Меҳрномаи шогирд ба устод

Ин сатрҳо рӯзҳои ҷашни 80-солагии устоди шодравон Худои Шарифзода аз ҷониби яке аз шогирдони ишон Абдулғаффори Камол навишта шуда буданд. Дар ин рӯзе, ки ҳамагон бо дидаҳои гирён ин марди донишманд ва инсони комилро ба хок месупоранд, зарур донистем ин меҳрномаро интишор диҳем, то касоне, ки аз профессор Шарифзода шинохти камтар доранд, хубтар бишносанд.

Қофиласолор

(Арзи адаб ба пешгоҳи устоди бузург Худоӣ Шариф ба муносибати 80-умин солрӯзи валодаташон)

Барои бисёриҳо будан дар донишгоҳ ва ё иртибот бо он мояи ифтихор аст, ки ҳалолашон бод. Дар айни ҳол, касоне ҳам ҳастанд, ки донишгоҳ бо онҳо ифтихор дорад, чунки бо ному кори худ бар обрӯ ва эътибори донишгоҳ меафзоянд... Ва бегумон яке аз чунин афрод устоди хушном ва донишманди пуркор Худоӣ Шариф аст.

Ӯ шахсиятест дорои мартабаи бузурги илмӣ, ҷойгоҳи волои иҷтимоӣ ва дараҷаи камоли инсонӣ. Ӯ касест, ки дар айни ифтихор бахшидан ба садҳо шогирду пайрав, худ аз фахру ғурур фарсахҳо дур аст. Ӯ дар ҳақиқат дарахтест пур аз меваи илм, ки ба дӯстдорони маърифат аз самари шаҳдбораш пайваста инъом мекунад. Имрӯз Худоӣ Шариф, ба эътирофи аксар донишмандони матраҳи афғону эронӣ, аз назари нақди адабӣ дар ҷаҳони порсигӯён ҳарфи аввалро мезанад. Таълифоти пурарзишаш кайҳост, ки ба китобҳои рӯимизӣ ва манобеи илмию адабии донишпажӯҳон ва марокизи илмӣ табдил ёфтаанд...
Банда ҳам мисли садҳо каси дигар дар ибтидо устодро дуродур мешинохтам: аз таълифоташ, аз лексияҳои фарогиру пурмуҳтавояш ва гоҳ-гоҳе аз суҳбатҳои кӯтоҳаш, ки дар маҳфиле мешунидам. Вале аз замоне ки шарафи шогирдии ин абармарди илму адаб насибам гардид (давраи аспирантура, соли 2005), имкони бештаре барои баҳра бурдан аз роҳнамоиву роҳкушоиҳояш бароям пеш омад ва ҳар қадар ки ба ӯ наздик мешудам, ба ҳамон андоза ҷанбаҳои тоза ва ибратомӯзе аз шахсияти волои ин устоди воқеан муҳтарам ва дӯстдоштанӣ бароям кушода мешуд.
Дар яке аз рӯзҳои баҳории соли 2005, вақте мақсади худро назди устод ҷиҳати қабули роҳбарии кори илмиам матраҳ намудам, аввалин саволи эшон чунин буд: “Ҳадаф танҳо ба даст овардани унвони илмист ё анҷом додани коре дар соҳаи илм?”. Бе ҳеҷ дудилагӣ посух додам: “Албатта, дуюмӣ”. Сипас, каме дигар суҳбат кардему устод пешниҳод намуд, ки мутолиа ва ҷамъоварии маводро атрофи рӯзгор ва осори Мирзоабдулбоқӣ Табиби Исфаҳонӣ (1714-1758) оғоз кунам. Ман ҳам бо камоли майл пазируфтам. 
Аввалин бор номи Табиби Исфаҳониро замони донишҷӯӣ аз худи устод шунида будам, бо ин ғазали маъруфаш:

Ғамаш дар ниҳонхонаи дил нишинад.
Ба нозе, ки Лайло ба маҳмил нишинад.
Пайи ноқааш рафтам оҳиста, тарсам,
Ки аз гиряам ноқа бар гил нишинад...
Маранҷон диламро ки ин мурғи ваҳшӣ,
Зи боме, ки бархост, мушкил нишинад.
Бинозам ба базми муҳаббат, ки он ҷо,
Гадое ба шоҳе муқобил нишинад...

Боре устод ҳангоми дарс ин ғазалро хонду бо таассуф ёдовар шуд, ки агарчӣ ғазал хеле маъруф буда, дар Тоҷикистону Афғонистону Эрон тавассути чандин овозхон бо чандин оҳанг суруда мешавад, муаллифаш шоири асри XVIII Табиби Исфаҳонӣ аз зумраи шоирони гумном асту то ҳол таҳқиқоте рӯи осораш анҷом нагирифтааст.

Аз ҳамон замон банда шефтаи Табиб шуда будам. Зеро, ҷудо аз ашъори дилангезаш, шахсияти сиёсиву иҷтимии ӯ бароям ҷолиби диққат буд. Табиби Исфаҳонӣ бештар на ҳамчун шоир, балки ҳамчун табиб дар сарчашмаҳо ёд шудааст. Ӯ ҳакимбошӣ ва табиби дарбори Нодиршоҳи Афшор буда, номанигорӣ ва воқеанигорӣ ҳам мекард. Азбаски асри XVIII ба сабаби тағйири панҷ сулолаи ҳокима (Сафавиён, Маҳмуди Афғон, Афшориён, Каримхони Занд, Қочориён) ва ҷангҳои давомдори дохилию хориҷӣ аз пурмоҷаротарин ва пурҳодисатарин даврони таърихии Эрон ба шумор меравад, табиист, ки ҷустуҷӯ дар аҳволи Табиби Исфаҳонӣ, ҳамчун чеҳраи таъсиргузор дар таҳаввулоти ҷорӣ ва шахси наздик ба охирин подшоҳи ҷаҳонкушои Эрон – Нодиршоҳ, метавонист ҳамзамон баррасие бошад бар рӯи авзои сиёсӣ ва иҷтимоии он даврон. 
Ҳамин тариқ, бо фотеҳаи устод мавзӯи кори ман “Рӯзгор ва осори Табиби Исфаҳонӣ” шуд. Устод дар ҳамон ибтидо таъкид кард, ки Табиб на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар доираҳои адабии Афғонистону Эрон ҳам шахсияи гумном ба ҳисоб меравад ва то ҳол дар ҳеҷ кишваре аҳволу осораш ба таври илмӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Адабиёту сарчашма ҳам дар борааш хеле андак аст. Пас, бояд барои як кори душвору заҳматталаб омода бошӣ. 

Ростӣ, банда дар ибтидо корро саҳл пиндоштам ва бо худ андешидам, ки охир ман журналистам-ку, навиштан бошад, менависам. Аммо вақте аввалин навиштаҳоямро дар ҳаҷми 35-40 саҳифа назди устод бурдаму пас аз таҳрир аз он ҳамагӣ 15-16 саҳифа боқӣ монд, дарёфтам, ки ин кор на ба он осониест, ки мепиндоштам. Устод бо ҳамон лаҳни нарму ширин, вале қотеу гӯшрас бароям фаҳмонд, ки журналист одатан публисистика менависад. Аммо кори илмӣ чизи дигар аст ва бояд худамро бо тарзи навишти илмӣ мутобиқ созам. 
Ин панди устод баъдан дар тамоми мароҳили кор дар гӯшам садо медод ва худам воқеан ба ин хулоса расидам, ки миёни ин ду фарқ зиёд будааст. Дар журналистика муаллиф бештар назари худро менависад, таҳлили худро нисбат ба рӯйдодҳо матраҳ месозад, гоҳе аз эҳсосот ва отифаи ҳамонлаҳзаинаи мухотабон низ барои пуртаъсир кардани матлабаш кор мегирад, аз фазои расонаӣ ва иттилооти умумии худ дар бораи ин ё он масъала, ҳатто агар дар ёдаш набошад, ки дар куҷо хондаасту аз кӣ шунидааст, метавонад истифода намояд, танҳо бо зикри ин, ки “коршиносон бар ин боваранд, ки...”, “чунин таҳлил вуҷуд дорад, ки...”, “гуфта мешавад, ки... ”, “ба назар мерасад, ки...”, “овозае ҳаст, ки...”, “эҳтимол меравад, ки...” ва амсоли он. Аммо дар таҳқиқоти илмӣ ба тахмину эҳтимол роҳ набояд дод, эҳсосу отифаи муаллифу мухотаб ҷое надорад ва аз овозаву сарусадо хабаре нест. Ҳар сухан бояд дақиқ, санҷидашуда, мушаххас ва бо санаду иқтибос гуфта шавад, он ҳам иқтибоси дарҷшудаву исботшуда, на сухане дар расонае ё маҳфиле.
(Зимнан, ин муқоиса ҳаргиз ба маънои камарзиш нишон додани жуналистика нест. Банда 26 соли паёпай нони журналистикаро хӯрдаам ва ба ин касб ишқ меварзам. Журналистика ҳам вижагиҳо ва талаботи худро дорад: аз ҷумла ин, ки журналистро лозим аст дар ҳар масъала мутолиаи кофӣ, нигоҳи худ ва таҳлилу хулосаи худро дошта бошад, матлабашро дар зудтарин фурсат ба мухотаб расонад. Танҳо гуфтаниям, ки ҳар кадоми ин ду хусусиятҳои худро доранд). 
Хулоса, то соли 2008 қисми аксари рисола омода шуд. То он вақт ман дар радио кор мекардаму фурсати бештаре барои навиштани рисола доштам. Баъди ба телевизион гузаштанам, намедонам аз танбалӣ буд ё серкорӣ, рисола тақрибан ду сол хобид. Дар ин миён, ҳар бор, ки ба зиёрати устод мерафтам, боисрор таъкид мекард, ки корро аз даст раҳо накунам. Ман бошам, ваъда медодам, ки оянда кор каме сабуктар мешаваду вақт пайдо мекунам, ки рисоларо идома диҳам (воқеан бар ҳамин бовар будам). Бад-ин минвол рӯзҳо паси ҳам сипарӣ мешуданду на аз сабукии кор хабаре буд ва на аз ҳавсалаи ман барои дубора нишастан сари миз дараке.

Ниҳоят дар яке аз рӯзҳои соли 2010 устод пурра аз ман “қаҳр” кард. Гуфт, дигар назди ман дасти холӣ наё, агар меойӣ, танҳо бо кори анҷомшуда биё. Пас аз он, албатта кор дар муддати як сол ҳимоя шуд, аммо чизи барои ман бисёр боарзиш, ки маҳз ба хотири он ин достонро то ин ҷо нақл кардам, ин буд, ки ранҷиш ва қаҳри устод барои ман аҷаб кайфияте дошт. Ҳоло ҳам, ҳар бор, ки дар борааш фикр мекунам, ҳисси аҷибе бар ман даст медиҳад. Ин ранҷиши устод (ба масобаи ранҷиши ёри маҳбуб, ки медонӣ, сирфан ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи туст) агар аз як тараф маро, ба истилоҳ сари номус оварда бошад, аз тарафи дигар эҳсоси ғарибе ҳамроҳ бо ифтихору ғурурро дар вуҷуди ман барангехт: эҳсоси шахсият, эҳсоси даркор будан, эҳсоси вуҷуд. Яъне ману кори ман ин арзишро доштаем, ки шахсияте чун Худоӣ Шариф бароямон дил бисӯзонаду умеде дошта бошад. Ин ҷо буд, ки барои аввалин бор дар тамоми умрам маънии шоҳмисраи Саъдӣ “ҷабри устод беҳ зи меҳри падар”-ро дар рагу хуну пӯстам ламс кардам ва лаззат бурдам...

Шахсияти шигифтангезе дорад устод. Бо вуҷуди доштани шуҳрату маҳбубияту маъруфият (на танҳо дар кишвар, балки берун аз он), чунон соддаву самимӣ ва хушкалому хушбархӯрд аст, ки кас намехоҳад аз наздаш бархезад ва аз суҳбаташ ҷудо шавад. Таи солҳои мулозимат бо устод шахсияти ӯро воқеан як шахсияти чандбуъдӣ (дорои чанд ҷониб ва чанд паҳлӯ) дарёфтам. Ин вижагии устод бештар ҳангоми суҳбати дӯстона ва дар маҳфилҳои ғайрирасмӣ ҷилвагар мешавад. Дар адабиётшиносии устод, таҳлили шеър ва нақди осори классикию муосир, ба истилоҳ ҷои гап нест. Аммо чун вориди баҳсҳои фалсафӣ мешавад, чун ғаввосе моҳир чӣ дурдонаҳое аз ин уқёнуси бекарон берун меораду тақдими ҳамсуҳбаташ ва шунавандааш мекунад. Ба ҳангоми баҳс перомуни мавзӯъҳои сиёсӣ ва вазъи минтақаву ҷаҳон, мухотабаш дармеёбад, ки бо як коршинос ва таҳлилгари огоҳу равшанзамир дар суҳбат аст, ки андешаҳояш бар воқеиятҳои рӯз ва равандҳои муосири олам асос ёфтаанд. Дар ин миён суҳбати устод аз мусиқӣ ҳикояти дигар аст. Хусусиятҳои мусиқии тамоми минтақаҳои кишварро басо нозук ва дақиқ шарҳ медиҳад ва шинохташ аз мусиқӣ хеле болост. 
Меҳрубонии устод худ мавзӯи баҳси алоҳидаест. Бо шогирдон чунон бошавқу самимӣ суҳбат мекунад, ки гӯӣ, падар бо писар ва ё бародари меҳтар бо бародари кеҳтари худ. Аммо дар ин самимият ҷиддияти васфнопазире нуҳуфтааст. Ба ҳангоми норозӣ будан аз камкории шогирдон, бахусус дар мавриди ба поён расонидани таҳқиқоти илмӣ, салобати устод ва нигоҳи пурмазмунаш чунон муассир аст, ки кас дарзамон бори сангини масъулиятро рӯи шонаҳои худ ҳис мекунад ва дармеёбад, ки ҳеч роҳе барои фирор аз масъулият ва холӣ кардани шона барояш вуҷуд надорад. 

Устод, одатан ба осонӣ шогирд қабул намекунад, аввал ҳадафу барнома ва ишқу алоқаи шогирдро ба илм хуб месанҷад. Аммо чун қабул кард, бо ӯ бисёр дақик кор мекунад, барояш вақт ҷудо мекунад, дар донишгоҳ, дар хона (ин хеле ҷолиб аст, ки ба хонаи шогирдон ба меҳмонӣ намеравад, вале шогирдон доимо меҳмони хонаи ӯянд, ки аз онҳо бо иззату икром истиқбол мешавад), дар кӯчаву хиёбон, дар тую маъракаҳо, дар маҳфилҳои илмӣ, шабнишинҳои адабӣ, умуман дар ҳама ҷо шогирдро зери назар дорад. Мудом ба ӯ бо лаҳни меҳрубонона гушзад мекунад, ки набояд кор ниматамом гузошта шавад. 

Агар шогирд пурталош бошад, ташвиқаш мекунад, агар камкорию танбалӣ кунад, ҳушдораш медиҳад, агар дар ёфтани манобеъ ва сарчашмаҳои илмӣ душворӣ кашад, аз китобхонаи шахсии худаш ё донишгоҳ ва ё аз дӯстону шогирдон барояш китоб меёбад, ҳатто ҳангоме ки шогирд ба бунбаст расида, аз миёни сарчашмаҳои бешумори ҷамъовардааш намедонад, ки чӣ гуна берун ояду корро аз куҷо ва аз кадом бобу фасл идома диҳад (яқинан, унвонҷӯёни собиқ ва ё феълӣ маро мефаҳманд, чунки ин ҳолатҳо барояшон ошноянд), устод чун мунҷие аз роҳ расида, худ қалам ба даст мегирад ва шогирдро дубора аз ин инҳироф наҷот дода, дар масири аслии пажӯҳиш мегузораду то марҳилаи баъдӣ ҳамроҳаш роҳ мепаймояд... Бовар кунед, чунин исору фидокорӣ, ки касе аз он воқиф несту барояш гонорари иловагӣ ҳам дода намешавад, аз дасти ҳар устоде барнамеояд, ҷуз Худоӣ Шариф. Ва ҷолиб ин, ки барои ин ҳама роҳнамоию пуштибонию дастирӣ чизе аз шогирдон чашмдор нест. 

Ҳаргиз аз устод нашунидаам ва касе ҳам ба нақл аз эшон нагуфтааст, ки “фалониро ман одам кардаам”, “дасти фалониро ман рост кардаам”, “агар ман намебудам, фалонӣ ҳеҷ чиз намешуд” ва ба ин монанд ибораҳои миннатгузорона, ки мутаассифона аз баъзе устодон фаровон ба гӯш мерасанд. Зеро устод Худоӣ Шариф ин ҳамаро самимонаву холисона, барои пешрафти илм ва хизмат ба мардум анҷом медиҳад. Ӯ дар ҳақиқат мисдоқи олими воқеӣ, сарсупурдаи роҳи илм ва интишордиҳандаи донишу маърифат дар ҷомеа аст. 

Яке аз омилҳои муваффақияти устод дар мавриди омодасозии шогирдон ин хулуси нияти ӯст. Ҳаргиз шогирдеро барои касби шуҳрат ё касби даромад ва ё сирфан ба хотири боло бурдани омори шогирдон қабул намекунад. Барои ҳар кадомашон мавзӯъ ва барномаи мушаххаси корӣ дорад, саъй мекунад, ки ҳар кадом аз шогирдон равзана ё нимравзанае дар ҷодаи пажӯҳиш барои худ кушоянд ва пас аз соҳиб шудан ба унвони илмӣ чизе аз худ барои илми кишвар боқӣ гузоранд. Қатъиян розӣ намешавад, ки кори илмие танҳо ба хотири ба даст овардани унвон рӯи даст гирифта шавад. Бо ибораи, мутаассифона дар баъзе маҳфилҳои илмӣ маъмули “хай мешавад, ягон мавзӯи осонакак ё нотамоми каси дигарро гирифта ҳимоя кунед, унвон мешавад-ку, аз ду сар касе онро намехонад....” шадидан мухолиф аст. Ман худ шоҳид будаам, ки тарафдорони чунин андешаро ҳатто дидану шунидан ҳам намехоҳад. Зеро илм барояш муқаддас аст. Ин аст, ки ҳар як китобаш як асари мондагор, як пажӯҳиши илмӣ, як дастури таълимӣ ва як сарчашмаи арзишманд барои донишмандон дар Тоҷикистон ва берун аз он аст. Ин аст, ки имрӯз ҷойгоҳи воқеӣ ва пазируфташудаи устод дар миёни аҳли илм хеле болотару фаротар аз он унвонҳоест, ки ба ӯ дода шудааст. Ин аст, ки номи Худоӣ Шариф худ волотарин унвон барои соҳибаш ва баландтарин ифтихор барои шогирдон аст... Ва ин аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо номи Худоӣ Шариф менозад.

Абдуғаффор Камолов, 
номзади илмҳои филологӣ,
барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони 
Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

барчасп: