Нон дар контексти ҷашну маросимҳои мардуми тоҷик

Аз замонҳои қадим то кунун миёни мардуми тоҷик нон яке аз бузургтарин анвои хўрдании рўйи хон ба ҳисоб меравад. Нисбат ба дигар халқу миллатҳо дар фарҳанги тоҷикон нон ҷойгоҳи хосса дошта, эҳтиром нисбат ба он хеле зиёд аст. Ҷои шубҳа нест, ки мардуми мо нонро баробари дигар муқаддасоти динӣ дониставу дар бораи он нақлу ривоятҳои фаровоне офаридаанд. Дар такя ба бовару ақида ва мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, куҳансолон насли наврасро тарбият намуда, ба ин васила ҳурмату эҳтироми онҳоро нисбат ба нон ҳамчун хўрдании муқаддас талқин менамоянд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар саросари кишвар бузургиву ҷойгоҳи нон қариб яксон аст. Аз ҷониби муҳаққиқон то кунун беш аз сӣ навъи нон ба қайд гирифта шудааст, ки дар гўшаву канори мамлакат бо усулҳои гуногун пухта мешаванд. «Дар фарҳанги мардуми тоҷик як силсила маросимҳо мавҷуданд, ки бо нон марбут мебошанд. Чунончи, маросимҳои ордбезон, равғанрезон, кулчапазон, кулчабандон, ноншиканон, нонбандон, нондеҳон ва ғайра.

Тоҷикон дар тўли садсолаҳо анвои мухталифи нонҳоро ба вуҷуд овардаанд, ки то ба имрўз дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон пухта мешаванд. Масалан, нони чапотӣ ё тунукӣ, гирдача, фатирхамир, фатир, фатири курак, фатири варақӣ ё қад-қад, қалама, кумоч, кулча, нони кордӣ, кулчаи калон ва амсоли инҳо» [5, с. 214-217].

Зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо бонувони пазанда ҳамсуҳбат шуда, дар бораи навъҳои зиёди нон ҳамзамон маросимҳое, ки бо нон алоқамандии зич доранд, маълумот гирдоварӣ намудем. Ин ҷо оид ба навъҳои нони вилояти Хатлон ва шабеҳияти онҳо бо дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ маълумот ироа менамоем. 

Кўлча ё кўлчаи калон яке аз навъҳои нон мебошад, ки бештар дар маъракаҳои хурсандӣ ва баъзан маросимҳои азодорӣ омода мегардад. Тарзи омода кардани кулча чунин аст: шир, равған, хамирмоя, намак ва ордро ба андозаи муайян дар зарфи хамиршурӣ якҷо омехта карда мешуранд. Зувола то аз даст ҷудо шудан яъне на сахту на мулоим ба таври муътадил шурида мешавад. Пас аз шуридан ба муддати 25-30 дақиқа дам занонда, мувофиқи хоҳиши пазанда дар шакли калон, миёна ва хурд лунда мекунанд. Пас аз лунда кардан боз тахминан 15-20 дақиқаи дигар дам хурондан лозим аст. Сипас рўйи рафида тунук намуда ба шакли дилхоҳ бо корд, феълан бо гулмонакҳои қолабӣ ва ё арраи махсус онҳоро ороиш медиҳанд. Пас аз ороиш додани кулчаҳо онҳоро дар танури тасфаш муътадил мепазанд. Баъд аз пухтан дар рўйи кулча барои ҷилло додан каме равған мемоланд, ки ҳам мазза ва ҳам сифати кулчаҳоро зеботар менамояд. Кулчаро ҳамчун нони маъракагӣ қариб дар тамоми ҷашну маросимҳо – ҳам маросимҳои хурсандӣ ва ҳам маросимҳои азодорӣ истифода баранд ҳам, мавқеи он дар маросимҳои нишот, алалхусус, хостгорӣ, никоҳ ва умуман тўй бештар аст.

Қалама як навъ нон ё худ фатири равғанӣ буда, аз об, намак, тухм, орд, равған, ҷурғот омода мешавад. Барои гирифтани зувола, масалан барои як зувола як коса об, 1 дона тухм, каме намак ва орд лозим аст. Зуволаи қалама низ миёна (на сахту на мулоим) шурида шуда,  ба муддати 30 дақиқа дам занонда мешавад.  Пас аз он зуволаро болои нонтахта тунук намуда ба муддати 10-15 дақиқаи дигар дам занонда бо чўби тирак ба мисли зуволаи манту тунук мекунанд. Дар зарфи ҷудогона равғану ҷурғоти хонагиро якҷоя карда ба рўйи зуволаи тунуккардашуда мемоланд.  Зуволаро боз аз як тараф то ба охираш қад намуда ба мисли нон ҷамъ карда боз ба муддати 10-15 дақиқа дам медиҳанд. Ин амал барои он сурат мегирад, ки ҳангоми дубора тунук кардани зувола кор осонтар гардад. Сипас дар пушти зарфи  хамиршўрӣ (карсон) бо ғафсии тахминан 1 – 1,5 см бо даст тунук карда, бо ангуштон мувофиқи завқи кадбону гул монда мешавад. Усули пухтани ин навъи нон бисёр нозук ва то як андоза аҷиб аст. Зарфе, ки болои он зувола тунук карда шудааст, аз ҷониби зуволадор дар равғани пахтаи доғкардашудаи дар ҳарорати муътадил тасфида андохта то хамир аз табақ ҷудо шудан оҳиста-оҳиста чарх мезанонад. Пас аз пурра ҷудо шуда ба даруни равған гузоштан зарфро як су гузошта, бо қошуқи чўбин ва кафгир зуволаро то зардчатоб шудан паҳлу мегардонанд. Қошуқи чўбин аз ҷониби боло ва кафгир аз даруни он меистад, зеро то пухтанаш онро тавассути қошуқи чўбин болои кафгир ҳамвору суфта кардан мегиранд, то ин ки қолабаш бесифат нашавад. Баъзеҳо ҳангоми аз равған гирифтан мувофиқи хоҳиш болои қаламаҳо шакар мепошанд.

Мавриди истифодаи ин навъи нон бештар маросимҳои хурсандӣ буда, аксаран онро дар вилояти Хатлон дар маросими тўйи фотиҳа ҳатман пухта мебаранд. Куҳансолон қаламаро нони муқаддас шуморида, мувофиқи боварҳояшон ҳамчун нони серравғану ширин рамзи хушбахтиҳои минбаъдаи навхонадорон меҳисобанд. Аз ҷониби дигар, гўё он ҳамчун нони серравған рамзи нармдилӣ буда, маслиҳату машварати ҳузурдоштагон дар доираи нармиву якдигарфаҳмӣ ба охир мерасидааст.

Таҳмол  навъе аз нони равғандор буда, ҳанўз аз замонҳои пеш то ба имрўз миёни бонувон, алалхусус, занони деҳот маъмул аст. Таҳмол нони равғаниест, ки аслан аз қаймоқ, равғани  зард ё маскаи хонагӣ омода мегардад. Тибқи маълумотҳо таҳмолро дар деҳот аслан ҳангоми ташрифи меҳмони азиз ва қадрдон, инчунин маросимҳои хурсандӣ омода менамоянд.

