Activities calendar

28 июня 2016

Гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шуғнон

Баъди ифтитоҳи мактаб дар деҳаи Кушки Ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази ноҳияи Шуғнон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг ҳусни оғоз бахшид.
Замина барои бунёди маркази нави маъмурӣ ва нуқтаи замонавии истироҳату фароғати маънавӣ бо муосиртарин бинои Қасри фарҳанг бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат дар маркази ноҳия муҳайё гардида, корҳои сохтмонӣ бо тарҳи ғайри