Интишорот

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ПОЙТАХТ

Санаи 18 октябри соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи  Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур намояндагони табақаҳои гуногун, деҳконону кишоварзон, косибону ҳунармандон, санъаткорон ва умуман аҳли фарҳанг аз шаҳру навоии кишвар, махсусан аз ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуда,  намоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили сабзавот, полезӣ, меваҷот, ғаладонагӣ, техникаи кишоварзӣ, иқтибосҳо аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷашни Меҳргон, шеърҳо аз осори шоирони классику муосир дар шакли овеза  ва банерҳо овезон гардида буд. Ҳанӯз аз субҳи барвақт боғи мазкур идгоҳи ҳақиқиро мемонд.

барчасп: 

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Ҷашни Меҳргон дар қатори Наврӯзу Сада ва Тиргон аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ меҳр меномиданд, баргузор мегардад, ки мутобиқ ба 8-уми октябри тақвими григорианӣ мебошад. Яъне дар солшумории ниёкони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12-тои онҳо бо номи моҳҳо айнан як хел буданд ва ҳар вақте ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ меомаданд, аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешуд.

барчасп: 

Забон – рукни асосии худшиносии миллӣ

Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба рӯзи забон мизи мудаввар дар мавзӯи  «Забон–рукни асосии худшиносии миллӣ» баргузор гардид.  Сухани ифтитоҳиро директори пажӯҳишгоҳ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ оғоз намуда,  ҳамагонро ба муносибати рӯзи забон табрик гуфт. Номбурд зимни суханрониаш зикр кард, ки забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. 

барчасп: 

ПОСИ ХОТИРА

Рўзи 9-уми сентябри соли 2020 баъд аз бемории начандон тўлонӣ, қалби сармуҳосиби Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷонов Маҳмуд аз тапидан боз монд.

барчасп: 

Тибқи супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров оғоз шуд

Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 чопи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябри соли равон тақсимоташ ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.

Нашри китоби «Тоҷикон» ва дастрас кардани он ба ҳар як оилаи кишвар боз як иқдоми

Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол

Ба истиқболи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо иштироки васеи роҳбарият ва кормандони ПИТФИ, мизи мудаввар дар мавзўи “Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлолият”  баргузор гардид.

барчасп: 

Баргузории тренинги маҷозӣ оид ба фарҳанги ғайримоддӣ

Аз  24 то 28 августи соли 2020 тавассути Интернет семинар-тренинги минтақавии маҷозӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ  баргузор гашт. Дар он, асосан, мутахассисони мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ  (Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирѓғизистон ва Қазоқистон) даъват шуда буданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар – Дилшод Раҳимӣ, директори Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот,

барчасп: 

Дар Вазорати фарҳанг мизи мудаввар дар мавзӯи «Фарҳанг зидди таассуб ва ифротгароӣ» баргузор гардид

30 июли соли 2020 дар Вазорати фарҳанги Xумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Фарҳанг зидди таассуб ва ифротгароӣ» баргузор гардид, ки дар он филми мустанади “Хиёнат” ва таъсири он дар тарбияи ватандӯстии насли ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

барчасп: 

Страницы