Китоби нав: “Ҳамосаи Гурғулӣ ва шинохти он”

Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гўрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо, васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Он аз силсиладостонҳои шифоҳӣ иборат буда, ғояи асосии ҳамосаи мазкур орзую ормонҳои мардуми одиро оид ба кишвари афсонавии Чамбул фаро гирифтааст, ки дар он ҷо ҳокимияти боадолат, хуррамию осудагӣ ва аҳдшиносию бародарӣ пойдор мебошанд. ҲамосаиГўрғулӣдар миёни эпосҳои халқҳои ҷаҳон мавқеи хосса дошта, дар айни замон бо эпосҳои қаҳрамонии халқҳои Осиёи Марказӣ робита ва баъзе ҳамгуниҳо дорад.

Тақрибан 70-80 сол мешавад, ки баҳсҳое сари мансубияти ҳамосаи “Гўрғулӣ” ба ин ё он қавм ё халқ ба миён омадаанд. Кор то ҷое расидааст, ки бархе аз муҳаққиқон, адибон ва фарҳангиён онро моли ақвоми турк шумурда, аз чунин мероси фарҳанги ғайримоддии кишвари худ рўй тофтаанд. Дар чунин давраи талоши фарҳангҳо ва арзишҳои моддию маънавӣ пажўҳишгароне чун Салоҳиддин Фатҳуллоев, Файзалӣ Муродов, Равшан Раҳмонӣ, Ҷонибеки Асрориён, Кароматулло Раҳимов ва чанде дигар ба ҷустуҷўю таҳқиқи ин эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик машғул шуда, далелҳои муҳиме барои моли тоҷикон будани достонҳои “Гўрғулӣ” пайдо намудаанд.

Рисолаи илмии пажӯҳигари тоҷик Дилшод Раҳимӣ “Ҳамосаи Гурғулӣ ва шинохти он” талоши дигарест барои ковишҳои фарогири муҳтавои ин достони мардумӣ ба шумор меравад. Китоб соли равон дар нашриёти “Аржанг” рӯйи чопро дид.

Матни комили онро аз ИН ҶО бихонед.