Валерий Аҳадов

АҲАДОВ Валерий Боқиевич. Аз ҷумлаи маъруфтарин ва муваффақтарин коргадонҳои синамои кишвар аст. 9-уми августи соли 1945 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушодааст.
     Хатмкардаи факултаи коргадонии Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскав (соли 1970). Котиб (солҳои 1976 – 78) ва котиби якуми Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (солҳои 1978 – 1986), коргадони киностудияи «Тоҷикфилм» (солҳои 1986 –1988), саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский (солҳои 1988 – 1991).
Аз соли 1991 дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ дорад. Дар офаридани филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ муваффақ гардидааст. Муаллифи сенария ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатии «Боқии мо», «Даҳаи дўстӣ», «Алла», «Манзараҳои Афғонистон», «Мирсаид Миршакар», «Хати монеаҳо», «Қадамҳо» ва ғайра мебошад.
Филмҳои бадеии телевизионии «Ташвишҳои оилаи Ғаюровҳо» (иборат аз 2 қисм), «Ба Трусковетс кӣ меравад?», «Хаёлоти фасли баҳор» (иборат аз 2 қисм), филми бадеии «Асрори оила» аз ҷумлаи офаридаҳои Валерий Аҳадов мебошанд.
Дар ҳамкорӣ бо кинематографистони маҷор филми бадеии «Дарвеши ланг»-ро таҳия намудааст, ки соҳиби чандин мукофот дар ҷашнвораҳои умумииттифоқию байналмилалӣ шудааст.
Дар филмҳои тоҷикии «Арўсу домод», «Хати парвоз» нақшҳои асосиро бозидааст.
Валерий Аҳадов дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳо таҳия намудааст. Солҳои 1993 – 2010 дар киностудияҳои Русия як силсила филмҳои бадеӣ таҳия намуд, ки «Чун ваъда додам, ман меравам», «Дил мебарад», «Ҳаёти шахсии шоҳдухтар», «Хонуми озод», «Занҳоро ранҷондан тавсия намешавад», «Таъсири гулхона», «Элегияи музофоти Москва», «Ҳангомаи суратгарӣ» аз ҷумлаи онҳоанд.
     Қисмате аз ин филмҳо дар киноҷашнвораҳои байналмилалию умумироссиягӣ сазовори мукофотҳо гардидаанд.
Валерий Аҳадов дар сохтани асарҳояш мекўшад зарурат ва  мубрамияти иҷтимоиро дар мадди аввал гузорад. Бештар ба моҳияти таззод, сабабҳои пайдоиши он таваҷҷўҳ мекунад. Ба асарҳое даст мезанад, ки олами равонии қаҳрамонҳоро таҷассум карда метавонанд. Аз ин лиҳоз унсурҳои равоншиносии асарҳои Аҳадов бараъло мушоҳида мешаванд.
Валерий Аҳадов дар Тоҷикистон ва кинематографияи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ягона коргардоне маҳсуб мешуд, ки бо ситораи синамои Фаронса Анни Жирардо чанд филм, аз ҷумла «Руф»-ро (истеҳсоли «Тоҷикфилм», соли 1991) рўи навор овардааст.