Activities calendar

07 июня 2017

Ҳунари шерозбофӣ дар Бадахшон

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо шерозбофӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадима буда, ҳар халқу миллат сабки хоси худро дошт, ки намунаҳои мухталифи он то ин дам ба рўзгори мо расидаанд. Махсусан барои мардуми кўҳистон шероз мавқеи муҳим дорад.

Дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ як ҷузъи дигари сару либос-шероз маъмулу машҳур аст, ки бо нақшҳо ва мавриди истифодаи худ дар санъати гулдўзӣ мавқеъи хос дорад.