фарҳангшиносӣ

Китоби нав: “Ҳамосаи Гурғулӣ ва шинохти он”

Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гўрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо, васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Он аз силсиладостонҳои шифоҳӣ иборат буда, ғояи асосии ҳамосаи мазкур орзую ормонҳои мардуми одиро оид ба кишвари афсонавии Чамбул фаро гирифтааст, ки дар он ҷо ҳокимияти боадолат, хуррамию осудагӣ ва аҳдшиносию бародарӣ пойдор мебошанд. Ҳамосаи “Гўрғулӣ” дар миёни эпосҳои халқҳои ҷаҳон мавқеи хосса дошта, дар айни замон бо эпосҳои қаҳрамонии халқҳои Осиёи Марказӣ робита ва баъзе ҳамгуниҳо дорад.

Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги пурғановати моддию ғайримоддӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаҳои илму фарҳанг, маориф, санъат, муассисаҳои давлатию ғайридавлатии кишвар шароиту имкониятҳои ҳамҷониба ба вуҷуд овард,

Озмуни умумиҷумҳуриявии «Гулзори маърифат» ҷамъбаст шуд

Дар рафти ҷамъбаст доир ба вазъ, ҳолат ва фаъолияти боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ зимни боздиду шиносоӣ ва сафари хидматии аъзоёни ҳакамон аз санаи 16-апрел то 12-маи соли 2018 маълум гардид, ки муассисаҳои мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои ба тавсиб расида фаъолият намуда, дар ташкили истироҳату фароғати шаҳрвандон корҳои шоистаро амалӣ гардонида

Дар маркази шаҳри Истаравшан меҳмонхонаи замонавии “Киропол” ба истифода дода шуд

Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.
Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Эргашев Бурҳон буда, лоиҳакашон - Корхонаҳои Воҳиди Давлатии “Меъмор”, “Лоиҳакаш”-и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Уротеппа” мебошад.

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлил аз ҷашни бузурги давлатӣ — 21-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар маркази ноҳия бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Қасри фарҳанг расман оғоз бахшиданд.

Бинои Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дорои 600 ҷойи нишаст мебошад.

Боғи “50-солагии ҷавонон” “Низомиддин Алишери Низомӣ” ном гирифт

Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расид. Хабари мазкурро субщи имрӯз дафтари матбуотии Сардори давлат расонаӣ кард.

Дар он аз ҷумла омада:
1. Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз

Шаммае аз равобити фарҳангии Тоҷикистону мамолики Араб

Дар ин мақола муносибатҳои байниҳамии Тоҷикистон бо мамолики араб то соли 2016 мавриди  инъикос  қарор  гирифтааст.  Муаллиф  бо  баррасии  ҷанбаҳои  гуногуни  ҳамкориҳои  ин  кишварҳо  ба  натиҷа мерасад,  ки  дар  замони  Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон  муносибатҳо  густариш  ёфтанд,  зеро  яке  аз  самтҳои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон барқарор ва густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ бо мамолики араб ба ҳисоб меравад.

Муаррифии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон дар хориҷи кишвар

Иштирокдорони симпозиум ҳангоми баррасиҳо зикр намуданд, ки ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ мутобиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003)  ва таъмини таълими босифат дар контексти барномаи рушди устувори СММ ҳоло аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Аз ин рў, ба ҳам овардани ҳар ду масълаи муҳим ба манфиати кор мусоидат хоҳад кард. Барои тадриси мероси фарҳанги ғайримоддӣ барномаҳо ва дастурҳо таълиф кардан лозим мебошад.

Страницы