синамо

“Ба номи Ҳурмуз” аввалин филми мустанади тоҷикӣ дар бораи Наврӯз

Таърихи Наврӯз куҳан аст. Аммо Наврӯзи замони мо ҳам таърихи худро дорад. Замони Шӯравӣ на ҳамеша ин ҷашни ниёкон таҷлил мешуд ва дар баъзе мавридҳо ҳатто ба мушкил аз он ёдовар мешуданд.
Аввалин филми мустанад дар Тоҷикистон дар бораи бораи Наврӯзро коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ ба навор бардоштааст. Ин ҳам замоне буд, ки Наврӯз дар Тоҷикистони сотсиалистӣ эҳё мешуд. Бо талошҳои пайгирона филми мазкур бо унвони “Ба номи Ҳурмуз” рӯи навор омад.

барчасп: 

Маэстро Исфандёр Ғуломов

Ҳунарманди маъруф Исфандиёр Ғуломов тӯли солҳо бештар аз 80 нақш дар театр ва зиёда аз 50 нақши хотирмони дигар дар сенамо бозид.
Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди маъруф ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи сенамо ва театри тоҷик ҳафтаи гузашта ба синни мубораки 70 қадам монд. Исфандиёр Ғуломов даҳсолаҳост бо нақшҳои мондагораш дар саҳнаи театрҳои кишвар ва сенамои Тоҷикистону хориҷ аз он маъруфияти зиёд касб кардааст ва яке аз беҳтарин ҳунармандони кишвар аст.

барчасп: 

Бо Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов шинос шавед

Аз ҷумлаи беҳтарин ҳунармандони театр ва синамои кишвар аст. 7-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1960  факултаи актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст. Соли 1964 бошад курси олии коргардонии Академияи санъати шаҳри Маскавро хатм намудааст.
Аз соли 1960 то соли 1961 дар театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пушкин (ҳоло ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ)- шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) кор

барчасп: 

Артистони халқии РСС Тоҷикистон киҳояд?

Артисти халқии РСС Тоҷикистон - унвони фахрӣ, ки 28-уми марти 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. таъсис ёфтааст. Унвони мазкур ба ҳунармандон, коргардонҳои театру синамо, овозхонон, оҳангсозон, мутрибон, дирижёрон, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони санъат барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, синамофилмҳо, инчунин барои хидматҳои бузург ҷиҳати инкишоф ва омода сохтани кадрҳои санъати ҷумҳурӣ дода мешуд.

барчасп: 

Артистони халқии СССР аз Тоҷикистон


АРТИСТИ ХАЛҚИИ СССР, унвони фахрӣ, ки 6 сент. 1936 бо Укази Комитети Иҷроияи Марказии СССР таъсис ёфтааст.
Унвони мазкур ба барҷастатарин ходимони санъати халқҳои СССР, фаъолтарин намояндагони театр, мусиқӣ ва кинои шўравӣ дода мешуд.
Бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1991) унвон аз байн рафт. Нафарони зерин аз Тоҷикистон дар солҳои гуногун ба ин унвони фахрӣ мушарраф гардидаанд:

барчасп: 

Шоҳҷоизаи “Дидор” ба филм аз Афғонистон расид

Ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” дар панҷумин рӯзи ифтитоҳаш дар театри опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ, баъди зуҳри рӯзи панҷшанбе, 20-уми октябр боз ҳам дар ҳамин театр аз анҷоми кораш хабар дод.
Филми коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ “Чанд метри мукааб ишқ” шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии синамои “Дидор”-ро соҳиб шуд.
Ин киноҷашнвораи байналмилалӣ, ки рӯзи 16-уми октябр ифтитоҳ шуда буд, дирӯз дар театри опера ва балетаи ба номи устод Айнӣ бо ҳузури густардаи ҷамъе аз

барчасп: 

Страницы