Усули таҳияи таҳмол чунин аст:  об, орд, намак ва тухмро омехта намуда, аз ин маҳлул зуволаро омода мекунанд. Баъдан чун дигар зуволаҳои маъмулӣ онро ба муддати 15-20 дақиқа барои осон тунук шудан ва босифат омаданаш дар ҷойи муайян ва ҳарорати муътадил дам мехўронанд. Зуволаи дамхўрдаро шабеҳ ба зуволаи манту тунук карда, ба рўяш қаймоқ ва равғани зарди қаблан омехтанамуда молида, қабат-қабат таҳ мекунанд. Онро ба мисли нон дар шакли гирд печонда боз муддати 15-20 дақиқа дам мехўронанд. Дар охир болои тобаи тасфон каме равғани хонагӣ молида, лундаи печонидаи таҳмолро бо ангуштон тунук мекунанд ва дар оташи муътадил аввал як тарафашро ва сипас паҳлуи дигарашро пўхта ба табақ мебардоранд.

Нонҳои ба таҳмол монанд дар минтақаҳои мамлакат номҳои гуногун доранд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон вожаи нонро  бо истилоҳи «гарда» ном мебаранд. Тибқи иттилои муҳаққиқ Бердиева Ш. ноне бо номи «чарбигарда» пухта мешавад, ки як андоза ба таҳмол монандӣ дорад. «Чарбигарда як навъи нон буда, аз хамиру чарбу пухта мешавад. Аз орду обу намак хамир мекунанд ва хамирро тунук карда, чарбуро реза карда ба болояш мемонанд. Боз як ба як қабат хамири дигар болояшро мепушонанд. Онро дар тафдон мепазанд» [2, с.193].  

Тарзи таҳияи чарбигарда ба таҳмоли вилояти Хатлон монандӣ дорад. Танҳо фарқ дар он аст, ки дар Бадахшон чарбў ё равғанро дар шакли сахттар реза карда, болои хамири тунуккардашуда мегузоранд, дар вилояти Хатлон баръакс равғанро дар шакли моеъ болои хамир мемоланд.

Ба қаламаву таҳмол ва чарбугарда монанд дар водии Рашт низ навъҳои гуногуни нон мавҷуд аст. Зимни суҳбат бо хунарманд Қосимова Гулдаста сокини деҳаи Ровосиёни ҷамоати деҳоти ба номи Н. Махсуми н. Рашт (с.т. 1973) оид ба чанд навъи нон маълумот гирифтем, ки шаклан ба номҳои номбаршуда монанданд. Ин ҷо барои мисол тарзи таҳияи чанде аз онҳоро, ки аз забони ин гўянда шунидем, пешкаш менамоем.

Нони тап-тап яке аз намунаи нонҳое аст, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо номҳои қатлама, қатмол, қалама маълум аст. Зуволаи нони мазкурро аз об, намак, тухм,  равған омода месозанд. Ҳангоми тунук намудани зувола ба рўйи он қаймоқ мемоланд ва баъдан ҷамъ намуда, аз сари нав дар пушти табақи хамиршўрӣ тунук мекунанд. Зимни пухтан онро дар деги равғандори оташаш муътадил бо табақ якҷо меандозанд. Сипас то ҷудо шудани хамир аз табақ бо даст тоб дода баъдан бо кафгир то сурх шуданаш тоб медиҳанд. Нони тап-тапро дар лаълии калони сирдор барои тановул мебардоранд. Истеъмолкунанда метавонад мувофиқи завқ ба рўяш шакар пошад. Ин навъи нон ба мисли нонҳои дигар дар маросимҳои хурсандиву нишот пухта мешавад.

Нони қат-қат  ҳам як навъ нони маросимӣ буда, зуволаи онро ба мисли нони муқаррарӣ аз об, орд, намак дар баъзе минтақаҳои кишвар бо илова намудани хамирмоя омода месозанд. Пас аз расидани нони қат-қат зуволаро бо тирак тунук намуда, ба рўйи он равған мемоланд. Пас аз молидани равған зуволаро дар шакли лўла тоб дода,  бо нонпар куфта,  дар оташдон ё танўр мепазанд.

Таҳмоли чормағзӣ яке аз навъҳои нони маъмули мардуми водии Рашт буда, тарзи омода кардани он чунин аст: орд, об, намакро якҷо намуда хамирро мешўранд ва ба муддати 20 дақиқа дам медиҳанд. Баъд хамирро зувола мегиранд ва бо тирак тунук карда, равғани доғро болои он мемоланд. Пас аз болои он куфтаи чормағз ва пиёзи резаро бо як миқдори муайян тунук намуда, аз як тарафи зувола то ба охираш мепечонанд. Баъдан зуволаи печонидашударо боз ба шакли нон – лунда ҷамъ намуда, барои ба ҳам часпидан бо даст каме тунук мекунанд. Сипас барои хуб пўхтани даруни он бо нонпар куфта, дар тафдон мепазанд.

Шакли ба ҳамин навъи нон монандро Ш. Бердиева бо номи ғузқама дар вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ба қайд гирифта, доир ба он чунин маълумот додааст: «Ғузқама як намуди нонест, ки маъмулан занҳои Бадахшон дар фасли сармо тайёр мекунанд. Ду коса чормағзро кўфта, бо орд ҳамроҳ карда нон мепазанд. Ин нонро дар табақ монда секунҷа реза намуда, саҳарӣ бо чой истеъмол мекунанд» [2, с. 193].  

Палавгон. Дар водии Рашт нони палавгонро бештар ҳамчун дастовез дар маросими тўйи домоду арўсӣ (хостгорӣ, тўйи фотиҳа ва худи маросим тўй) ба хонаҳои якдигар мебаранд. Омода намудани нони палавгон чунин аст. Сараввал хамирашро аз об, намак, хамирмоя ва орд омода намуда, то расиданаш дам медиҳанд. Дар деги алоҳида гард (орд)-ро вобаста ба ҳаҷми хамир бо омехтаи каме равған ва ҳарорати муътадили оташ то сурх шуданаш бирён мекунанд.

Хамири расидашударо дар шакли 1 см тунук карда дар болояш гарди бирёнкардашударо яклухт ҳамвор намуда, қабати дигари хамирро боз ба ҳаҷми 1 см тунук карда, аз болои гарди рехташуда мегузоранд. Пас аз гузоштани зуволаи болои гирди нони палавгонро ба шакли қад-қад ба тарафи болои нон маҳкам мекунанд. Дар дег ба  андозаи муайян – то маҳкам шудани зувола равғани доғро андохта, онро мепазанд. 

Дар вилояти Суғд ғизои маъмулие бо номи «нони ба ҳалво» таҳия мегардад, ки ба палавгони мардуми Рашт монанд аст. Ин навъи нонро бештар дар маросимҳои хурсандӣ  омода менамоянд. Албатта, дар шаҳр ва ноҳияҳои ин вилоят, мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни нонҳо ба мушоҳида мерасад. Аммо чунончи Ш.Бердиева навиштааст:

«Нони ба ҳалво – нонест, ки одатан дар тўю маъракаҳои мардуми ноҳия пухта мешавад. Ин навъи ҳалворо то кунун дар дигар минтақаҳои кишвар мушоҳида накардаем. Усули омода намудани нони ба ҳалво чуни наст: Сараввал аз равғани зард, орд ва шир ҳалво тайёр мекунанд. Равғани зардро гарм карда, мувофиқи табъ ордро бирён мекунанд. Пас аз пурра бирён кардан ширро ба он рехта, ба муддати 10 дақиқа меҷўшонанд» [3, с. 121].  

Аз ин  бармеояд, ки маҳсулоти даруни ҳарду нон қариб якранганд. Танҳо тафовути нони палавгон аз нони ба ҳалво дар он аст, ки дар минтақаи Рашт ордро бирён менамоянд, аммо дар минтақаи Мастчоҳ дар орди бирёнкардашуда шир илова мекунанд. Ин ду навъи нон аз ҷиҳати тамъ низ каме аз якдигар фарқ доранд.

Нон ҳамчун ғизои муқаддас дар саросари кишвар бо шаклу усулҳои гуногун омода мегардад. Мардуми тоҷик онро хеле муқаддас мешуморанд. Масалан, дар  Яғноб нонро нун ва хамирашро умша мегўянд. Ин мавзеъ ҳам ба монанди дигар минтақаҳои кишварамон дорои навъҳои гуногуни нонҳо мебошад. Чуноне ки забоншинос Мирзоев С.  қайд намудааст, яке аз навъҳои нони маъмули ин маҳал кумоч ё кумочӣ  аст, ки пухтани он заҳмати хело зиёдро талаб менамояд. Бояд гуфт, ки на ҳама аз уҳдаи пухтани ин навъи нон баромада метавонад. Дар ҳар деҳаи ин водӣ ангуштшумор – ду ё се ҳунарманд пайдо мешавад, ки чунин навъи нонро пухта тавонад. Ин навъи нонро танҳо дар иди Сари сол ва тўйи арўсӣ мепазанд. Бино ба шарҳи  С. Мирзоев «Кумоч ё кумочӣ ноне, ки хамири он бо ширу равған тайёр карда мешавад. Ин хели нонро хело калон ва ҳунармандона мепазанд. Диаметри кумочӣ тақрибан 50 см ва ғафсиаш ба ҳафт-ҳашт сантиметр баробар аст. Вазни нони мазкур то даҳ-дуводаҳ килло мешавад, албатта ин ба ҳунари кадбону вобаста аст [6, с.167].   

Чунин навъи нонро дар водии Рашт ва ноҳияҳои Файзободу Роғун низ мепазанд ва  онро кулчаи калон меноманд. Аммо дар ин минтақаҳо ғафсии он 8-10 см мешавад. Бояд гуфт, ки феълан дар ҷашну маросимҳои миллӣ ва давлатӣ  дар шаҳри Душанбе низ чунин навъи нон ба андозаҳои гуногун пухта мешавад ва онро кулчаи идона меноманд.

Дар идомаи  мақола мехоҳем чанд маросимеро, ки миёни мардуми тоҷик махсус ба нон алоқамандӣ доранд, таҳлил намоем, зеро ғайр аз он, ки дар тамоми маросимҳо нон пухта ва истифода мешавад, боз як қатор маросимҳое мавҷуданд, ки нон дар онҳо мавқеи хоса дорад.    

Чунончи дар баъзе минтақаҳои вилояти Суғд тибқи бовару эътиқодҳо дар маросими гаҳворабандон пас аз бастани тифл модарашро даъват намуда як кулчаро ба даҳонаш мегузоранд. Пас аз газидани кулча онро гирифта ба писарони берун медиҳанд ва онҳо инро гирифта мегурезанд. Ин маънои онро дорад, ки тифли дар гаҳвора монанди онҳо ба воя расида чақон шавад. Ба ҳамин мазмун дар баъзе ноҳияҳо (Варзоб, Ҳисор) одатҳои дигари боварҳо ба ҷо оварда мешудааст. «Модари тифл аз нони фатир се ё ҳафт бор газида, луқмаҳоро ба гаҳвора, зери болишти кўдак мегузорад, то ки ҳам ризқаш васеъ шаваду ҳам нон нигаҳбонаш бошад» [8, с. 206].   

Аз иқтибосҳои боло чунин натиҷа ҳосил кардан мумкин аст, ки нон ҳамчун ғизои асосии мардуми тоҷик дар ҳаёти ҳар инсон нақши аввалиндараҷаро мебозад. Табиист, ки тифл аз шири модар ва модар аз нон ғизо мегирад. Бинобар ин ҳамчун рамз сараввал ба модари кўдак нон медиҳанд.

Яке аз маросимҳои маъмули ҷашни арўсӣ ноншиканон мебошад, ки пас аз маросими хостгорӣ доир мегардад. Кариб дар саросари кишвар ин маросим дар рўзи махсус, ки барои ҳар ду ҷониб мувофиқ аст баргузор мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин маросим аслан ҷониби домод нонҳои махсуси тўёна – дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва водии Рашт кулчаи калон меноманд, пухта ба хонаи арўс мебаранд. Маросим аслан дар хонаи арўс доир мегардад. Барои иштирокдорони маросим, ки аслан хешовандони ҳар ду ҷониб мебошанд зиёфати махсус омода мешавад. Пас аз розигӣ додани ҷониби арўс нонҳои овардаи наздикони домодро шикаста (аслан бо корд бурида) ба иштирокдорон ва ҳатто ҳамсояҳо аз ноншиканони фалонӣ гуфта тақсим менамоянд.

Чуноне мушоҳида мешавад дар ин маросим нон ҳамчун унсури муқаддас мавқеи асосиро ишғол менамояд. Аз ҷониби дигар, нон ҳамчун рамз нишонаи аҳду вафо ва қавл аст. Шояд  аз ҳамин сабаб унвони ин маросимро ноншиканон номидаанд.

С. Мирзоев дар китоби худ «Суннатҳои маҳаллӣ ва сурудҳои яғнобӣ» якчанд маросимҳоро баён намудааст. Таҳлилҳои ў бо вуҷуди муносибати забоншиносӣ доштан, ҷанбаи фарҳангӣ низ доранд. Чунончи: «Ноншиканон (нон+шикан+он). Маросими номзадкунии духтар буда, дар хонаи волидайни арўсшаванда бо ҳузури хешовандон барпо мегардад… ду нони болои ҳам гузошташударо шикаста, тиккаҳои онро дар табақ ё лаълии ширавор мегузорад, ки баъд ба ҳозирин дода мешавад» [6, с. 64].  

Бояд гуфт, ки маросими номбурда қариб дар саросари кишвар ҳамчун маросими фотиҳаи ду ҷавон баргузор мегардад. Масалан, зимни сафарҳои хидматӣ аз гўяндагони вилояти Суғд шунидаем, ки: «Баъди баромадан аз хонаи арўс ба мурод як кулча ё пораи нонро ҳатман ба хонаи хеш мебаранд. Онҳо низ аз ин маросим бо як нияти нек тановул намуда, ба чунин рўзи муборак расанд»[1].

Ордбезон низ  маросими дохилии ҷашни арўсии тоҷикон мебошад, ки аз чанд ҷиҳат ба нон ва муқаддасии он рабт дорад. Ордбезонро занон дар хонаи арўс доир менамоянд, ки дар он орд аслан бо хотири сафедию покӣ ҳамчун рамзи хушбахтии навхонадорон бо дуои хайр бехта мешавад. Тибқи иттилои фолклоршинос А. Аминов маросими мазкурро баъзан ҳамчун рамзи сафедӣ дар дар хонаи домод ва ҳатто тўйи хатна низ доир менамудаанд. Ў дар ин маврид чунин овардааст: «Дар маъракаи ордбезон ҳамсоязанҳо даъват мешаванд. Сараввал дар хонаи арўс дастархон ороста, барои нонбандон зиёфат медиҳанд. Баъди хўрдани таом ду ва ё чор нафар зани ҳамқад элакро баробари қади арўс бардошта «Аъузу биллоҳи минна шайтонир раҷим. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Худованд бахти сафедуш бута, умри дарозуш бута, арўси бафайзуш куна, ба пойи қадамуш куна, қушша пиршон куна, омин!» гўён дуои хайр медиҳанд ва се маротиба орд мебезанд. Баъдан тамоми занон бо навбат орд бехтан мегиранд. Занон инчунин байни худ бо ҳазлу шўхӣ ордпошӣ намуда, сару рўи якдигарро сафед месозанд. Дар ақидаи мардум орд ҳамчун сафедӣ рамзи покию хушбахтии навхонадорон аст….

Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ордбезон аз маъракаи нонбандон ҷудо гузаронида мешавад. Инчунин ордбезон ҳатто дар хонаи домод ва ҳатто дар бархе аз ноҳияҳо дар ҷашни хатнасур низ ҳамчун рамзи сафедии кор гузаронида мешавад» [1, с.32-33].

Муҳаққиқи забоншинос низ зимни таҳлили вожаи ордбезон контексти иҷрои онро миёни мардуми Яғноб дар мавриди хатнасур шарҳ дода, навиштааст:  «Ордбезон (орд+без+он). Ин суннат қабл аз як рўзи тўйи хатна бо ҳузури занҳо баргузор мешавад, ки баргузории он монанди расми «сурфакушоён»-и тўйи арўсӣ аст [6, с.78].

Дар ҳар сурат ин маросим низ ба муқаддасии орд ва ё нон ҳамчун беҳтарин неъмати хўрданӣ рабт дошта, аз ҷониби модарони мо тибқи эътиқоду бовариҳояшон то ба имрўз баргузор мегардад. Дар ин маросим орд ҳамчун рамзи сафедӣ ва хушбахтии навхонадорон нақши асосиро мебозад. Баъдан аз он орд нонҳои равғанин мепазанд, ки он ҳам рамзи зиндагонии якранг ва нармдилии оилаи навро доштааст.

Албатта, навъҳои нон ва маросимҳо марбут ба он хело зиёданд, ки ҳар кадом ифодагари садҳо маънӣ ва рамзҳои мардуми мо мебошанд. Умуман нон ғизои маъмулест, ки дар тулӣ садсолаҳо тоҷикон онро ҳамчун хўрдании муқаддас ва аз ҳама муҳим эътироф менамоянд. Нон то имрўз миёни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, хушбахтона, бо пешрафти технологияи муосир шаклу навъҳои нави он аз ҷониби кадбонувони хушсалиқаи мо ба вуҷуд омада истодааст.

 

Адабиёт

  1. Аминов,  А. Ҷойгоҳи гулбазм дар ҷашни арўсии мардуми тоҷик (дар мисоли ноҳияи Файзобод). – Душанбе: Аржанг, 2018 – 178 с.
  2. Бердиева,  Ш. Таомҳои маҳалии мардуми Мастчоҳ // Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ дар соли 2016-2017 аз навоҳии вилояти Суғд / мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д. Раҳимов; зери назари Ш. Комилзода. – Шумораи 3. – Душанбе: Аржанг, 2017. – С. 119-127.
  3. Бердиева, Ш. Таомҳои маҳалии мардуми Помир // Фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик: натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ дар соли 2016 аз вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон / мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д. Раҳимов; зери назари Ш. Комилзода.– Шумораи 2. –Душанбе: Ирфон, 2016.– С. 186-196.
  4. Каримова, Г. Расму ойинҳои ҷашни арўсӣ дар ноҳияи Мастчоҳ: натиҷаҳои экспедитсияҳои мардумшиносӣ ва санъатшиносии кормандони ПИТФИ дар соли 2016-2017 аз навоҳии вилояти Суғд / мураттиб, муаллифи пешгуфтор ва хулоса Д. Раҳимов / Шумораи 3. – Душанбе: Аржанг, 2017.– С. 137-147.
  5. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон. –Душанбе: ЭР-граф, 2017. – С. 214-217.
  6. Мирзоев, С. Суннатҳои маҳаллӣ ва сурудҳои яғнобӣ. –Душанбе, 2012. – С.167.
  7. Мирзоев, С. Яғнобӣ зивок. – Душанбе: Сурушан, 1998.– С. 111.
  8. Раҳимов, Д. Гаҳворабандон // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ. – Душанбе: СИЭМТ, 2015. – Ҷ.1.– С. 206.

 

Каримова Г.

 

 

[1] Гўянда Иброҳимова Шарофат сокини ҷамоати деҳоти Обурдони н. Мастчоҳ (с. тав.1965).

барчасп: