Кохҳои фарҳанги тозабунёд дар кишвар

Падидаи некӣ рушди фарҳанг дар замони истиқлолият дигаргунӣ дар сохтор ва мазмуни фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки тарбиятгари аҳолӣ ва тарғибгарӣ сиёсати фарҳангӣ ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Яке аз омилҳои инкишофи фарҳанг бунёди қасрҳои фарҳанг, ки ба талаботи имрўзаи гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа муносиб буда, фаъолияти онҳо ба хотири ташаккули маънавии шаҳрвандон мебошад.
Новобаста аз вазъи мураккаби кишвар дар солҳои аввали истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳанг ва рушду эҳёи он тавваҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро зина ба зина амалӣ намуда истодааст, ки матлаби асосӣ фароҳам овардани зинадгии шоиста барои шаҳрвандони ҷумҳури пойдории Ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар ин раванд заҳматҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аён аст, ки қайд менамояд: «Фарҳанг, бешубҳа ифодагари рўҳи миллӣ,расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктареро эҷод накарадааст».

Миллати соҳибфарҳанг ва фарҳангпарвари тоҷик, баъди солҳои зиёди хомушӣ, маҳз дар даврони истиқлолият ва Сарвари ғамхори миллат, Эмомалӣ Раҳмон, руй ба фарҳанги миллии хеш оварданд ва паҳлуҳои гуногун онро эҳё гардониданд ба хотири шинохти хеш, тарбия намудани наварасону ҷавонон дар ҳамин руҳия, ки ин барои маърифатнокии ҷомеа  нақши муҳим дорад.

Падидаи некӣ рушди фарҳанг дар замони истиқлолият дигаргунӣ дар сохтор ва мазмуни фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки тарбиятгари аҳолӣ ва тарғибгарӣ сиёсати фарҳангӣ ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Яке аз омилҳои инкишофи фарҳанг бунёди қасрҳои фарҳанг, ки ба талаботи имрўзаи гурўҳҳои иҷтимоии ҷомеа муносиб буда, фаъолияти онҳо ба хотири ташаккули маънавии шаҳрвандон мебошад.

 Имрўз қариб дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ қасрҳои тозабунёд фаъолият доранд, ки амсоли инро мо дар қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор мебинем. Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор дар заминаи хонаи маданият дар масоҳати 1-гектар, соли 2015 бунёд гардидааст, ки он дорои толори  консертӣ бо 700 ҷойи нишаст мебошад. Дар назди он филармония халқӣ, театри халқӣ ва сехи дузандагӣ, барои омода намудани либосҳои саҳнавӣ фаъолият мекунад. Қасри фарҳанг дар ҳамаи чорабиниҳои Ҳукуматӣ, идҳои расмӣ ва ғайра саҳми намоён дорад. Дар сохтори қаср фаъолияти эҷодии ансамблҳои шашмақом, фалак ва рақс, ки фарогири истеъдодҳои ҷавон мебошад падидаи фарҳангии давраи истиқлолият, мешуморанд сокинони шаҳр.

Инчунин қаср барои мустаҳкам намудани заминаи молиявӣ аз ҳисоби шартномаҳо ва сехӣ дузандагӣ фоида ба даст меорад. Ба иттилои мудири қасри фарҳанг Бобоев Сафаралӣ дар нақша доранд, ки маркази варзишӣ барои ҷавонон ба фаъолият шуруъ намояд, ки метавонад манбаи дигари даромад  бошад.

Қасри фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи шоир Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳам яке аз қасрҳои замонавӣ ва навбунёд аст. Сохтмони он аслан пеш аз истиқлолият, яъне соли 1989 оғоз гардид, аммо мутаасифона ин сохтмон то ба охир нарасид. Соли 2006 бо тағиротҳои нақшаи сохтмон аз сари нав оғоз ёфт, ки масоҳати умумии қаср 2900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Қасри фарҳанг дорои толори тамошо барои 500 нафар, саҳнаи 13 метра, мактаби ҳунарӣ, синфхонаҳо барои машқи рақс ва устохонаҳои рассомӣ мебошад. Қисмати даромади он бо ранги тиллоӣ зарандуд карда шудааст. Мувофиқи ҳисоботҳо барои сохтмони қаср тақрибан 11 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Бунёди Қасрҳои фарҳанг, ки имрӯз ҳамчун идомаи корҳои созандагиву бунёдкории Ватани азизамон мебошад дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Қасри фарҳанг сохта ба истифода дода шуд.

Сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия аслан моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад. Қасри фарҳанг аз 2 - ошёна иборат буда, аз толори асосӣ бо 800 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои хурди машқӣ, толори маҷлис ва таҳхона иборат мебошад. Бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ороиш дода шуда, қисмати берунии бино (намои асоси) он аз 18 сутун ва дарҳои кандакорӣ иборат аст. Пештоқи болои бино бо мусаввараҳои гуногун ва шифту деворҳои толори асосӣ бо истифода аз гаҷкорию кандакорӣ хеле зебою назаррабо сохта шудааст. Дар саҳни ҳавлии Қаср ду фаввора бо чароғҳои ранга ҷойгир карда шуда, гирду атрофи майдон ва ҳудуди боғи фарҳангии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо дарахтон, гулу гулбуттаҳо ва таҷҳизоти муосири равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст. Қобили зикр аст, ки ин қаср макони баргузории чорабиниҳои гуногун буда, барои дарёфти истеъдодҳои нав ба миллат ва мардуми шарафманди диёр хизмат мерасонад. Имрӯз мо метавонем Қасрҳои фарҳангро ҳамчун як маркази маърифатию тарбиявӣ муаррифӣ намоем, зеро онҳо тарбиятгари аҳли ҷамъият, яъне талқин кардани худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дӯст доштани ватан, меҳан, модар ва тарғибгари фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ барои таъмиру бунёд ва ободу зебо гардонидани қасрҳои фарҳанг давлат кӯшишҳои зиёд намудаистодааст. Мувофиқи ҳисоботҳо маълум гардид, ки маҳз дар замони истиқлолият 16 адад бинои нави Қасрҳои фарҳанг сохта шуда фаъолият менамоянд. 

Албатта, ҳамаи ин бунёдкориҳо самараи соҳибистиқлолии давлатамон буда, хурду бузургро вазифадор месозад, ки шукронаи ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, доим ҳушёру зирак бошанд, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро эҳтиёт намоянд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлати соҳибихтиёр тарбия кунанд.