Инъикоси баъзе маросим дар бозиҳои бачагона

Ҷашну маросим бо навъҳои гуногунаш як ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик дар замонҳои қадим низ ҷашну маросим ва анъанаву суннатҳои неки ниёгонро аз нестшавӣ эмин дошта, онро то ба насли имрӯз интиқол додаанд. Бояд гуфт, ки ҷашну маросимҳои тоҷикон дорои ҷиҳатҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, тарбиявию ахлоқӣ буда, иддае аз онҳо шахсро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия мекунанд. Яке аз хусусиятҳои аслии ҷашну  маросимҳо, ки то замони мо расидаанд, ин ҷанбаҳои тарбиявӣ доштани онҳо дониста мешавад. Инчунин инъикоси ҷашну маросимҳои халқи тоҷикро дар дигар бахшҳои фарҳанг, аз ҷумла дар бозиҳои бачагона метавон мушоҳида кард. Бозтоби бархе аз ҷашну маросимҳои тоҷикон дар бозиҳои суннатӣ ба мисоли арусбозӣ, ки онро духтаракон бо такя ба маросими арӯсбиёрони воқеӣ иҷро менамоянд, бешак аз ғанӣ будани фарҳанги ғайримоддии ҳалқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Аз қадим бозиҳои суннатӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти кӯдакон, хусусан духтаракони хурдсол маҳсуб ёфта, онҳоро аз хурдӣ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, донистани расму одатҳои гузаштагон тарбият мекард. Аз ҷумла, онҳо дар рафти бозии худ тамоми ҷузъиёти арӯсбиёрӣ, ҳамсоядорӣ, меҳмондориву меҳмоннавозии мардуми тоҷикро бештар инъикос мекунанд. Духтаракон ин ҳама гуфтаҳоро баъзан дар як бозие, ки ба ҷашну маросим алоқаманд аст, таҷассум мекарданд.

 Яке аз чунин бозиҳое, ки бештари вақт наврасон дар рӯзҳои офтобии фаслҳои баҳор ва тобистон ба бозидани он машғул мешуданд, «арӯсбозӣ» ном дорад. Ин бозиро духтарчаҳои наврас асосан дар даруни хона, ҳавлӣ ё боғҳо бо риояи масофа миёни хонаҳои арӯсу домодро тасвир мекунанд. Дар бозии мазкур ҳамаи он шодиву нишоти аҳли хешу табор ва наздикони арӯсу домод ба муносибати ҷашни арӯсии навхонадорон то андозае аз тарафи бозигарони наврас намоиш дода мешавад. Шарҳи бозӣ чунин аст:

Пеш аз ҳама духтаракон дар як ҳавлии қаблан интихоб кардаашон ҷамъ омада бо ҳам маслиҳат мекунанд. Ҳар як бозигар бо ихтиёри худ барои таъмини ашёи зарурии бозӣ аз хонаҳояшон овардани гилем, кӯрпача, дастархон, хӯрокӣ ва ғайраро ба зимма мегиранд. Сипас онҳо аз байни худ духтар ва писареро интихоб мекунанд, ки онҳо дар бозӣ нақши арӯсу домодро мебозанд. Дигар иштирокчиён дар рафти бозӣ худро ҳамчун меҳмони тарафи арӯсу домод тасаввур намуда, нақши қудоҳоро иҷро мекунанд. Баъзан ҳолатҳо образи арӯсу домодро дар бозӣ ду духтараки наврас тариқи ҳазломез бозӣ мекунанд, ки ин бозиро боз ҳам ҷолибтар менамояд. Бозингарон пеш аз омадани домод арӯсро омода намуда, як нафар духтарчаеро ҳамчун доиранавоз интихоб мекунанд. Шахси интихобшуда дар даст сатил, тағора ё ягон ашёи ба доира монандро гирифта менавозад. Зери ин навои хаёлан ба назари духтарчаҳо доирамонанд иштирокчиёни тӯй то омадани шаҳбача рақсу сурудхонӣ намуда хурсандӣ мекунанд. Ҳамин ки домод ва ҳамроҳонаш баҳри бурдани арӯс меоянд, духтараки доиранавоз дар баробари навохтан чунин мисраҳои шеъриро, ки вобаста ба бурдани арӯс мансуб дониста мешавад, замзама мекунад:

           Дашти калонай,  лола надора,

 Арӯси мора мебаран, хола надора.

Арӯсро бозингарҳо то назди хонаи домод, ки бо риояи масофа дар як ҳавлӣ ё дуртар аз он ҷойгир аст, бо шеъру сурудхонӣ ва садои хуши ёр-ёр гусел мекунанд. Дар вақти бурдани арӯс то назди  хонаи домод як нафар иштирокчии бозӣ чун яккахон аввали сурудро мехонад. Дигарон бошанд бо ҳамовозии ӯ нақароти сурудро месароянд:

Яккахон:

Таги сада самавор,

Нақарот:

Ёр-ёр ёроне,

 

Яккахон:

Чойнику пиёла қатор,

Нақарот:

Ёр-ёр ёроне.

                     

 Рафтем роҳи дуродур, ёр-ёр ёроне.

Овардем ниҳоли гул,  ёр-ёр ёроне.

Ин гула куҷо монем,   ёр-ёр ёроне.

 Дар ҳавлии Мирзогул, ёр-ёр ёроне.

 

Мирзогули бебокум,  ёр-ёр ёроне,

 Ту ангуру ман токум,  ёр-ёр ёроне.

                    Аз барои як хӯша,  ёр-ёр ёроне,

  Печида ба ҳар токум, ёр-ёр ёрон

  

Матни мазкур миёни наврасони шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо шаклҳои гуногун ҳангоми иҷрои ин бозӣ  сароида мешавад.   

Дар бозии мазкур наврасон бештар анъанаи аҷдодии арӯсбиёрии тоҷиконро баҳри дигар ҳамсолони худ нишон медиҳанд, ки хусусияти тақлидкорӣ дорад. Баробари тақлидкорӣ ин қабил бозиҳо тарғиби баъзе аз ҷашну маросимҳоро дар байни наврасон иҷро менамоянд, ки ҷанбаҳои тарбиявӣ низ доранд.

Дар шароити кунунӣ ташкил ва гузаронидани ин навъ бозиҳое, ки бештар таҷассумгари расму анъанаҳои тоҷикона мебошад, дар ботини наврасон ҳисси меҳру муҳаббатро нисбати расму анъанаҳои аҷдодӣ афзун намуда, онҳоро аз хурдӣ дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ тарбият месозад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мо ҳамарӯза дар вуҷуди кӯдакону наврасон ҳисси кунҷкобӣ ва тақлид ба баъзе рафтор, урфу одат ва муносибатҳои калонсолонро мушоҳида мекунем. Масалан, онҳо бисёр вақт ба маросиму ҷашнҳо рафтану омадани модару модаркалонҳои худро, чи дар рафти бозиҳо ва берун аз он тақлид мекунанд. Ба таври умумӣ гӯем, кӯдакону наврасон бештар ба чизе ё касе тақлид мекунанд, ки ба завқу салиқаи онҳо писанд афтода бошад. Яке аз сабаби тақлиду пайравии кӯдакон ба баъзе маросимҳоро дар он медонем, ки онҳо нисбати маросиму ҷашнҳои болозикр таваҷҷуҳи махсус доранд. Ва мехоҳанд лаҳзае худро ба ҷои модару модаркалонҳояшон тасаввур намоянд. Зеро ҳар духтар ё писар пеш аз ҳама аз падару модари хеш пайравӣ мекунад ва он чи дар атрофаш мебинад ба он тақлид мекунад. Онҳо тарзи иҷрои ин ҳама, маросимҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаашон мушоҳида карда, тавассути бозӣ онро ба дигарон намоишкорона нишон медиҳанд.

Ба роҳ мондани ин қабил бозиҳо барои ҳаёти минбаъдаи кӯдакон, хосса духтаракони наврас аз манфиат холӣ набуда, ин омил баҳри давом ёфтани расму анъанаҳои қадима дар рӯзгори ояндаи онҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамзамон барои рушди унсурҳои дигари мероси фарҳанги ғайримоддӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Зеро танҳо бозиҳои дар айёми наврасӣ бозидаи духтаракон дар зиндагӣ барои онҳо имконияти хуберо ба бор меоварад. Ғайр аз ин бо баҳонаи тақлид машғул шудани кӯдакону наврасон ба ин ё он навъи бозӣ онҳоро аз бозиҳои зараровари телефонию компютерӣ то андозае дур месозад.

Чуноне ки дар ин бора Раҳимӣ Д. дар мақолаи хеш «Варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона бахше аз мероси фарҳанги ғайримоддӣ» ишора намудааст: «Дар шароити имрӯза, ки воситаҳои нави техникаи иттилоотӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст ва истифодаи онҳо барои саломатии кӯдакону наврасон зарари калон дорад, аҳамияти бозиҳои анъанавӣ якчанд маротиба афзудааст. Имрӯзҳо бачагон аз бозию мусобиқаҳои суннатӣ дур шуда, рӯй ба бозиҳои компютерӣ, мобилӣ ва интернетӣ оварда истодаанд. Ин падида ба вазъи равонию ҷисмонии бачагон зиёни ҷиддӣ дошта, инкишофи бадан ва махсусан майнаи онҳоро хаставу заиф мегардонад. Зеро онҳо соатҳо паси компютер ё телефони мобилӣ дар даст нишаста, машғули бозӣ мешаванд»[2].

Дар ҳақиқат муҳаққиқ дуруст қайд кардааст, ки наврасон ҳангоми иҷрои бозиҳое, ки ба ҳаракати ҷисмонӣ ва расму ойинҳои мардумӣ марбутанд, хубтар обутоб ёфта, аз ҷиҳати фикрронӣ нисбати арзишҳои фарҳангӣ ва ҳаёти солим ҳамчун шахси комил ба воя мерасанд.

Вале боиси ташвишу нигаронист, ки имрӯзҳо духтарони наврас ба бозиҳои анъанавӣ аҳамият намедиҳанд. Шумораи ками онҳо ба бозиҳои суннатӣ шавқу рағбат дошта, ба он машғул мешаванд. Қайд кардан бомаврид аст, ки дар замони кунунӣ бозидани бозиҳо тавассути технологияҳои ҳозиразамон (телефон, компютер, планшет ва ғ.) дар қатори писарон таваҷҷуҳи духтарони хурдсолу наврасонро низ ба худ ҷалб кардааст. Аммо истифодабарандагони бозиҳои компютерӣ майли   ҷавонону наврасон ба бозиҳои гуногунро, як навъ ба замони муосир мутобиқ гардидани онҳо мешуморанд. Лекин онҳо боре андеша намекунанд, ки дар қатори осон намудани дастрасии маълумоти лозима интернет зарурист. Аммо аз тарафи дигар ғайримақсад истифодабарии он зиёне ба рӯҳия ва саломатии онҳо мерасонад.

Вақте ки духтаракон ба бозиҳои суннатӣ майл дошта бошанд, албатта, онҳо ба ин восита чандин ҳунарҳоро низ аз худ мекунанд. Чунки онҳо ҳангоми бозидан кӯшиш мекунанд, ки мисли калонсолон дар бозиашон ҳама ашёи зарурӣ муҳайё бошад ва тамоми қоидаҳои бозиро риоя намоянд. Наврасон ба ин гуна рафтору муомилае, ки таҷассумгари фарҳангу тамаддун ва расму ойини ниёгон аст тақлид карда, дар замири хеш майли омӯхтан ва таҳия намудани маҳсулоти гуногунро мепарваранд.

Чи тавре ки ишора гардид, миёни кӯдакону наврасони имрӯза аҳён – аҳён бозиҳои суннатӣ ба чашм мерасад. Сабаби ин таъкидҳои зиёди калонсолон нисбати зарарҳои технологияи муосир, аз ҷумла телефон, компютер ва ғайра мебошад. Масалан, ҳангоми мусоҳиба бо Қурбонова Шарофат (соли тав. 1925, сокини кӯчаи Заҳматободи ноҳияи И. Сомонӣ) бозиҳои даврони наврасиашро бо ҳамсолонаш ба ёд оварда чунин мегӯяд: «Мо лӯхтакчаҳои хурду калони бисёре доштем, ки онро худамон аз латтапораҳо месохтем. Сабаби аз латтапора сохтани лӯхтакҳо дар ин буд, ки дар он давраҳо ришта камчин буд ва ҳар кас имкони дастрас намудани риштаро надошт. Мо лӯхтакро барои бозӣ аз латтапораҳо бо тарзи одиякак месохтем. Дар аввал, латтапораҳоро бо ҳам ғиҷим мекардем, сонӣ онро    шаклан ба кӯдак монанд менамудем. Бо он лӯхтаки аз латта сохтаамон рӯзҳои хунукӣ дар даруни хона лӯхтакбозӣ, арӯсу домодбозӣ, меҳмонбозӣ ва холабозӣ мекардем. Рӯзҳои гарми тобистон бештари бозиҳои мо дар беруни хона ва  ё таги айвони дарвозаи хонаамон сурат мегирифт. Мо мисли наврасони имрӯза аз саҳар то поси шаб дар кӯча беҳуда нагашта, бо лӯхтакҳои худсохтамон ҳар хел бозиҳо ташкил мекардем». Зимни суҳбат бо ин зани солхӯрда маълум гардид, ки замонҳои пеш нисбат ба имрӯз кӯдакон бисёртар ба бозиҳои анъанавӣ машғул буданд.

Бозиҳои суннатӣ ба ғайр аз дар тарбияи насли оянда нақш доштан, боз ҷашну оинҳои гуногуни тоҷиконро дар худ таҷассум мекунад. Бояд иброз дошт, ки аз қадим лӯхтакбозӣ низ яке аз машғулияти писандидаи духтаракони хурдсол ба ҳисоб рафта, миёни онҳо бозида мешавад. Масалан, чанд сол қабл миёни духтаракон ба мушоҳида мерасид, ки онҳо дар рафти лӯхтакбозиашон баъзе аз маросимро ба монанди тӯйи арӯсӣ ва маросими гаҳворабандонро нишон медоданд. Аммо ин тақлиди онҳо тақлиди кӯдакона набуда, он хусусияти тарбиятнамоии духтараконро дар худ инъикос  мекунад. Бояд гуфт, ки фарқият дар байни ин ду бозӣ аз бозиҳои театрикунонидашуда дар он аст, ки дар лӯхтакбозӣ нақшҳо тавассути лухтакҳо бозида мешавад. Аммо дар бозии бачагона бошад нақшҳои арӯсу домод ва дигар образҳои бозӣ аз тарафи худи бозингарон иҷро карда мешавад. Танҳо фарқияти ҷузъӣ дар арӯсбозӣ ба чашм мерасад, ки якранг тасвир ёфтани ҷашни арӯсӣ чӣ дар бозии суннатӣ  ва чӣ дар лӯхтакбозӣ духтарон аз бою ғанӣ будани фарҳанги мардуми тоҷик далолат мекунад. Бо ҳамин далел метавон гуфт, ки вақте духтараки хурдсол барои бозии худ лӯхтак ва ё ашёи дигаре омода месозанд, ҳангоми машғули бозӣ шудан бо лӯхтаке, ки худ онро сохтааст, бисёртар  лаззати кӯдаконаро эҳсос менамояд. Модару модаркалонҳо низ дар таҳия намудани лӯхтак ба онҳо кӯмаки амалии худро мерасонданд. Бо лӯхтакҳои рангоранг духтаракон ҳар гуна бозиҳо, ба монанди меҳмонбозӣ, арӯсбозӣ, ҳамсоябозӣ, холабозӣ, гаҳворачабозро иҷро мекунанд. Дар ин гуна бозиҳояшон онҳо ба он ҳама оину суннати ҳамсоядорӣ, меҳмондориву меҳмоннавозии мардуми тоҷик такя карда, бозиашонро обу ранги дигар медиҳанд.

Духтаракон фаслҳои гармо дар хона ва ё ҳавлии кушод ва дар  сармо дар кунҷе аз хонаҳои гарм машғули лӯхтакбозӣ шуда, бо як ҷойи нисбатан хурд ҳатто, хонаҳои ҳамсояҳоро низ тасвир мекарданд. Ба роҳ мондани ин навъ бозиҳо дар миёни хурдсолон ба манфиати кор буда, онҳоро ба зиндагии мустақилона тайёр месозанд. Дар ин росто онҳо аз ҷашну маросимҳои гуногун ва тарзи гузарониданашон огоҳӣ пайдо мекунанд. Ғайр аз тасвири маросими гаҳворабандон дар лӯхтакбозӣ кӯдакон ҷашни арӯсиро низ ба иҷро мерасонанд. Чуноне ки дар китоби «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон»  оид ба лӯхтакбозӣ  нигошта шудааст: «Духтаракон бо лӯхтакҳо тӯйи арӯсӣ, хоначабозӣ ва дигар намуди  бозиҳоро бо тақлид ба рафтори калонсолон бозида, лаззат мебаранд. Масалан, дар бозии тӯйи арӯсӣ духтарон яке аз лӯхтакҳоро ҳамчун «арӯс» интихоб  карда, ба сараш латтапораеро чун рӯймоли калон мепӯшонанд. Ду-се лӯхтаки дигар нақши меҳмононро бозӣ мекунанд ва онҳоро дар арӯсхона мешинонанд. Яке аз духтарон дойира менавозад ва дигарон бонавбат мерақсанд. Баъд аз рақсу бозӣ арӯсро ба хонаи «домод» мебаранд»[3].

Хулоса, бозиҳои бачагона аз ҷумлаи унсурҳои маъмули фарҳангӣ ба шумор рафта, барои тарбият намудани кӯдакону наврасон нақши муассир мебозад. Ҳар як шахси калонсол дар замони хурдсолиаш ба бозидани ягон бозӣ машғул шудааст, ки то ҳол дар хотирааш нақш бастааст. Ба ҳамин далел метавон гуфт, ки барои тарғиби бозиҳои суннатӣ дар байни наврасон нақши калонсолон бениҳоят муҳим аст. Ин гуна ашхос метавонанд  фоидаи бозиҳои анъанавӣ ва зарари бозиҳои компютериву телефониро дар миёни хурдсолон таблиғ кунанд. Хуб мешуд, ки ғайр аз ин тавассути ҳавасмандгардонӣ дар доираи хонаводагӣ, боғча ва мактаб кӯдакону наврасонро то як андоза ба бозиҳои суннатӣ ҷалб намоянд, то онҳо дар рӯҳияи солим ба воя расанд.

Шодӣ ҚУРБОНОВ

 

 


 

 

 

барчасп: