Ёддоште аз Сотим Улуғзода: Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ

Устод Айнӣ нияти сафари Бухороро дорад. Маро таклиф кард, ки дар ин сафар ба вай ҳамроҳӣ намоям.
- Икромӣ бо ман меравад, шумо ҳам равон шавед,-мегӯяд вай. Ман корҳои таъҷилӣ ба ӯҳда дорам, вақтам танг аст, аммо дилам ба сафар кашол! Охир дар Бухоро ва атрофи он ҷоҳои таърихӣ ва осори атиқа бисёранд, инчунин бештарини воқеаҳое, ки дар китобҳои Айнӣ тасвир ёфтаанд, дар он ҷоҳо мегузаранд, қаҳрамонони асарҳои вай ҳам дар ҳамон ҷоҳо амал мекунанд. Дерест ки орзуи саёҳати Бухороро дорам ва инак мавриди бисёр мусоид ҳам даст дод: саёҳат ва он ҳам бо ҳамроҳии устод Айнӣ. Оре, дилам кашол аст, аммо гирифторӣ аз доманам мекашад: -Бо ҷону дил мерафтам, домулло,-узр мегӯям ман,-аммо Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав наздик аст, саргарми навиштани қиссае ҳастам, бояд навишта тамом кунам.

 - Медонам,-гуфт устод. Гуфтугӯи мо дар чорбоғи ҳукуматӣ ба лаби ҳавзи фавворадор воқеъ шуд. Айнӣ дар скамейка нишаста дам мегирифт. - Медонам, аз барои ҳамин шуморо бо ҳамроҳии ман равед мегӯям. Шумо дар ин сафар чизи навиштагиатонро ба ман мехонед. Бо асари нави шумо ошно шудан мехоҳам.

Мефаҳмам, ки домулло ба ман, агар лозим ояд, ёрӣ ва маслиҳатҳо доданист. Чӣ хуш! Маслиҳатҳои эҷодии устод ҳамеша лозим ва муфиданд.

 -Кошкӣ,-мегӯям,-аммо дар айни сафар ман оё соатҳои истироҳататонро зоеъ карда, бо хондани дастнависи чалмақам шуморо дарди сар диҳам, домулло? -Ҳеҷ гап не,-мегӯяд устод.-Чӣ дарди сар? Ман дар ҳама ҷо, доим кор мекунам... * * * ...Вагони моро аз Когон ба шохаи дувоздаҳкилометрии роҳи оҳан ба истгоҳи шаҳри Бухоро бурда монданд. Манзил-ҳамин вагон; ба ҳар ҷое ки равем, боз ба ҳамин вагон омада мехобем, дам мегирем. Истгоҳи Бухоро дар назди «дарвозаи Қаршӣ» аст. Вагони моро аз девори пештараи Бухоро фақат як роҳи сангфарш ҷудо мекунад. Деворҳои баланди лоини қалъа хароб шуда, ғалтида, фақат пора-пора боқӣ мондаанд... Зали калони оростаи Институти педагогӣ. Мулоқоти зиёиёни шаҳр бо Айнӣ. Муаллимон, талаба ва толибаҳо, коркунони советӣ ва партиявӣ ҷамъ омаданд. Зал ҳамаро намеғунҷонад, як қисми омодагон дар пойгаҳи зал, таги дарҳо, дар роҳравҳо рост меистанд. Чашмони ҷавонон, духтарон бо шавқу шодӣ ба нависандаи куҳансол дӯхта шудааст. Домулло дар президиум, пушташро ба стул такя дода, ором менишинад. Нутқҳо, табрикҳои гарму ҷӯшон. Ҷавонону духтарон ба вай гулдастаҳои калон меоваранд-рӯи столи президиум аз гулдастаҳо пур шуд, ба тавре ки дигар ҷои ниҳодан намонд. Бухориён, хусусан ҷавонон, ҳамшаҳрии номдори худро дӯст медоранд. Сухан ба Айнӣ.

-Азиз дӯстлар!-ба забони ӯзбекӣ ва чуноне ки одати Айнист, бо овози баланди андак асабиёна хитоб мекунад устод.-Шумо медонед, ки ман ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекиро медонам ва дар ҳар ду забон асарҳо менависам, аммо рухсат диҳед дар зодгоҳи худам ба забони модариам гап занам.

Баъди ин Айнӣ ба забони тоҷикӣ сухан меронад. Аз дидани ин миқдор намояндагони илму маорифу маданияти советӣ дар Бухоро,  Бухорое, ки дар айёми ҷавонии Айнӣ ҷоҳилистони исломӣ буда ва ӯ дар роҳи илмомӯзӣ дар он шаҳр он ҳама машаққатҳоеро, ки дар «Ёддоштҳо»-яш тасвир ёфтаанд, кашида буд, аз дидани онҳо Айнӣ беҳад шод мешавад. Аз гузаштаҳои зулматнишон, ҳозираи пуршон ва ояндаи дурахшон халқ, Ватан, Бухоро сухан меронад; қарзу вазифаҳои ходимони маданиятро, ки дар назди халқи худ, Ватани советии худ доранд, хотиррасон мекунад... Дар бозгашт ману Икромӣ «гулдастабардор» шудем: чанд дастаро то ба вагон расондем. Проводники солхӯрдаи мо, ки ба Айнӣ бисёр ғамхор ва меҳрубон аст, он гулдастаҳоро ба гулдонҳо гузошта, салонро аз онҳо зинат медиҳад... * * *

Мо бо ҳамроҳии Айнӣ дар Регистони Бухоро. Арки амир ва мадрасаҳоро тамошо мекунем. Якчанд ходимони илмии шаҳр ҳамроҳи мо. Онҳо он Регистон, он Арк, он мадрасаҳо ва дигар осори қадимии шаҳрро ҳар рӯз мебинанд, ки чизҳо барояшон мароқовар нестанд, аммо вақте ки Айнӣ ба нақл кардани таърихи он ҷоҳо ва воқеаҳои бо онҳо вобаста шурӯъ менамояд, ҳамроҳони мо бо шавқу ҳавас гӯш меандозанд, зеро дар суханони Айнӣ дар бораи он ҷоҳо бисёр чизҳои нав ва тафсилоти аҷоибе ҳаст, ки онҳоро аз ҳеҷ каси дигар шунидан ва аз ҳеҷ китобе хондан мумкин нест.

Регистони Бухоро

Дарвозаи Арк. Раҳрави дарози Арк. Ҳар яке аз ин ҷоҳо бо саргузашти шахсии Айнӣ алоқаманд мебошад: аз Регистон ӯро кашон-кашон бурдаанд, дар таги дарвозаи Арк ҳафтоду панҷ чӯб задаанд, дар раҳрави паси дарвозаи Арк ӯро ба зиндони мудҳиш-ба «обхона» андохтаанд... Устод ба мо ҷои «Бозори ресмон»-ро нишон медиҳад, ки солҳо пеш аз ин дар он ҷо бо ҳамроҳии ҷӯраи мадрасагиаш Пирак аввалин бор кушта шудани ду бегуноҳро дида буд. Ҷаллодони амир бандиҳои даст ба пеш бастаро аз зиндон ба ин ҷо оварда, «ба саломатии сари ҷаноби олӣ», қатл кардаанд... Арк ҳозир музей аст. Коркунони илмии он ҳаракат доранд, ки музеи худро аз экспонатҳои бисёре, ки дар дигар ҷоҳои Бухоро (Ситорамахоса, мадрасаҳо ва ғайра) мавҷуданд, бойтар гардонанд. Айнӣ мисли «роҳбари экскурсия» ба мо ҷоҳои даруни Аркро тамошо медиҳад. Аз чизҳое, ки устод нақл кард яктояш махсусан дар лавҳи хотир нақш баст. Ҷои тахти амир майдони чоркунҷаест сангфарш ва болояш кушода, ки қариб ним таноб меояд; дар пешгаҳи он майдон-айвони калон ва дар айвон-ҷои тахт. Дар тарафи рости майдон ду-се таҳхона дида мешавад, дарҳошон қулф. Ин таҳхонаҳо пештар китобхонаи султонӣ будаанд, чандин ҳазор нусха китобҳои нодири гаронбаҳо доштаанд, аммо дар ин «китобхона» на тоқчае будааст ва сандуқе; китобҳо дар замини заҳ мисли ахлоттӯда болои ҳам мехобидаанд ва бештаринашон ба мурури вақт аз заҳу нам ва аз дандони мушон нобуд гаштаанд. Шояд аспхонаи амир аз китобхонаи вай ободтар буд... Дарҳо ва сутунҳои кандакоришуда, девор ва меҳробҳои мунаққаши Арк куҳна ва чиркин шуда бошанд ҳам, зебоӣ ва шукӯҳи пештараи онҳоро тасаввур кардан мумкин. Санъати баланди меъморӣ ва наққошӣ намудор, дасти устодони нодиракор-устодони гумном, устодони гулдасти халқӣ, монанди Устоамак, ки дар «Ёддоштҳо»-и Айнӣ тасвир ёфтааст, ҳис карда мешавад. Ҳокимони мамлакат онҳоро аз байни халқ ёфта оварда, монанди ғулом дар иморатҳои худашон кор мефармуданд. Дар сутунҳо, дар деворҳо, болои меҳробҳо ва равоқҳо бо хати арабӣ шеърҳои тоҷикӣ навиштаанд, кандаанд, нақш кардаанд. Дар баъзе аз он шеърҳо устоди гумном ҳунари худро ҳам мадҳ кардааст, чунончи: Муҳайё сохт устоди ҳунарвар Сутуне баҳри ин фархунда манзар...

Мо мадрасаи машҳури «Мири Араб»-ро тамошо мекунем. Айнӣ дар қисми 1 «Ёддоштҳо» дар бораи ин мадраса навиштааст: «...яке аз беҳтарин мадрасаҳои Бухоро буда, пештоқи баланд ва миёнсарои хушҳавое дорад... Мо аз дарвозаи мадраса даромада ба дасти рост баргаштем. Дар он ҷо зинае буд, ки мо ба вай боло баромадан гирифтем. Зина торик ва печдарпеч буд. Падарам овоз дода-овоз дода боло мешуд ва ман аз паси ӯ бо аломати овозаш зинапояҳоро даст-даст карда бо эҳтиёт пой монда боло мешудам». Мо ин «зинабароӣ»-ро такрор кардем, фақат ин дафъа дар ҷои падари Айнӣ Ҷалол Икромӣ ва дар ҷои худи Айнӣ-ман будам (устод, ки бинобар заъфи саломатӣ аз зинаҳо боло баромада наметавонад, дар поён монд). Аммо афсӯс, мо ба ҳуҷрае «иборат аз гунбазе бисёр баланди васеи гирда», ки Айнии хурдсол бо бародараш дар он ҷо истиқомат карда буд, даромада натавонистем: даромадгоҳҳои он ҳуҷраро аз чӣ сабаб бошад, ки бо хишту гил маҳкам карда партофтаанд.

Мадрасаи «Мири Араб» ҳоло омӯзишгоҳи динии «Назорати динияи мусулмонони Осиёи Миёна ва Қазоқистон» мебошад. Дар вақти рафтани мо таътили тобистонӣ буд ва мо на аз талабагон ва на аз мударрисон касеро дида натавонистем... Мадрасаи Кӯкалтош. Баъди аз дарвоза даромадан дар кунҷи болоии саҳни мадраса, дар тарафи чап ҳуҷраи хурдтараке ҳаст, ки чор метри мураббаъ беш нест: на тиреза дорад ва на равзана; фақат як дарича дорад бисёр паст, ки одами миёнақад ҳам бояд аз он хам шуда дарояд. Айнӣ дар ин ҳуҷра даҳ сол истиқомат кардааст. Як коркуни масъули Бухоро бо ҳамроҳии мо гашта ҳуҷраҳои Айнӣ истиқомат кардаро ба дафтарчааш қайд мекард ва мегуфт, ки дар даромадгоҳи онҳо лавҳаи хотира хоҳанд зад, ки яъне фалонӣ дар фалон солҳо дар ин ҷо зиндагонӣ кардаааст...

 Аз мадраса баромада ба пушти он гузаштем, он ҷо як кӯчаи танг буд.Дар вақтҳое, ки Айнӣ дар ин мадараса истиқомат мекард, тирезаи ҳуҷрааш ба ҳамин тангкӯча кушода мешудааст. Дар соли 1917 мулозимони қушбегӣ ва дигар муллоҳои мутаассиб бо фармони амир Айниро дар ҳуҷрааш омада пахш мекунанд ва аз тирезаи мазкур кашола карда ба тангкӯча мебароранд, дар замин ғалтонда бо мушт, лагад ва калтак задан мегиранд. «Ана ҳамин ҷо»,-таги тирезаи ҳоло лой зада маҳкам кардашударо нишон дода мегӯяд Айнӣ. Дар он вақт аз ҳавлие, ки дар тарафи дигари кӯча, дар рӯ ба рӯи ҳуҷра воқеъ шудааст, Раҳими равғангар ном касе давида баромада, фарёдзанон худашро ба болои Айнӣ мепартояд ва мушту лагадҳои мулозимони қушбегиро ба худаш қабул менамояд. -Аз Худо тарсетон, одами бегуноҳро зада накушетон! - гуфта, Айниро бо бадани худаш паноҳ карда, дод мезадааст Раҳим. Хонаи пастаки дуқабатаи ӯ ҳоло ҳам барҷо истодааст ва, назар ба гуфти Айнӣ, дар ҳамон вақт ҳам ҳамин намудро доштааст. Айнӣ то имрӯз ҳам он равғангари камбағал, он марди нотарси ҳақиқатдӯстро фаромӯш накарда, ба некӣ ёд менамояд.

 Аксулҳаракат дар авҷ буд, муллоҳо Айниро «душмани ҷаноби олӣ» гуфта фатво дода буданд ва ҳар касе, ки дар ин ҳол ба Айнӣ тарафдорӣ мекард, хатаре ба ҷону молаш ворид мешуд, бинобар ин ошкоро Айниро ҳимоя кардани он равғангар ба далерӣ ва нотарсии ӯ шаҳодат медод. Устод дарвозаи ҳавлиро тақ-тақ кард,-аз афти кор, мехост ки агар Раҳими равғангар ҳанӯз зинда бошад, ӯро дида меҳрубонӣ намояд. Аз тирезачаи хурдтараки равзанмонанди болохона сари ҷавоне намудор шуд, ки писари Раҳими равғангар будааст. Падараш вафот карда будааст.

- Падаратон одами нағз буд,-мегӯяд Айнӣ,-вай як умр дар хотири ман монд. Солҳои охир вай чӣ кор мекард? Ҷавон нақл кард, ки падараш ҳамоно равғангар буда, солҳои охир дар артель кор мекарда ва одами иззатманд буда, ҳама ӯро ҳурмат мекардаанд. Баъд ҷавон пурсид:

-Мебахшед, шумо кӣ? Устод худро шиносонд, ҷавон пеш омада бо камоли иззату эҳтиром бо вай дудаста вохӯрдӣ карду гуфт:

- Ба дилам гузаронда будам, ки эҳтимол шумо бошед, домулло. Падарам ҳар вақт шуморо ба ёдашон оварда гап мезаданд...

10 июн мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кардем. Мақбараи асосгузори давлати бузурги Сомониён қадимтарин ёдгори таърихии Бухорост, ки беш аз ҳазор сол ин ҷониб барҷо истодааст. Ҳозир ҳам вай бо санъати аҷоиби меъморӣ ва шукӯҳу азамати худ бинандаро ба ҳайрат меандозад. Баландиаш тахминан баробари бинои сеошёна аст; баъзе ҷоҳояш каме афтода, хиштҳояш кӯчида будааст, бо амри ҳукумати РСС Ӯзбекистон таъмир кардаанд. Гирдаш дарахтзор ва парк; даруни мақбара васеъ, ба фаршаш тахтасангҳо хобондагӣ; аз дарвоза ба даруни мақбара ки даромадед, гӯр дар тарафи чап аст. Дар тарафи болои гӯр монанди сӯрох чуқураке дида мешавад; ривоят мекунанд, ки баъди вафоти Исмоил аҳли ҳоҷат аризаҳои худро ба номи ӯ навишта оварда ба ҳамон чуқурак меандохтаанд, баъд ҳукуматдорони сомонӣ он аризаҳоро аз он чуқурак гирифта, талаби соҳибони онҳоро қонеъ мекунондаанд ё намекунондаанду мегуфтаанд, ки «подшоҳ Исмоил ҳамин тавр амр кард». Рӯи қабри сафеди гаҷкоришуда пур аз хатҳои русӣ, ӯзбекӣ ва тоҷикӣ аст: одамон ва гурӯҳҳои ба экскурсия омада, туристҳо ба он як чиз-як чиз навишта, эҳтироми худро ба Исмоил ва ба он осори ҳазорсола изҳор карда рафтаанд. Он рӯз аз хотири ман гузашт, ки ҳамин мақбара, ҳамин гӯрро Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино ҳам дидаанд, дар ҳамин зинаҳо, дар рӯи ҳамин тахтасангҳо гаштаанд ва аз ҳамин дарҳо даромадаанд. Дидани осори ҳазорсола худаш касро ба ҳаяҷон меовард ва ин фикри ба хотир гузашта он ҳаяҷонро бештар кард.

Мадрасаи «Модари хон» ҳоло китобхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Синост. Бинои мадраса «куҳнауслуб» ва назар ба мадрасаҳои дигар хурд бошад ҳам, хушманзар ва озода аст. Аз сафари Бухоро як мақсади Айнӣ зиёрати деҳае буд, ки Абӯалӣ ибни Сино дар он ҷо зоида шудааст. Аммо он деҳа дар куҷост? Устод боварӣ дорад, ки он деҳа деҳаи Лағлақа аст. Худи шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ва таърихнависони баъди вай гузашта зодгоҳи шайхурраисро деҳаи Афшана навиштаанд, аммо ин вақт дар вилояти Бухоро Афшана ном ҷое ва деҳае нест. Дар райони Рометан Лағлақа ном деҳае ҳаст, ки аз рӯи ривоятҳо Афшана номи пештараи ҳамин деҳа будааст. Як деҳаи дигар ҳаст номаш Испана (Испанӣ), аммо ин деҳа ба он чи ки таърихнависи асри Х1 Наршахӣ дар бораи Афшана навиштааст, дуруст намеояд; бо вуҷуди ин чанде пеш баъзе олимон ҳамин «Испана»-ро вайроншудаи «Афшана» дониста, ватани Абӯалӣ ибни Синоро ҳамон ҷо қарор додаанд. Ин гап ба гӯши Айнӣ мерасад; Айнӣ, ки ҳам Испана ва ҳам асари Наршахиро нағз медонад ва шубҳа надорад, ки ватани олими бузург он ҷо нест, боз таърихи Наршахиро ба варақ задан медарояд, то исбот намояд, ки ҳукми олимони мазкур хатост. Айнӣ дар китобхонаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино воқеаи «Испана» ва «Афшана»-ро нақл карда, таърихи Наршахиро талаб намуд. Бо ёрии Нақшбандхон ном марди куҳансол-ходими китобхона, ки шиноси дерини Айнӣ будааст, чанд нусхаи он китобро ёфта оварданд, аммо ҳамаи он нусхаҳо мухтасари таърихи мазкур буда, аз онҳо маълумоти даркорӣ ёфт нашуд. Айнӣ дар ин гуна мавридҳо сахтгир аст: мудир ва дигар ходимон аз ваҷҳи дар китобхонаи онҳо набудани таърихи мукаммали Наршахӣ, ки чандон камёб ҳам нест, аз домулло хеле гапҳои талху тунд шуниданд.

Аҳли камолро лаби изҳор хомӯшист,
Миннатпазир моҳи тамом аз ҳилол нест.

Чунон ки хонанда мебинад, ёфтани маънои ин шеър осон нест. Мо бо Икромӣ хеле «теша бар паҳлуи андеша» задем. Маънои байт ин будааст: дар тақвими куҳнаи «мусулмонӣ» баъзе моҳҳо 30 рӯз ва баъзе 29 рӯзанд. Ноқис будани (яъне 29 рӯза будани) моҳро бо мушоҳидаи оддӣ чӣ тавр донистан мумкин аст? Моҳи 29 рӯза дар чоршанбеи охирин намоён мешавад, агар 30 рӯза бошад-намоён намешавад, яъне чун намоён нашуд, мо мефаҳмем, ки моҳ пурра («моҳи тамом») будааст.

- Ҳамаи китоб ва дастнависҳои қиматнокро ба Тошканд гирифта бурданд,-гуфта узр овард директор.

 -Мо ба Рометан рафта ватани ҳақиқии ибни Синоро ҷустуҷӯ мекунем,-ба ману Икромӣ гуфт Айнӣ, - маркази райони Рометан дар Лағлақа аст. Афсӯс, ки инҳо Наршахии мукаммал надоштаанд, набошад ман ба шумоён нишон медодам: Наршахӣ менависад, ки дар Афшана масҷиди Бинни Восеъ ҳаст. Ин масҷид дар наздикии Лағлақа буд ва ман дар хурдсолиам онро дида будам. Агар он масҷид хароб нашуда бошад ва мо онро дар Рометан ёбем, бешубҳа собит хоҳад шуд, ки Лағлақа ҳамон Афшана зодгоҳи ибни Синост. Нависандаи номии мо бо вуҷуди пирӣ ва заъфи саломатӣ бисёр пурҳавсалааст, ки агар аз паси коре афтад, ба охир нарасонда намемонад...

Мошинсавор рафтем ба Рометан. Котиби комитети районии партия марди сиёҳпӯст, чорпаҳлу ва бо китфу бозу, одами кушодарӯй ва хушсӯҳбате будааст. Дар аснои сӯҳбат мо дидем, ки вай марди фозил ҳам будааст. Ба лағлақагӣ будани Абуалӣ ибни Сино мутлақо боварӣ дорад, бо ин фахр мекунад ва тайёр аст бо муқобилони ин ақида сахт мубоҳиса кунад. Чизи дар китобхонаи ба номи ибни Сино наёфтаамонро мо аз китобхонаи шахсии котиби райком ёфтем: вай аз хонааш як нусхаи пурраи «Таърихи Наршахӣ»-ро оварда ба Айнӣ нишон дод. Бо фармоиши устод Икромӣ ва ман онро ба варақ задан даромадем.

- Дар миёнаҳои китоб боби «Мазорҳо»-ро кофта ёбед,-гуфт домулло. Вай аз роҳи дароз ва рӯзи гарми пурчанг монда шуда буд ва бо чои кабуди талх кӯфти роҳро бароварданӣ мешуд. Мо кофта-кофта он боб ва он маълумоти даркориро ёфтем. Дар он ҷо чунин навишта шуда буд: «Афшана. Шаҳристоне бузург дорад ва ҳисоре устувор, навоҳии ба вай мансуб. Ва ҳар ҳафта як рӯз бозор бошад, ва зиёъи деҳа вақф аст бар талаби илм, ва Қутайба бинни Муслим он ҷо масҷиде бино кардааст ва Муҳаммад Бинни Восеъ масҷиди дигар бино кардааст... Мардумони шаҳри Бухоро он ҷо раванд...»

 - Ана худаки ҳамин ҷой деҳаи Зирак аст,-гуфт котиби райком. Деҳаи Зирак дар паҳлуи деҳаи Лағлақа (маркази район) буда, дар ҳақиқати амр ба вай мепайвандад. Айнӣ ҷои масҷиди Бинни Восеъро пурсид. Котиби райком ба Одинаев ном шахсе одам фиристод, вай омад. Марди миёнсол, саводи куҳна дорад, бошандаи куҳнаи Лағлақа. Ба қавли худаш, асли вай аз Кӯлоб будааст. Масҷиди Бинни Восеъро шунидааст, онро мардум «Мазори ҳазрати бобо» мегуфтаанд. Аз он масҷид осоре намонда, ҷои он, гирду атрофи он, ки пештар деҳа будааст, ҳоло киштзор ва боғу бӯстон шуда рафтааст, бинобар ин Айнӣ бо вуҷуди кофтукови бисёре ҷои он масҷидро, ки дар хурдсолӣ дида будааст, муайан карда натавонист. Бо ҳамроҳии котиби райком ва Одинаев ба мошинҳо савор шуда ба деҳаи Зирак рафтем. Деҳае будааст хушобу ҳаво, аз миёнааш ҷӯйбори калони Хайробод мегузарад, оби ҷӯйбор зарди лойолуд аст ва ба дарёи Қарокӯл (номи маҳаллии Зарафшон) мерезад. Мардумаш тоҷик, колхозашон ба номи Ворошилов. Машинаҳоро дар канори ҷӯйбор нигоҳ доштем. Баъди чанд дақиқа аз дари як ҳавлӣ духтаре пайдо шуд, вай дар кӯза айрон ва як косаи чинӣ оварда, ба расми мусофирнавозӣ айрони сарди хушгуворашро ба омадагон таоруф кард; нӯшида ташнагиамонро шикастем. Домулло ба духтарак муроҷиат карда пурсид: -Духтарам, шумо Абӯалӣ ибни Синоро шунидаед?

- Ҳа,-шармгинона ҷавоб дод духтарак,-бобом мегӯянд, ки он азиз аз ҳамин қишлоқи мо будаанд, ҷудо олими калон, табиби зӯр будаанд.

Устод дар ғояти хушҳолӣ ва бо тантана ба мо нигоҳ кард, ки яъне: «Шунидед? Ҳаминҷоӣ будани ибни Синоро ҳамин духтар ҳам медонистааст!»
Аз аҳли деҳа якчанд кас ҳозир шуданд, ҳамаашон мисли духтари айрон оварда Абӯалӣ ибни Синоро ҳамватани худ медонанд. Айнӣ, ки бо одамони одӣ, хусусан бо мӯсафедон гуфтугӯ карданро дӯст медорад, бо онҳо машғули сӯҳбат шуд, ман ва Икромӣ бо ҳамроҳии Одинаев, режиссёри кино Кимёгаров ва фотографҳо аз пули хурдтараки Хайробод гузашта, қад-қади ҷӯйбор то ҷое, ки он ҷӯйбор ба дарёи «Қарокӯл» мерезад, рафтем: масофаи то он ҷо аз ним километр зиёдтар буд. Чунон ки дар боло гуфта шуд, ин дарё аслан Зарафшон аст, ки дар Рометан Қарокӯл меноманд. Сабаби ба он ҷо рафтани мо ин буд, ки ҳанӯз дар маркази район Одинаев ва котиби райком ба мо гуфта буданд, ки ба қарибӣ аз таги дарёи Қарокӯл шикастапораҳои як пули сангин баромад ва мардум он пулро Абӯалӣ Сино сохтагӣ мегӯянд, зеро аз ин пеш ҳам дар байни халқ дар бораи ба дарёи Қарокӯл пул сохтани Абӯалӣ ибни Сино ривояте будааст.

-Ман монда шудам, шумоён рафта бинед канӣ чӣ гап,-фармуд устод ба мо. Соҳили рости дарё аз об ду метр баландтар буд, оби дарё таги ин соҳили баландро шуста ковок карда будааст ва аз он ҷо осори пули куҳна баромадааст. Дар ҳақиқат аз зери хок як навъ кодокҳои аз хишти пухта сохташуда намудор буданд, аммо он кодокҳо ба пул тааллуқ доштанд ё ба ягон иморати қадимии дигар, муайян кардан душвор буд. Дар канори деҳаи Зирак, дар тарафи дарёи Қарокӯл хокпуштаи баланд ва дарозе дида мешавад, ки ба вайронаҳои девори шаҳристонҳои қадимӣ хеле монандӣ дорад. Наршахӣ мегӯяд: «Афшана шаҳристони бузург дорад». Балки пуштаи мазкур боқимондаи девори ҳамон шаҳристон бошад? Наршахӣ боз менависад: «Ҳисори устувор дорад», ҳақиқатан дар миёнҷои деҳа тале ҳаст, ки мегӯянд дар қадим он ҷо ҳисор будааст... Ба ҳамин тариқ агарчанде мо масҷиди Бинни Восеъро ёфта натавониста бошем ҳам, аз рӯи якчанд «санад»-ҳои дигар қариб боварӣ ҳосил кардем, ки Афшанаи қадимӣ ҳамин Лағлақа ва ватани ибни Сино ин ҷост. Муҳимтарини ин «санад»-ҳо ақидаи худи халқ аст: авлод-авлоди аҳолии Лағлақа, Бухоро ва атрофи он деҳаи мазкурро ватани Абӯалӣ ибни Сино медонанд, ки бесабаб нест. Бисёр деҳаҳои вилояти Бухоро монанди худи Бухоро дар муддати бештар аз ҳазор сол дар ҷои худашон истодаанд, бинобар ин дар ин муддат ватани ибни Сино, ки дар байни халқ аз ҳар бузургвори дигар бештар шӯҳрат дорад, мумкин набуд аз хотири мардум фаромӯш шавад. Ба фикри мо, ин «санад» қобили эътибори ҷиддитаринест ва аз он чашм пӯшида гузаштан мумкин нест. ... Дар лаби сарҳавзи колхози ба номи Ворошилов, дар сояи бедҳои сабз каме дам гирифта, бо соҳибони меҳмоннавози колхоз хайрбод кардем.
Дар бозгашт ба Бухоро дар сари роҳ ба манзили тобистонии амири Бухорои собиқ «Ситорамахоса» даромадем. Мегӯянд, ки амир ин ҷойро қисман ба Петергоф тақлид карда сохта будааст. Чорбоғи калони дилкушо, дар даруни чорбоғ шипангҳои олиҷаноб дорад. Қасри «Ситорамахоса» музей, чорбоғаш истироҳатгоҳи фаъолони партиявӣ ва советии вилоят аст. Дар ин ҷо мо ба ҳайати вакилони пахтакорони Тоҷикистон вохӯрдем, ки бо сардории вазири хоҷагии қишлоқи республика барои тафтиши иҷрои шартномаи мусобиқаи социалистии байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бобати пахта омада будаанд.
Дар соати чори рӯз ба Бухоро баргаштем. Бо вуҷуди кӯфтагии сафари Рометан ва гармии рӯз устод якбора ба ҷустуҷӯи қабри Мушфиқии шоир даромад.
- Домулло, шумо имрӯз бисёр монда шудед, ин корро ба пагоҳ монем чӣ?-таклиф мекунем мо. -Бародар, вақт кам аст, аз вақт истифода будрдан лозим,-мегӯяд Айнӣ. Дар мошин-Айнӣ, ману Икромӣ, котиби комитети партиявии вилоят ба кори пропаганда рафиқ Қӯчқоров. Ин кас дар бештарини сафарҳо ҳамроҳи мост. Дар сари роҳ Айнӣ аз мошина ба мо ҳуҷраи мадрасаеро дар ошёнаи дуюм нишон медиҳад, ки дар он ҷо шоир Сайидои Насафӣ истиқомат карда будааст. Айнӣ ба Қӯчқоров кь будани ин шоири тоҷикро фаҳмонда, талаб мекунад, ки ҳуҷраи мазкур таъмир карда шавад ва ба дари он лавҳаи хотира зада шавад, то мардум он ҷойро табаррук доранд...
Қабри Мушфиқӣ дар кӯчаи собиқи Мирон, дар рӯ ба рӯи ҳавзи Косагарон будааст ва ҳоло нопадид аст; кӯча ҳозир ба номи Октябр буда, маҳаллаю гузарҳои он хеле дигаргун шуда рафтаанд ва ҳавзи Косагарон ҳам дар ҷояш нест. Айнӣ дар ҳар қадам аз мошин фуромада, одамони роҳгузарро истоёнда мепурсад:
- Бародар, шумо кистед? -Фалонӣ. -Дар ҳамин кӯча, дар рӯ ба рӯи ҳавзи Косагарон қабри мулло Мушфиқӣ буд, ҷояш кадом аст, намедонед? Ба ин савол ҳеҷ кас ҷавоби қаноатбахш дода наметавонист. Охир як дарро кӯфта, соҳибашро ҷеғ задем. Баромад. Марде буд қоқинаи дароз, камриш. Айниро шинохта вохӯрдӣ кард.
-Бародар, шумо кистед?-ин саволро устод барои он медод, ки агар он шахс аслан бухороӣ бошаду номи падараш ва касбу кори ӯро гӯяд, Айнӣ дарҳол мешинохт. Қувваи ҳофизаи устод хеле зӯр аст. Мардак номашро гуфт:
-Падаратон кӣ буданд?-боз пурсид Айнӣ.
-Мулло Каромат, тақсир. Шумо мешиносед. -Қорӣ Каромати танбӯрӣ?
-Ҳо, тақсир. Қорӣ Каромати танбӯрӣ, тахаллусаш Дилкаш, танбӯрии машҳури бухороӣ, яке аз дӯстон ва мусоҳибони Аҳмад махдуми Дониш буд. Айнӣ ӯро хуб мешиносад ва номи ӯро бо ҳар муносибате ба баъзе асарҳои худ дохил кардааст.
-Падаратон кай вафот карда буданд?
-Чил сол шуд, тақсир. Аз афти кор «тақсир-тақсир» гуфтани мардак ба домулло нафорид, ки вай рӯяшро нохушнудона ба як тараф гардонд ва абрувонашро ба ҳам кашид. Баъд гуфт:
-Бояд зиёд бошад. Шоир Ҳайрат дар вафоти падаратон як рубоӣ гуфта, таърихи вафоташонро дар он рубоӣ сабт карда буд.
-Устод рубоии Ҳайратро ба ёд оварда хонд:

Фарёд, ки бигзид тариқи дурӣ,
Аз даҳр он шахси фозили машҳуре;
Соли таърихи вафоташ ин номи накӯст:
Қорӣ Кароматуллоҳи танбурӣ.

Баъд устод мисраи охирро дар фикраш ба абҷад ҳисоб карда баромада, суханашро давом дода гуфт:
- Аз ин таърих чилу ҳафт сол мебарояд. Падаратон чилуҳафт сол пеш вафот кардаанд.
Мардак кунҷеро аз кӯча нишон дода гуфт, ки қабри Мушфиқӣ дар ҳамин ҷо буд, аммо баъд аз тафтиш маълум шуд-қабри шоир он ҷо набудааст. Айнӣ баъди рафтани он мард гуфт:
- Ба ғалат кардани ин одам ҳайрон шудан лозим нест: Охир, касе ки соли вафоти падарашро фаромӯш карда бошад, ҷои қабри Мушфиқиро аз куҷо медонад?

…Асарро аввал як бор аз сар то охир навишта баромадан беҳтар аст. Ҳар тавре ки барояд, майлаш. Ана баъд кори асосӣ сар мешавад: «арра» мекунед, «метарошед», «сӯҳон» мезанед. Ман асарҳоямро камаш ду бор навишта мебароям: як бор аз сар то по менависам, баъд аз он покнавис мекунам. Дар вақти покнавис кардан тасҳеҳот ва тағйироти даркориро медарорам. Дар аснои ин кор саросема нашудан, пухта фикр кардан лозим аст. Баъд, дар хотир доред, ки нависанда ҳар чӣ қадар қобилияти калон дошта бошад ҳам, якка худаш асарро мукаммал карда бароварда наметавонад: албатта ба одамҳо, ба ёру ошно пурра ё ки ҳеҷ набошад парча-парча хонда дода, фикр гирифтан шарт аст. Баъд, дар вақти покнависӣ тоза ва покиза навиштан лозим, ин дар кори эҷодӣ аҳамият дорад. Агар саҳифа покиза ва хоно бошад, табъи кас хуш мешавад, ба кор кардан ҳавсалаи тоза пайдо мешавад; агар чиркин ва чалмақ бошад, одамро дилгир мекунад, ҳатто баъзан роҳи фикру андешаҳои навро мебандад. Бинобар ин ман, вақте ки покнавис мекунам, дар пешам ҳамеша резинка ва кордча нигоҳ медорам: агар калима ё ҷумла тағйир ёбад, бо кордча оҳиста тарошида, бо резинка пок мекунам. Шумоён ҳам ҳамин хел покизагиро ёд гиретон. Адабиёт чизи озода, зебо ва нафис аст, бояд ки навишташ ҳам ба қадри имкон озода бошад...

Боз соате ба пурсуков гузашт. Рӯз гарм, кӯчаҳо пури чанг, ҳалқумҳои мо аз ташнагӣ хушк шуд, аммо устод ҳеҷ не ки аз пурсуков бозистад. Ба вай зиёрати қабри Мушфиқии шоир зарур аст. Бо ҳавсалаи тамом ҷустуҷӯ мекунанд. Устод бузургони гузаштаро, ки дар ягон соҳа хизмате ба халқи худ карда бошанд, бисёр эҳтиром мекунанд; хотираи онҳоро азиз медоранд ва ҳамеша ба ҷавонон донистани асарҳои онҳоро талқин менамоянд. Марде аз пеш баромад:

-Бародар, ҷои қабри Мушфиқиро медонед?
-Ибӣ, набошад чӣ! Ана биёед, нишон диҳам. Вай моро ба ҳавлие дароварда, оҳангархонаеро нишон дод, ки дараш қулф буд.
-Ҷои қабри Мушфиқӣ ана ҳамин оҳангархона аст. Оҳангархонаи артели ба номи Охунбобоев. Ин хонаро дар ин ҷо ба қарибӣ андохтанд. «Хайрият, ёфт шуд, акнун ба вагонамон бармегардем»-гуфтем мо дар дили худ. Соҳибони оҳангархона набуданд, калидро ҳам онҳо бо худ бурда будаанд, ҳар чанд кӯшиш кардем, ки як навъ карда кушоёнда дорем, муваффақ нашудем. Аз ёфт шудани ҷои қабр хурсанд шуда, аз ҳавлӣ баромадем, дар ин миён Қӯчқоров чизе ба дафтараш қайд карда, ба Айнӣ ваъда дод, ки дахмаю санги гумшудаи мазорро ёбонда мақбараро аз нав барқарор хоҳанд кард. Ба кӯча баромада будем, ки як бухории дигар ба наздамон омада пурсид:

-Шумоён қабри Мушфиқиро меҷӯед?
-Бале, ҷустуҷӯ карда ёфтем, ана дар ҳамин ҷо будааст,-оҳангархонаро нишон дода гуфтем мо.
-Қабри вай ин ҷо не, ин ҷо ҷои қабри Миркамолиддин аст.
Мо ҳайрон шуда ба вай ва ба якдигар менигарем.
-Шумо аз куҷо медонед?
-Ман сию ду сол боз дар ҳамин маҳалла истиқомат мекунам, медонам.

 -Худатон кистед?-савол медиҳанд Айнӣ. Икромӣ оҳиста ба ман мегӯяд: «Ҳозир домулло кӣ будани падару бобояшро гуфта медиҳанд». Аммо он мард аслаш самарқандӣ буда, падараш дар Бухоро истиқомат накарда будааст, вагарна домулло, албатта падари ӯро мешинохт... Вай моро аз оҳангархона онсӯтар бурда, дар канори роҳ пуштаи хокеро нишон дод,ки аз вайронаи биноҳои лоин боқӣ монда буд ва гуфт:

- Ана, қабри мулло Мушфиқӣ дар ҳамин ҷо буд. Домулло ҷойҳои пештар медонистагиашро ба хотир оварда, аз самту ҷавониб қиёс карда тасдиқ намуд, ки ин мард рост мегӯяд. Ба Қӯчқоров гап зада, дар дафтарчаи ӯ маълумотҳои даркориро қайд кунонд. Акнун устод ба вагон баргашта дам мегирифтагист? Не, вай боз ба ҷустуҷӯи зиёратгоҳи дигаре афтод. Ба вай диламон месӯзад, ки пагоҳ боз дам нагирифта ва хӯроки казоӣ ҳам нахӯрда, дар шаҳру деҳот ва дашту саҳро мегардад.

 -Акнун ба қабри Хоҷа Исмат меравем,-ба мошин нишаста мегӯяд Айнӣ ва Қӯчқоровро нишон дода илова мекунад:
-Қабри ӯро ба ин кас нишон дода монем, ки аз вайрон шуданаш пешгирӣ кунанд ва агар лозим бошад таъмир фармоянд.

Хоҷа Исмати Бухороӣ (вафоташ соли 1425) дар замонаш шоири забардасте буд, ки Айнӣ намунаи шеърҳои ӯро дар «Намунаи адабиёти тоҷик» овардааст. Равон шудем. Дар роҳ Айнӣ ба Қӯчқоров кӣ будани Хоҷа Исматро мефаҳмонад. Аз дарвозаи Шайх Ҷалол баромада, бо мошин як ним километр роҳ паймуда будем, ки аз дур қабристоне намудор шуд. Дар он қабристон туғи ягонае ба назар мерасид.

- Ана ҳамон туғ туғи Қабри Хоҷа Исмат аст,-мегӯяд Айнӣ.
- Модом ки қабраш аён аст, рафтан ҳоҷат набудагист, домулло?-мегӯям ман ба Айнӣ, зеро ҳам ман ва ҳам Икромӣ метарсем, ки мабодо домулло аз кӯфтагии сафар ва чангу хоки роҳҳо ба ногоҳ нохуш шуда намонад; ба болои ин, роҳи қабристон ва гирду пеши он ҳам ба талаботи санитарӣ ҳеҷ мувофиқ намеомад... Хайрият, ки ин дафъа Айнӣ хоҳиши моро қабул кард ва мо ба вагони худ баргаштем. Дар соатҳои дамгирӣ дар вагон Айнӣ бо мо сӯҳбатҳои шавқовар мекунад. Ҳофизаи устод хазинаи пурганҷест. Тамошои Бухоро ва ҷоҳои гуногуне, ки як қисми умри бачагӣ ва ҷавонии Айнӣ дар он ҷоҳо гузаштааст, воқеаҳо ва саргузаштҳои аҷоиберо дар хотири вай зинда мегардонад: вай китоби хотироташро варақ зада, завқовартарин ё ибратбахштарини он воқеа ва саргузаштҳоро ба ҳикоя кардан медарояд. Монанди қиссаи «Ҳазору як шаб» саргузаштҳои Айнӣ ҳам печдарпеч аст, ки аз ҳар ҳикоя ҳикояҳои дигар сар мезананд. Ҳикояҳо ҳама батафсил: бо тасвири макон, шароит, қиёфаи одамон, тарзи гуфтор ва рафтори онҳо нақл карда мешаванд. Баъдҳо мо он ҳикояҳоро дар «Ёддоштҳо»-и устод хонда, мусоҳибаҳои дар тобистони соли 1949 дар вагон кардаамонро ба хотир меовардем... Гоҳо бо талаби устод ман аз нахустин дастнависи китобам порчаҳо мехонам. Вай «ҳим... ҳим» гуфта бо диққат мешунавад. Дастнавис ҳоло бетартиб аст, байни воқеаҳо робита кам, ё нест.

 -Канӣ, он тарафаш чӣ шуд? -мепурсад домулло.
-Ман воқеаҳоро ҷудо-ҷудо навиштаам, ҳоло бо ҳамдигарашон пайваст накардаам,
-гуфтам.
-Кай мекунед?
-Минбаъд. Айнӣ фикр карда истода мегӯяд:

- Асарро аввал як бор аз сар то охир навишта баромадан беҳтар аст. Ҳар тавре ки барояд, майлаш. Ана баъд кори асосӣ сар мешавад: «арра» мекунед, «метарошед», «сӯҳон» мезанед. Ман асарҳоямро камаш ду бор навишта мебароям: як бор аз сар то по менависам, баъд аз он покнавис мекунам. Дар вақти покнавис кардан тасҳеҳот ва тағйироти даркориро медарорам. Дар аснои ин кор саросема нашудан, пухта фикр кардан лозим аст. Баъд, дар хотир доред, ки нависанда ҳар чӣ қадар қобилияти калон дошта бошад ҳам, якка худаш асарро мукаммал карда бароварда наметавонад: албатта ба одамҳо, ба ёру ошно пурра ё ки ҳеҷ набошад парча-парча хонда дода, фикр гирифтан шарт аст. Баъд, дар вақти покнависӣ тоза ва покиза навиштан лозим, ин дар кори эҷодӣ аҳамият дорад. Агар саҳифа покиза ва хоно бошад, табъи кас хуш мешавад, ба кор кардан ҳавсалаи тоза пайдо мешавад; агар чиркин ва чалмақ бошад, одамро дилгир мекунад, ҳатто баъзан роҳи фикру андешаҳои навро мебандад. Бинобар ин ман, вақте ки покнавис мекунам, дар пешам ҳамеша резинка ва кордча нигоҳ медорам: агар калима ё ҷумла тағйир ёбад, бо кордча оҳиста тарошида, бо резинка пок мекунам. Шумоён ҳам ҳамин хел покизагиро ёд гиретон. Адабиёт чизи озода, зебо ва нафис аст, бояд ки навишташ ҳам ба қадри имкон озода бошад...

Гоҳо дар асар якто-нимто калимаҳои маҳаллӣ вохӯрда мемонанд. Домулло мижа зада-мижа зада, сарашро поин мефарорад: ин аломати он аст, ки домулло норозист. Баъд мегӯяд:

-Китоб барои як район, як шаҳр ё як вилоят навишта намешавад, барои тамоми халқе, ки ба ҳамон забон гуфтугӯ мекунанд, навишта мешавад. Ин чизро аз ёд набароретон... Як гапи устод Горкийро дар хотир нигоҳ доретон: ман дар як мақола хонда будам, вай мегӯяд, ки дар натиҷаи революция ва паҳн шудани матбуоту маорифу маданият дар байни халқ, забони халқи оддӣ ҳам ислоҳ шудааст; он вайроние, ки пештар дар забони «халқи овом» буд, барҳам хӯрдааст ва барҳам хӯрда истодааст, акнун вайро монанди пештара тасаввур карда, «тип месозам» гуфта, қаҳрамонро бар хилофи қоидаю қонунҳои умумии забон вайрон гап занондан дуруст нест, «тип» ин хел сохта намешавад. Тип бо хулқу атвор, савия ва фикру ақидаҳои ба худаш хос тип мешавад. Агар асари нависанда ба хонанда забон ёд надиҳад, забони хонандаро бой ва маданӣ накунад, вай чӣ хел асари адабӣ мешавад? Баъд, ба гуфтугӯи одамони оддӣ гӯш андохта, аз забони онҳо лафзҳои сараю пурмаъниро чида гирифтан лозим, ин хел лафзҳо дар забони халқ бисёранд. Нависанда бояд забонро бо сӯҳони маънӣ ва қоида совида, сайқал дода кор фармояд. Китоб, асар ҷои лафзҳои пурмаънист, лафзҳои хунуки каммаънӣ ё бемаънӣ, ибораҳои дурушти нотарошида, ки завқи солим онҳоро қабул карда наметавонад, ҳаргиз набояд ба адабиёт роҳ ёбанд...

Айнӣ шеърро бисёр медонад. Муҳобот намешавад агар гӯем, ки ба пиронсолагӣ нигоҳ накарда, ҳофизаи аҷоиби домулло аз шоирони замонҳои гуногун даҳҳо ҳазор байти барҷастаи обдорро нигоҳ доштааст. Дар хотир дорам, вай дар яке аз нутқҳои худ ба нависандагони ҷавон зарурати омӯхтану донистанро талқин карда, суханони шоир ва олими асри Х11 Низомии Арӯзии Самарқандиро мисол оварда буд. Низомии Арӯзӣ мувофиқи талаботи замони худ барои ҳар касе, ки шоиру нависанда шудан мехоҳад, ёд кардани бист ҳазор байти сара аз осори шоирони қадим, бист ҳазор аз шоирони мутааххир ва бист ҳазор аз шоирони ҳамзамони худро лозим медонад. Барои нависандаи советии тоҷик ба болои ин боз донистани адабиёти бузурги русро ҳам зам кардан лозим аст,-гуфта буд устод дар он нутқи худ. Аз афти кор, худи ӯ кайҳо талаби Низомии Арӯзиро баҷо овардааст. Чунончи, дар байтбарак Айниро «бурдан» маҳол аст... Бояд барои «варзиши фикр» бошад, ки устод кушодани муаммоҳо ва дарёфтани маънии ҳар гуна шеърҳои сарбастаро дӯст медорад.
-Ман як байт гӯям, шумоён маънияшро ёбед,-гуфт Айнӣ як рӯз дар вагон, дар соати дамгирӣ. Он байт ин буд:

Аҳли камолро лаби изҳор хомӯшист,
Миннатпазир моҳи тамом аз ҳилол нест.

Чунон ки хонанда мебинад, ёфтани маънои ин шеър осон нест. Мо бо Икромӣ хеле «теша бар паҳлуи андеша» задем. Маънои байт ин будааст: дар тақвими куҳнаи «мусулмонӣ» баъзе моҳҳо 30 рӯз ва баъзе 29 рӯзанд. Ноқис будани (яъне 29 рӯза будани) моҳро бо мушоҳидаи оддӣ чӣ тавр донистан мумкин аст? Моҳи 29 рӯза дар чоршанбеи охирин намоён мешавад, агар 30 рӯза бошад-намоён намешавад, яъне чун намоён нашуд, мо мефаҳмем, ки моҳ пурра («моҳи тамом») будааст.

 Инак, барои донистани 30 рӯза будани моҳ онро дар осмон дидан («аз ҳилол миннатпазир будан») шарт нест. Ин ташбеҳро шоир барои он овардааст, ки гӯяд: зотан одами бофазлу камол хоксор мешавад, шӯҳратпарастӣ намекунад, худнамоӣ намекунад, «маҳмаддоноӣ» намекунад...

Мо ба зодгоҳи Айнӣ-деҳаи Соктаре равонем. Роҳамон аз боғу бӯстонҳо, аз байни пахтазорҳои сабз мегузарад. Дар наздикии яке аз деҳот бачагони бисёре бо ҳаёҳу аз қафои мошинаи мо афтоданд-бачагон шӯх ба манъ кардани мо нигоҳ накарда, ба мошини равон мечаспиданд. Аҷоибтар ин буд, ки ба онҳо як духтарча сардорӣ мекард. Баъди чандин фурсат дар қафои мошин як бачаи уштурсавор ҳам пайдо шуда монд, ки дар байни чангу хоки ғализ уштурашро лӯкка занонда моро таъқиб менамуд.

-Домулло, мо ба Соктаре расидагӣ барин,-гуфтам ман ба Айнӣ, ки дар паҳлуи шофёр нишаста буд.

 -Аз куҷо фаҳмидед?--пурсид домулло.

-Аз шӯхии бачагон қиёс кардам: - Инҳо ба бачагоне, ки шумо дар «Мактаби куҳна» тасвир кардед, бисёр монанд ҳастанд.

Ин аст деҳаи Соктаре, деҳае ки онро нависандаи мо ҳам ба воситаи шахсияти асарҳояш машҳур гардонидааст. Аҳолӣ омадани ҳамдеҳаи номии худро шунида, чашм ба роҳи ӯ дӯхта будаанд. Ҷавонон, писарбача ва духтарбачагон дар либосҳои ранг ба ранги идона, куҳансолон бо ҷомаю саллаҳо ӯро дар даромадгоҳи деҳа истиқбол карданд. Бачагони хурдсол давон-давон омада, «бобо, бобоҷон» гӯён устодро миёнагир карда, ба кифту гарданаш овезон мешуданд. Куҳансолон-рафиқони бачагии Айнӣ-ӯро ба оғӯш кашида вохӯрдӣ мекарданд. Суратгирон ва режиссёри киностудияи республика рафиқ Кимёгаров, ки аз мо пештар ба он ҷо рафта роҳи Айниро поида истода будаанд, серкор шуда монданд... Дар ҳавлии пештараи падару модари Айнӣ, ки ҳоло ба сабаби пайдо шудани биноҳои нав дигаргун шуда будааст, дар хонаи калони оростае зиёфат тартиб ёфт. Дар хона як чил кас-хешони домулло, мӯсафедон, фаъолони колхоз, муаллим ва муаллимаҳо ҷамъ омаданд. Якчанд нафар пионерҳо дар гирду пеши устод худашонро ба ӯ ҷафс карда менишастанд. Пурсупос ва сӯҳбати дӯстона сар шуд. Айнӣ бо мӯсафедон айёми бачагии худро ба ёд оварда, дар бораи воқеаҳои гузашта тавре гуфтугӯ мекарданд, ки гӯё он воқеаҳо дирӯз рӯй дода бошанд.

-Акобирхоҷа, «Парвардигорхоҷа»-ро ба ёд доред?

 -Ҳа, тақсир, набошад чӣ!

-Ман нависам, инҳо баъзан бовар намекунанд,-моро нишон дода мегӯяд Айнӣ,-ба инҳо гуфта диҳед. Акобирхоҷа воқеан ба гаштаки ҷавонон нарафтани Саидакбар ва дар натиҷа аз қорӣ Маҳмуди ширинкор номи «Парвардигорхоҷа» гирифтани ӯро, чунон ки дар қисми 1 «Ёддоштҳо» омадааст, ба мо нақл мекунад. Дар байни ҳозирин як пирамарди хурдҷуссаи лоғарбадан ҳам буд, ки даст бар пеш гирифта сари ду зону менишаст ва кам гап мезад. Айнӣ аз вай бо эҳтиром ва меҳрубонии махсус аҳволпурсӣ мекард ва дар байни сӯҳбати дам ба дам ба ӯ рӯй оварда гап мезад. Баъди зиёфат, дар берун ман аз устод пурсидам:

-Домулло, он пирамард кӣ буд, ки шумо ба вай ин қадар илтифот кардед?

 -Ин мард меҳнаткаштарини колхозчиёни ин ҷо буд,-ҷавоб дод Айнӣ.-Ман чандин сол аз ин пеш, вақте ки ба Соктаре омада, ба аҳволи колхози ин ҷо ошно шудам, очерки «Колхози Коммунизм»-ро навишта будам, чӣ навъ кор кардани вайро дида будам. Ӯ ҳақиқатан ҳам девкор буд. Саҳари барвақт ба кор рафта, то шом аз киштзор намебаромад, ҳатто хӯрду хӯрокашро ҳам ба миёни замин бурда медоданд. Мутаассифона, номи ин пирмард дар хотирам намондааст. Ҳоло колхоз ӯро аз кор озод карда монда, маоши зиндагиашро таъмин карда меистодааст. Ҳамин гуна меҳнатдӯстии он пирмард будааст, ки ӯро сазовори эҳтироми нависандаи куҳансоли мо гардонидааст.

Дар берун, дар рӯ ба рӯи дарвозаи ҳавлӣ сарҳавз ва суфаҳои хубе ҳастанд, ки ба болояшон бедҳои сабз сояандоз мебошанд. Айнӣ дар он ҷо нишаста бо котиби райком ва дигар коркунони масъули райони Ғиждувон, ки ба дидани устод омада буданд, машғули сӯҳбат шуд. Дар сӯҳбати онҳо мо чӣ андоза аз кору бори колхози Соктаре огоҳ будани устодро дида ба ҳайрат мемондем. Вай бо ҳамқишлоқиёни худ мукотибаи доимӣ доштааст.

САДОИ ШАРҚ №9, 2014

барчасп: