Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷўйҳои илмӣ

Чунин ном дорад китобе, ки ахиран интишороти “Аржанг” чоп кард.Дар ин китоб натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва нашрии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифта,  дастовардҳо ва раванди татбиқи воқеии мавзўъ ва лоиҳаҳои илмӣ хулоса шудааст.
Дар китоби мазкур фаъолияти ҳар як шуъбаи ПИТФИ  бо дарназардошти раванди татбиқи мавзўъҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, иҷрои нақшаҳои илмӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дар поёни китоб рўйхати осори интишорёфта, аввал дар шакли нашри алоҳида, сипас рўйхати мақолаҳои дар нашрияҳои илмӣ ба табъ расида, номнавис шудаанд. Ҳамчунин аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ доир ба қазияҳои фарҳанг ва дигар масоили мубрами иҷтимоӣ дар матбуоти даврӣ беш аз 150 мақолаи публитсистӣ интишор ёфтааст, ки дар ин китоб шомил нагардидаанд.
Маводи дар китоб воридшуда метавонад барои омўзиши масоили марбут ба фаъолияти ПИТФИ ба мутахассисону муҳаққиқони соҳа кўмак расонад.

ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ҶУСТУҶЎЙҲОИ ИЛМӢ

 

барчасп: