фарҳангшиносӣ

Омилҳои пойдории Ваҳдати миллӣ

Ваҳдат–неъмати бебаҳои лоязолист, ки чун обу хоку ҳаво ва нури хуршед барои ҳаёти одамон зарур буда, омили асосии сарҷамъии миллат, пойдории давлат, тинҷию амонии кишвар ва зиндагии хушу осудаи мардуми тоҷик мебошад. Ин ваҳдати ҷовидонӣ, ки армони чандинасраи миллати ҷафокашидаи тоҷик буд, дар пояҳои сулҳу оштӣ ва бахшиши тарафҳо устувор гардида, чун навҷавони солиму нерўманд, бо дили пур аз меҳру орзу ба сўи ояндаи дурахшон қадам мезанад.
Дар солҳои пурошўби ҷанги шаҳрвандӣ роҳи ягонаи наҷоти миллати тоҷик ва давлати

Вазири фарҳанг: Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама талошҳо муваффақанд

Шамсиддин Орумбекзода, Вазири  фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд “ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрўза дида метавонем, ки маҳз тўли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо намоянд”.
Шамсиддин Орумбекзода, ки имрӯз дар конфронси “Ваҳдат – кафили устувории имрӯзу фардои миллат” дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот сухан мегуфт,

Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги пурғановати моддию ғайримоддӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаҳои илму фарҳанг, маориф, санъат, муассисаҳои давлатию ғайридавлатии кишвар шароиту имкониятҳои ҳамҷониба ба вуҷуд овард, то ки дар муаррифии илму фарҳанг ва адаби миллати тоҷик корҳои беназир сурат бигиранд. 

Аз ман умри дубора хоҳад монд...

«Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ, талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ, эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хоса ёдовар шавам».
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳулбак пойтахти антиқаи Ҳуттал

Тақрибан 11 километр болотар аз қасри Ҳулбук (деҳаи Қурбоншаҳид) дар самти шимолӣ, дар соҳили рости дарёи Сурхоб, деҳаи замонавии Ҳулбак ҷойгир шудааст. Хотирот дар бораи ин деҳа дар қайдҳои ҷолиби муҳаққиқони таъриху фарҳанги Тоҷикистон А.П. Колпаков, А.Е.Маҷӣ ва F.Fоибов оварда шудааст. Онҳо аз байни бисёр ёдгориҳои бостонии минтақаи мазкур, маҳз ба шаҳраки воқеъ дар деҳаи Ҳулбак бештар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Зеро ки шаҳраки мазкур дар ибтидо дорои релефи хеле возеҳу равшан бо боқимондаҳои иморатҳои муҳташам ва хатҳои обёрӣ будааст, ки

Мақоми Ҳамадонӣ дар густариши илму фарҳанги Хатлонзамин

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз бузургтарин орифони асри XIV Машриқзамин буда, осори ў дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиё ва Шарқи Наздик, бавижа Ҳинду Покистон дар мураввиҷи ислом ва иршоди фарҳанг то имрўз мақоми арзандае дорад. Мир Сайид Алии Ҳамадониро чун орифи тавоно, шоири баркамол, инсонпарвари беҳамто, чун олим ва файласуфи дақиқназару хирадманди беназир на танҳо дар мамолики Осиё ва Шарқи Наздик шинохтаанд, балки мардуми шарифи Тоҷикистон, бавижа хиттаи Хатлон мавсуфро чун пири раҳнамо эътироф кардаанд.

Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?

Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг

Ба кўҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд

Муҳтавои ин китоб ҳамин як мисраъ аст. Яъне, сухан ҳар гоҳ “аз сари андеша ояд” ва ҳарфу ҳиҷо ба муроди дили инсон бошад, посух чунин хоҳад буд.
Аммо сухан гуфтан ин худ санъат аст. Як маъноро метавон ба гунаҳои гуногун ифода кард, ки гоҳ хашин ба гӯш расад ва гоҳи дигар форам. Ин аз маҳорати гӯяндаи он вобаста аст, ки хабарро чӣ гуна мерасонад.

Заҳмате, ки олими суханшинос Қурбон Хоҷаев кашидааст, арзиши воло дорад. Дар як китоб талош кардааст маҳорати сухан гуфтан ва сухан шунидану

Страницы