Activities calendar

09 октября 2024

ҲУНАРМАНДЕ, КИ АЗ НАҚШҲОИ ХУРД ОБРАЗҲОИ ХОТИРМОН МЕОФАРАД

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аминамо Табарова аз шумори камтарин пешаваронест, ки ҳунарро, ба қавли коргардони маъруф Константин Станиславский, дар худ дӯст доштааст, на худро дар ҳунар. Ӯ дар тасвири ҳолати руҳӣ ва мушкилоти ҳаёти қаҳрамонҳояш аз обуранги мухталифи бозигарӣ истифода мебарад. То расидан ба ин мартаба, ӯ мисли дигарон, зинаи шогирдиро низ гузаштааст. Таҳсил дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар ин роҳ барояш қадами ҷиддӣ гардид.  

барчасп: 

Натиҷагирӣ аз сафари хидматӣ ба Ховалинг

Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон гурӯҳи кории ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон экспедитсияи мардумшиносиро доир намуда, ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, табиӣ, мавзеъҳои муқаддас, замони пайдоиш ва мавҷудияти онҳоро ба қадри имкон таҳқиқ намуданд.

барчасп: