Артиши миллӣ – сипари Ватан

Санаи 23-юми феврали соли 2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро ба ин ҷашни таърихӣ табрику таҳният намуд. Дар зимн ӯ иброз дошт, ки имрӯз яке аз рӯзҳои таърихӣ барои давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, аз таъсисёбии Артиши миллӣ 30-сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли 30-сол Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои мушкилеро аз замони таъсисёбӣ то рушду такомули солҳои охир паси сар намуда, аз санҷиши ҳаёт бо сарбаландӣ баромадааст.

Дар ин ҷода, яъне ташкили Артиши миллии бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз ва ба талаботи муосир ҷавобгў хидматҳои арзандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобили тазаккур аст, ки маҳз бо саъю кўшиш ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат иқтидори мудофиавии кишварамон тақвият ёфта, имрўз хизмат дар сафи Артиши миллӣ боиси ифтихору сарбаландии ҷавонон гардидааст.

Сипас, тибқи барномаи мизи мудаввар ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Мунаввар Сафаров дар мавзӯи “Ватан – арзише беш аз ҷон” маърӯза ироа намуд. М. Сафаров тараннуми ғояҳои ватандориву ватандӯстиро тавзеҳ дода, таъкид кард, ки чуноне миёни мардуми тоҷик ибораи “ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар” хеле маъмул аст, ҳифзи марзу буми Ватанро аз ҳифзи ҷон ҳам воҷибтар бояд донист.

Дар идомаи ҳамоиш ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Шамсуддин Абдуллоев ва ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Саъдӣ Мирзоев доир ба мавзуъҳои “Давраҳои таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Артиши миллӣ-сипари Ватан” маърўза намуданд. Аз ҷумла,  Ш.Абдуллоев ҳангоми суханронӣ оид ба рўзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаҳои минбаъдаи фаъолияти он далелҳои муътамадро зикр намуд. Зимни суханронӣ С.Мирзоев иброз намуд, ки барои ҳимояи Ватан ва бедор кардани ҳисси меҳанпарастӣ дар дили ҳар фарди тоҷик сухан нақши муҳим мебозад. Зеро асрҳои тӯлонӣ аҷдодони мо барои ҳифзи давлату миллати хеш ҷоннисориҳои зиёде карда, дар васфи Ватан ва родмардони он шеърҳо эҷод кардаанд. Чуноне Фирдавсии бузургвор фармуда:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

      Дар анҷоми баромадаш Саъдӣ Мирзоев аз эҷодиёти хеш чанд шеъри тозаэљодро, ки ба Ватану ватандорӣ ва ҳимояи марзу буми он бахшида шудааст, қироат намуд.

Дар бахши музокира ходимони илмии муассиса д.и.п., профессор Қурбон Хоҷаев, д.и.ф., профессор Мурод Муродӣ,  профессор Ҷӯрахон Обидпур, н.и.п., дотсент Шариф Комилзода, номзадҳои илми филология Дилшод Раҳимӣ, Мирзоалӣ Ҷӯраев ва дигарон роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни таъсис ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар таҳкимбахшии он, Ватану ватандорӣ ва ғайра фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Ҳамоишро бо суханони хотимавӣ директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, н.и.ф., Абдуфаттоҳ Аминов ҳусни анҷом бахшида, таъкид намуд, ки имрӯз насли наврасро бо далелу бурҳон ва суханҳои одию фаҳмо аз садоқату муҳаббат ба Ватан, шарафнок будани хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи он тарбия намудан зарур аст. Дар ин самт тамоми аҳли зиё, аз ҷумла олимону ходимони илмии муассисаҳои илмию таълимӣ бояд саҳмгузор бошанд.