Имсол Кумитаи забон ва истилоҳот “Фарҳанги талаффузи сареҳ”-ро интишор хоҳад дод

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки соли ҷорӣ «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги талаффузи сареҳ» ва «Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод хоҳад кард.
Дар ин бора Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар нишасти матбуотии ҷамъбасти фаъолияти яксолаи Кумита дар ҳузури хабарнигорон иброз назар намуд.
Гавҳар Шарофзода гуфт, ки кумитаи таҳти сарварии ӯ омилҳои зиёди мушкилот дар навишт ва талаффуз дар забонро мебинад, ки яке аз онҳо то ҳол таҳия ва нашр нашудани низоми истилоҳоти соҳаҳои илму фан, техника, истеҳсолот ба забони тоҷикӣ мебошад. Вай мегӯяд, мутахассисони соҳаҳои мухталиф аз он ки забон ва корбурди истилоҳотро намедонанд, дар ҷараёни корашон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар нишасти матбуоти сарвари Кумитаи забон хабар дод, ки соли 2017  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалии «Ҳамсадо», «Суғдсинамо»-и ба номи Комил Ёрматов, «Тоҷик диёр», «Санои синема», «Истиқлол», «Нурангез», «Адам», «Суҳайл синамо», «Амирӣ-медиа», «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдивидео», «Абдулло-медиа» ва «Дарвозфилм» хоҳад санҷид.
Гавҳар Шарофзода дар ҳузури хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли 2016 судҳои кишвар барои риоя нагардидани муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуданд ва созмону ташкилотҳоро ба андозаи 45 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима кардаанд. Вайт эзоҳ дод, ки аз ин маблағҳо 37 ҳозору 060 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.