Асбобҳои мусиқӣ

Ошноӣ бо асбобҳои мусиқӣ - АРФА

АРФА (итал. arpa, нем. – harfe), сози тории қадимаи мусиқӣ, ки шакли секунҷа дошта, ба чанги амудӣ монанд аст. Аз поён то болои ин соз торҳои ҷўрашон гуногуни дарозиашон ҳархела гузаронда мешаванд. А. яке аз созҳои қадима буда, авв. а. 19 такомул ёфтааст. А. 46 тор (зеҳ) дошта, қаторовози хроматикиаш (бо бемол) бо ёрии 7 фишанги пой ҳосил карда мешавад. Ҳар фишанг метавонад овозҳои номбаршударо дар ҳама октаваҳо ним парда ё як парда бардорад. Меъёри овози А. аз Ces то fis 4 (аз до-бемоли контроктава то фа-диези октаваи 4) мерасад. Партияи А.

Ошноӣ бо асбобҳои мусиқӣ - Думбура

Думбурак асбоби халқии тоҷик. Дар баъзе мавзеъҳо онро дуторча меноманд. Д. дар вилоятҳои Сурхандарёву Қашқадарёи РСС Ўзб. ва шимоли Авғонистон низ маъмул аст. Дарозиаш 70-80 см буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: гўшак, даста, коса, тахта, харак, парда. Аз чўби тут ва ё зардолу тарошида, тор ва зеҳашро аз рўдаи буз тайёр мекунанд. Д. асбоби якканавозӣ ва ҳамовозшаванда аст. Дар гўрўғлихонӣ Д. асбоби ягона ва асосист. Гўрўғлисароён яксар Д.-ҳои зиллро истифода мебаранд. Д. бо сози кварта ҷўр карда, мешавад, ки ин тавр садо медиҳад.

Ошноӣ бо мусиқӣ ва асбобҳои мусиқӣ - Дутор

Дутор, асбоби мусиқии халқӣ.Д. асбоби дутораи миллии тоҷикин буда, дар байни халқҳои осиёи Миёна ва Туркистони Шарқӣ паҳн гардидааст. Д. дар асоси асбоби мусиқии халқии дутора (думбура) ба вуҷуд омадааст. Пардаи Д.-ҳои аввалин чандин зиёд набуд. Ҳоло миқдори пардаи Д.то 12 ва аз он бештар  аст. Д. ҳамчун  асбоби  мусиқии дўстдоштаи мардуми тоҷик, афғон, эрон, ўзбек, туркман, қароқалпоқ, уйғур шўҳрат дорад. Д. асосан аз чўби тут сохта мешавад.Баъзан чўби зардолу ва чормазро низ истифода мебаранд. Усули сохтанаш аз дигар асбобҳои мусиқӣ фарқ мекунад.