Мо чанд Дарвеш дорем?

Адабиёти пурғановати форсӣ-тоҷикӣ ва фарҳанги оламшумули миллати мо номҳои ҳамсоне дорад, ки ҳар кадом дар пажуҳишу офариниши асарҳои илмиву адабӣ нақши шоиста доранд. Баъзан аз он ки зери як ном аз чанд нафар ёд мешавад, метавонад хонандаро ба гумроҳӣ барад.

Бо як дид мо ҳашт Дарвешро аз миёни шахсиятҳои маъруфи фарҳангӣ пайдо кардем, ки ҳар кадом дар риштае маъруфият доранд.

  • Абдулмаҷиди Толиқонӣ
  • Абдулмаҷиди Толиқонӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1771/72, шаҳри Исфаҳон), шоир ва хаттоти эронӣ. Дар ҷавонӣ аз зодгоҳаш Толиқони Қазвин ба Исфаҳон омада, то охири умр он ҷо мондааст. Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ илмҳои гуногунро аз худ намуда, хаттотиро низ меомӯзад. Дар хати насх аз беҳтарин хушнависони Исфаҳон ба шумор мерафт. Қитъаҳои зиёде бо хати ӯ мондаанд. Як варақ хати шикастаи ӯ дар Китобхонаи хаттоти ҳиравӣ Муҳаммадалии Атто мавҷуд аст. Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ дар шоирӣ маҳорат дошта, бештар дар ғазал ҳунарнамоӣ кардааст. Аввал бо тахаллуси «Хомӯш» шеър навишта, баъдтар аз он даст кашидааст. Аз ашъори Дарвеш Абдулмаҷиди Толиқонӣ порчаҳои пароканда дар сарчашмаву баёзҳо мондаанд.

Дарвеш Алимуҳаммади Тоқӣ

Дарвеш Алимуҳаммади Тоқӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттот ва шоири форс-тоҷик (асри 15). Зодгоҳаш шаҳри Ҳирот. Дар маҷлису сӯҳбатҳои бузургони давраш Абдурраҳоми Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ пайваста ширкат варзида, баҳра бурдааст. Анвои хутути арабиро зебову марғуб ва хоно менигоштааст. Чандин асарҳои адибони пешин ва давраш, аз ҷумла «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомиро с. 1503 бо хати настаълиқи бағоят зебо китобат намудааст. Инчунин «Лубоб-ул-албоб»-и Ҳусайни Воизи Кошифӣ (китобаташ с. 1477, таҳти рақами 2227), ду девони А. Навоӣ (китобаташ 1500, таҳти рақамҳои 4007 ва 7701), «Маърифат-ул-мазоҳиб»-и Муҳаммад Тоҳири Ғазалӣ (китобаташ 1502, таҳти рақами 3376)-ро китобат намудааст, ки онҳо дар фонди Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии АФ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.

Дарвеш Аҳмади Қонунӣ

Дарвеш Аҳмади Қонунӣ (соли таваллудаш номаълум, макони таваллуд Самарқанд  – соли вафоташ миёни солҳои 1497 – 1510, Самарқанд), навозанда, хонанда, мусиқидони тоҷик, зодаи Самарқанд. Зиндагӣ, омӯзиш, фаъолияти эҷодию иҷроияш дар ҳаваи ҳунарии Мовароуннаҳр сурат гирифта, мусиқиро, муддате назди Абдулмӯъмини Ҳофиз (Хонанда), Хоҷа Абдулқодири Гӯянда омӯхт. Дар сознавозӣ (қонун, барбату рубоб) сабки хоси иҷроӣ доштааст ва мусиқидонони замон (ҳатто мактаби Ҳирот, Устод Қулмуҳаммади Удӣ ва дигарон) ба сабки иҷроии вай эътимод меоварданд. Ӯ муддате бо сабаби низои мазҳабӣ Самарқандро тарк кардааст. Солҳои муҳоҷират мусиқиро ҷиддан фаро гирифт. Дар жанр, шаклҳои шеърию мусиқӣ («амал», «савт», «нақш», «рехта» ва ғайра) бар ашъори Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Қосимӣ Анвар таснифоти ҷолибе сохта, Абдулмӯъмини Хонанда бо шӯру шавқ дар маҷолиси аҳли завқ месурудааст. Асарҳои мусиқиаш дар танзими зарбу навоҳои мақомҳои «Ироқ», «Ҳусайнӣ», «Кӯчак» (ба ғазалиёти Саъдӣ, Қосими Анвор, махсусан «Амали дилафгор», «Нақши дарвешон», «Пешрави қонун» ва ғайра) дар ҳаёти мадании Самарқанду Бухоро, Ҳирот шӯҳрати зиёд касб кардаанд. Табъи хуби шоирӣ дошта, ғазалҳои ирфониро некӯ гуфтааст.

Адабиёт:

Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р: 468 – 1, ИШАФ Ӯзбекистон;

Бобур, Бибурнома, Т., 1993;

Машҳун Ҳ., Таърихи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376;

Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. Д., 1988;

Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷик дар ас.рҳои 12 – 15, Д., 1989; Раджабов И., О музыке Самарканда // История искусство великого города, Т., 1972.

Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ

Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ (соли таваллудаш номаълум, дар Самарқанд мутиаваллид шуда ва тахсинан солҳои1561-1564 дар ҳамин шаҳр фавтидааст), хонанда, навозанда ва мусиқидони тоҷик. Санъати мусиқиро ибтидо аз падараш, ки дар шеъру овозхонӣ даст дошт, фаро мегирад. Барои такмили ҳунар муддати тӯлонӣ аз дарси муссиқии Устод Амир Алиакбари Самарқандӣ баҳра бардошта ва бо устодаш дар маҷолису мунозираҳои адабӣ, мсусиқӣ хеле фаъол ширкат намуда, дар заминаи осори мусиқии устодони созу овоз дар жанру шаклҳои маъмули созию овозӣ таснифоти рангин офаридааст. Дар овозхонӣ сабки хос дошта, авҷҳои мураккабро баъзан шадид иҷро менамуд ва вобаста ба сабки иҷроияш ифодаҳои тоза ворид кардааст . Устодон аз сабаби шадидхониаш «бузғолахонӣ» ном додаанд. Дар жанру шаклҳои «савт», «амал», «талқин» ба мақомҳои «Ушшоқ», «Наво», «Ҳусайнӣ», «Ироқ» ва ғайра корҳои зиёди ҳунариро анҷом дода, ба ашъори Мавлоно Коҳии Самарқандӣ силсилаи «савт», «амал», «нақш»-ҳои ҷолиб тасниф кардааст.

Табъи хуби шеъргӯӣ дошта, бо тахаллуси «Дарвешӣ» ғазалу, рӯбоӣ, қитъа гуфтааст. Мадфанаш воқеъ дар Хоҷа Абдуи даруни Самарқанд аст.

Адабиёт:

Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р: 468-1, ИШАФ Ӯзбекистон;

Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Музаккиру-л-аҳбоб;

Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988.

Дарвешалии Чангӣ

Дарвешалии Чангӣ (соли таваллудаш тақрибан 1542 – 1543, Миёнколот –  соли вафоташ 1649, Бухоро, Дарвешалии Чангии Хоқонӣ писари Мирзоалии Чангӣ ибни Абдуалӣ ибни Муҳҳамад Мӯъмини Қонунӣ ё худ Амир Қосими Қонунӣ ибни Хоҷа Абдулло ибни Хоҷамуҳаммади Марворид, машҳур ба Дарвешалии Чангӣ), навозанда, сароянда, шоир ва мусиқишиноси машҳури тоҷик, зодаи Миёнколоти Бухорост.

Ӯ дар хонаводаи шоир, навозанда ва мусиқишинос Мирзоалии Чангӣ ба дунё омада, асосҳои шеъру мусиқӣ, сознавозӣ, овозхониро аз падараш омӯхт. Фаъолияти омӯзишии Дарвешалии Чангӣ дар мактаби эҷодию иҷроӣ, таҳқиқии Самарқанд сурат гирифта, шеъру мусиқӣ, овозхонӣ, сознавозиро аз устодони мусиқӣ Алидӯсти Нойӣ, Устод Алиакбар Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ, Устод Абдусаттори Қонунии Самарқандӣ, Мавлоно Ҳасани Кавкабии Самарқандӣ, Устод Ҳусайни Удии Самарқандӣ, Амир Фатҳии Тошкандӣ, Устод Дарвеши Қонунӣ ва дигарон андӯхтааст.

Ӯ бо доираҳои адабию ҳунарии Самарқанду Бухоро, Марв, Тошканд, Ҳироту Балх аз овони ҷавонӣ иртибот дошта, аз онҳо паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти бадеии гузаштаю муосири Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндро фаро мегирад. Дар санъати мусиқӣ ба дастовардҳои ҳунарӣ комёб шуда, дере нагузаштаба сифати мутриб ба дарбори ҳокимони Шайбонию (1499 – 1599) Аштархонӣ (1598 – 1747) даъват мешавад ва муддати тӯлонӣ дар (роҳбарии меҳтархона, наққорахона) Абдуллохони Шайбонӣ, Имомқулихони Аштархонӣ (1611 – 1647) будааст.

Дарвешалии Чангӣ дар доираҳои адабию ҳунарии замони шайбонию аштархонӣ бо устодони адабиёту таърих, ҳунарҳои бадеӣ (хаттотон, наққошон, тазкиранависон, мутрибон ва ғ.) аз наздик шинос шуда, роҷеъ ба масоили афкори адабию ҳунарии дирӯзу замонааш, мактаб, равияҳои эҷодию иҷроии шеъру мусиқӣ, махсусан ҳавзаҳои ҳунарии Бухорою Самарқанд, Марв, Ҳирот, Балх, Хоразм, Машҳаду Табриз, Шерозу Исфаҳон, Ҳинд ва ғайра ахбору хулосаҳои ҷолиберо дар асараш «Тӯҳфату-с-сурур» ба қалам овардааст. Ӯ дар ҳамкории эҷодӣ бо устодаш Фатҳии Тошкандӣ ва дигарон дар вусъати жанру шаклҳои мусиқӣ, идомати суннати эҷодию иҷроии мусиқӣ, тарбия ва камолоти насли нави ромишгарони замонааш, ки муддати тӯлонӣ сарварии ромишгарони шайбонию аштархониро ба ӯҳда дошт, мусоидат намудааст.

Дарвешалии Чангӣ чун мусиқидон, оҳангсоз ва навозандаи бомаҳорату донишандӯхта дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «амал», «савт», «нақш», «тарона», «пешрав», «кор», «навбат», «рехта», «саҷъ» ва ғайра асарҳои ҳирфаии мураккабтаркиб эҷод намудааст. Зимни ин дар пешрафти шаклу анвои шеърии замонааш саҳми босазо гузошта, чун суханвар дар тарбияи насли нави шоирон-ромишгарон, ромишгарон-шоирон, мусиқидонони доираҳои дарборӣ ва берун аз он ҳам нақши хоса гузоштааст.

Дарвешалии Чангӣ дар пешрафти тафакури илмии мусиқӣ ҳам саҳми бузург дошта, дар асараш «Туҳфату-с-сурур» (Рисолаи мусиқӣ) на фақат назари таҳлилии мусиқии замонааш, инчунин афкори мусиқиии дирӯз (мусиқидонони гузаштаро) бар пояи манобеи хаттии мӯътамад ба ҳаёти мусиқии садаҳои 16 –17 ворид намуда, дар ҷараёни таҳқиқ ба натиҷагириҳои тоза дастёб шудааст. Асари Дарвешалии Чангӣ чун тазкираи адабию мусиқӣ аз муҳимтарин манобеи хаттӣ оид ба таърих ва назарияи мусиқии тоҷик ва мардумони ғайриэронист. Дарвешалии Чангӣ дар соҳаҳои гуногуни фарҳанги замонааш даст дошт ва асари барҷастааш «Тӯҳфату-с-сурур» аз муҳимтарин манобеи хаттӣ доир ба ҳаёти мадании садаҳои 16 – 17 Мовароуннаҳру Хуросон, Эрон ва Ҳинд аст.

Адабиёт:

Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:7005 – 111; Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р: 468 – 1, ИШАФ Узбекистон; Дарвешалии Чангӣ, Тӯҳфату-с-сурур, Р: 264 ИШАИ Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Семёнов А. А., Среднеазиатский трактат по музыке Дервиш-Али XVII в., Т., 1946;

Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988; Таджикская музыка, Д., 2003.

Дарвеши Мақсуди Андигонӣ

Дарвеши Мақсуди Андигонӣ (соли таваллудаш номаълум, макони таваллудаш Андигон, соли вафоташ 1514, Ҳирот), сароянда, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик, зодаи Андигон.

Фаъолият, камолоти ҳунариаш дар Ҳирот, замони ҳукуматдории Султон Ҳусайни Бойқаро (1470 – 1506) сурат гирифтааст. Мусиқӣ ва шеърро назди устоди мусиқӣ Мавлоно Оҳии Ҳиравӣ омӯхт. Муддати зиёд дар дарбор ба сифати мутриб ва коргузори ҳунармандон хидмат карда, бо устодони созу овоз, шеър Навоӣ, Ҷомӣ, Устод Шодӣ, Ғулом Шодӣ, Ҳофизи Ушшоқӣ, Ҳофизи Мираки Бухороӣ, Хоҷа Ҳамзаи Чочӣ (Тошкандӣ) ва диг. ҳамкории ҳунарию эҷодӣ додааст. Баъди забти Ҳирот аз ҷониби Шайбониён зиндагии Дарвеши Мақсуди Андигонӣ дар Бухоро сурат мегирад ва баъди чанд сол ӯ боз ба Ҳирот бармегардад.

Дарвеши Мақсуди Андигонӣ дар санъати овозхонӣ, сознавозӣ, мусаннифӣ истеъдоди истеъдоди хуб дошта, дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «тарона», «нақш», «савт», «қавл»,«амал», «навбат» ихтирооти зиёд аз худ боқӣ монда, дар тазмини мақомҳои «Сегоҳ», «Наво» ва «Бузург» таснифоти хуб бар ғазалиёти Ҷомӣ, Навоӣ ва дигароон сохтааст.

Табъи некӯи шоирӣ ҳам дошта, ғазалҳои ошиқона мегуфтааст.

Адабиёт:

Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р: 449-1; Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р: 7005 – 111, ИШАФ Ӯзбекистон;
Бобур, Бобурнома, Т., 1993;
Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои 12 – 15, Д., 1989; Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988.

Дарвешмуҳаммад ибни Дӯстмуҳаммади Бухороӣ

ДАРВЕШМУҲАММАД    (соли аваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти эронӣ (асри 16). Аз намунаи осори китобаткардаи ӯ як нусха «Гулистон»-и Саъдӣ (1528, Китобхонаи давлатии Эрон) то замони мо расидааст.

Дарвешмуҳаммад ибни Дӯстмуҳаммади Бухороӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), хаттоти тоҷики (асри 16). Зодгоҳаш Бухоро. Дарвешмуҳаммад ибни Дӯстмуҳаммади Бухороӣ  бидуни зебову хоно навиштани тамоми анвои хати арабӣ дар назарияи хат ва қонуну қавоиди он рисолаи мукаммал ба унвони «Қавоиду-л-хутут» (1807) таълиф намудааст. Ин рисола аз калонтарин ва боэътимодтарин асарҳоест роҷеъ ба анвои хат, ҳусни хат ва дурустнависӣ. Рисола аз ду қисм иборат буда, дар бахши аввал доир ба таърихи пайдоиши хат, шарҳи ҳоли эҷодгарони хат, 14 усули китобати хати арабӣ ва таърихи ҳар як усул бо ваҷҳи тасмияи он сухан меравад. Қисми дуюми рисола дар хусуси таълими хат ва ҳафт навъи хати асосӣ: муҳаққақ, сулс, тавқеъ, райҳон, насх, риқоъ, ғубор ва қоидаҳои навишти ин анвои хат маълумоти пурқимат медиҳад. Бахши зиёди рисола (беш аз 43 варақи он) доир ба тарзи навишти ҳарфҳои мунфасилаву муттасила баҳс мекунад. Муаллиф ин мавзӯъро бо забони содаву фасеҳ баён кардааст. Дар рисола нисбат ба диг. анвои хат бештар дар бораи хати настаълиқу сулс таваққуф менамояд ва қавоиди навишти ин ду навъро ниҳоят хуб ва асоснок собит мекунад. Аз мавзӯъ ва мазмуни рисола бармеояд, ки муаллиф пеш аз офаридани ин асар аз ҳаёту фаъолият ва назариёти хаттотии гузашта (рисолаҳои мусиқии Алӣ ибни Ҳилол (Ибни Баввоб), Миралии Табрезӣ, Султоналии Машҳадӣ ва Миримод) баҳраманд буда, дар таснифи ин асари гаронбаҳо аз онҳо истифода намудааст.

Рисолаи Дарвешмуҳаммад назмиву насрӣ буда, қимати бузурги таърихиву илмӣ дорад. Нусхаи комили рисола, ки соли 1807 дар шаҳри Бухоро аз тарафи Котиб ибни Мирзои Ғазалӣ рӯи коғази нафиси маҳаллӣ китобат шудааст, иборат аз 70 варақ (11, 5 х 20, 5 см) дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии ба номи Абурайҳон Берунии АФ Ӯзбекистон (таҳти № 1617) маҳфуз аст.

Дарвешхон Ғуломҳусейн

Дарвешхон Ғуломҳусейн (1872 – 73, Толиқон –1927, Теҳрон, Дарвешхон писари Ҳоҷӣ Башири Толиқонӣ), мусиқидон, навозанда, мусанниф, омӯзгори мусиқӣ, аз саромадони мусиқии Эрон (муосир). Ибтидо асоси мусиқиро аз Люмери франсавӣ (табли хурд, шайпур) дар мактаби мусиқии низомии Теҳрон омӯхта, сониян назди устоди мусиқӣ Ҳусейнқулихон сеторнавозиро андӯхт ва аз беҳтарин навозандагони ин соз буд. Тавассути Камолулсалтана (падари Абулҳасани Сабо) бо Шуҷоъулсалтана (писари Музаффариддиншоҳ) шинос шуда, ба Шероз рафт. баъди низоъ бо Шуҷоулсалтана ба Теҳрон баргашта, синфҳои хусусии сеторнавозӣ таъсис дод ва зумраи зиёди навозандагонро тарбия намуда, ба шогирдони беҳтаринаш камарбандҳои хоса инъом менамуд. Бо Оирфи Қазвинӣ шинос шуда, ба самти роҳбари оркестри созҳои миллӣ расида, консертҳои зиёде орост.  Дарвешхон Ғуломҳусейн дар жанру шаклҳои созию овозӣ «даромад», «пешдаромад», «тасниф», «ранг»-ҳои ҷолибу рангомези мусиқӣ сохта, махсусан «Ранги Исфаҳон», «Марши Ҷумҳурӣ», «Оҳанги рақс» ва силсилаҳои созӣ барои созҳои мусиқӣ эҷод кардааст. Ӯ бо Ҳабибулло Шаҳрдор, Ҳангофарин, Акбархони Нойӣ, Тоҳирзода ва диг. барои сабти грамофонӣ ва Аврупо сафар намуда, корҳои зиёде дар бахши сабти мусиқии суннатии Эрон анҷом медиҳад.

Сафари дуюмаш ба Аврупо бо Боқирхон, Тоҳирзода, Давомӣ барои иҷрои консерт сурат гирифт. Дар ҷумҳуриҳои Қафқоз (Боку, Тифлис) ҳам бо барномаҳои консерӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Адабиёт:

Машҳун Ҳ., Таърихи мусиқии Эрон, ҷ. 2, Теҳрон, 1376; Фарҳангномаи мусиқии Эрон, Теҳрон, 1376; Шаъбонӣ А.,
Аз Куруш то Паҳлавӣ, Шероз, 1346;
Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988.

барчасп: