Ошноӣ бо асбобҳои мусиқӣ - АРФА

АРФА (итал. arpa, нем. – harfe), сози тории қадимаи мусиқӣ, ки шакли секунҷа дошта, ба чанги амудӣ монанд аст. Аз поён то болои ин соз торҳои ҷўрашон гуногуни дарозиашон ҳархела гузаронда мешаванд. А. яке аз созҳои қадима буда, авв. а. 19 такомул ёфтааст. А. 46 тор (зеҳ) дошта, қаторовози хроматикиаш (бо бемол) бо ёрии 7 фишанги пой ҳосил карда мешавад. Ҳар фишанг метавонад овозҳои номбаршударо дар ҳама октаваҳо ним парда ё як парда бардорад. Меъёри овози А. аз Ces то fis 4 (аз до-бемоли контроктава то фа-диези октаваи 4) мерасад. Партияи А. дар партитураи окестрӣ дар ду нотагоҳ навишта мешавад. Садои А. маҳину форам буда, дар оркестр ва ансамблҳои мусиқӣ, дар якканавозӣ ва яккахонӣ истифода мешавад. А. имконияти зиёди иҷроӣ дорад ва дар он аккорд (якҷоя садодиҳии овозҳо), арпеҷио (пайиҳам садодиҳии овозҳо), глиссандо (лағжиш додани панҷаҳо болои торҳо) ва ғ-ро иҷро кардан мумкин аст. Дар фарҳанги қадимаи халқҳои Осиёи Миёна А. ҳамчун сози мусиқӣ бо номи чанги амудӣ (ниг. Чанг) машҳур буд. Ҳангоми ҳафриёти археологии с. 1938 дар минтақаи Айритом (соҳили Амударё) арақае пайдо карданд, ки дар он сурати навозандае бо А.-и 13-тора акс ёфтааст. Ниг. низ Арақаи Айритом.