳоро бештар муаррифӣ намуд, то ин ки дар дигар манотиқи кишвар низ аз онҳо истифода намоянд. Маҳз тавассути чунин муаррифиҳо мо метавонем фарҳанги милливу маҳаллии худро ҳифз намуда, ба насли оянда интиқол диҳем.

Каримова Гулзира

ходими калони илмӣ

барчасп: