Activities calendar

26 апреля 2016

Гуфторҳои таърихии радио ва ташаккули худшиносии миллӣ

(дар мисоли гуфторҳои адабӣ-таърихии Радиои «Тоҷикистон» солҳои 1980-1990)
Пахши гуфторҳои таърихӣдар баробари барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тафреҳӣҳамчун талаботи маънавии як қисми шунавандагон, барои комилтар кардани фазои маърифатӣ ва худшиносии миллии ҷомеа нақши созгор дорад. Омили муҳимми дигари мавҷудияти барномаҳои таърихии радио хоса дар  солҳои истиқлолият тасодуфӣ набуда, балки «амри ногузири даврони  соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст...

Тасвири анвои касбу ҳунар дар ашъори Сайидо

Аз асрҳои X-XI ба баъд бо таъсис ва нашъунамои шаҳрҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, вусъати ҳунармандӣ ва ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар шаҳрҳо дар адабиёти форсу  тоҷик низ навъ ё жанри шеърие ба вуҷуд омад, ки мавзўи он тасвири аҳли ҳунар ва касбу кори онҳо, васф ё ҳаҷви табақаҳои муайяни шаҳр буда, унвони «Шаҳрошўб» ё «Шаҳрангез» - ро ба худ пайдо кард. Сабаби «Шаҳрошўб» хонда шудани чунин шеърҳо дар он буд, ки «мазмуну муҳтавояшон вирди забонҳо гардида, дар байни аҳолии шаҳр ошўбу овоза ва ҳангома ба вуҷуд меовард».