Activities calendar

08 августа 2019

Китоби нав: “Ҳамосаи Гурғулӣ ва шинохти он”

Эпоси қаҳрамонии халқи тоҷик «Гўрғулӣ» маҳсули тафаккури бадеӣ-ҳунарии мардуми тоҷик буда, фарогири орзуву ормонҳо, васфи корнамоиҳои паҳлавонон, ҳифзи Ватан ва тарғиби адолати иҷтимоӣ мебошад. Он аз силсиладостонҳои шифоҳӣ иборат буда, ғояи асосии ҳамосаи мазкур орзую ормонҳои мардуми одиро оид ба кишвари афсонавии Чамбул фаро гирифтааст, ки дар он ҷо ҳокимияти боадолат, хуррамию осудагӣ ва аҳдшиносию бародарӣ пойдор мебошанд. Ҳамосаи “Гўрғулӣ” дар миёни эпосҳои халқҳои ҷаҳон мавқеи хосса дошта, дар айни замон бо эпосҳои қаҳрамонии халқҳои Осиёи Марказӣ робита ва баъзе ҳамгуниҳо дорад.